Врачи работают с пациентами Covid-19 в отделении интенсивной терапии

Дар Эрон шумори мубталоён ба коронавирус боз афзоиш ёфт

1242
(Таҷдидшуда 13:22 10.05.2020)
Мақомоти Эрон таъкид доштааст, ки шумори мубталоён ба коронавирус ва бемории КОВИД-19 дар Эрон аз 106 ҳазор нафар фаротар рафт, аммо омори фавтидаҳо коҳиши ошкореро нишон медиҳад

ДУШАНБЕ, 10 май – Sputnik. Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ахиран дар бораи охирин омори мубталоён ба коронавирус дар Эрон ба хабарнигорон гуфт, дар 24 соати ахир, як ҳазору 529 бемори нав ба қайд гирифта шудааст, иттилоъ додааст радиои Садои Хуросон.

Бино бар иттилои манбаъ, Киёнуши Ҷаҳонпур афзудааст, ки то кунун дар Эрон 106 ҳазору 220 нафар ба коронавирус олуда шудаанд.

Вай афзудааст, дар Эрон то кунун 85 ҳазору 64 нафар аз мубталоён ба коронавирус дар Эрон беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо ҷавоб дода шудаанд.

Пирӯзӣ бар коронавирус?: мақомоти Эрон аз шифо ёфтани беш аз 81 ҳазор нафар хабар дод

Ҳамзамон Ҷаҳонпур илова кардааст, ки дар 24 соати ахир дар Эрон фавти 48 нафар ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи омори мақомоти Эрон дар маҷмӯъ дар Эрон аз коронавирус шаш ҳазору 589 нафар ба ҳалокат расидааст.

1242
Барчаспҳо:
коҳиш, фавт, бемор, вирус, Эрон
Карантин

Эҳтимоли шадид шудани қарантин дар Ӯзбекистон: сатҳи сироятшавӣ рӯ ба афзоиш аст

1539
(Таҷдидшуда 14:42 25.05.2020)
Дар Ӯзбекистон анқариб ҳамарӯза то 60 мавриди ҷадиди мубталошавӣ ба маризии коронавирус сурат мегирад

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Дар сурати бо чунин суръат афзоиш ёфтани мубталошавии ҳамарӯзаи шаҳрвандон ба коронавирус, қарантин боз шадидтар хоҳад шуд.

Дар ҳоле, ки чанде пеш дар аксар манотиқҳои Ӯзбекистон бинобар беҳбуд ёфтани вазъият дар робита ба авҷи коронавирус, маҳдудиятҳо то андозае сабуктар шуданд.

Дар ҳамин ҳол, муовини вазири тандурустии Ӯзбекуистон Баҳодур Юсупалиев мегӯяд, агар вазъият ба ҳамин минвол идома ёбад, қарантин дигарбора сахт хоҳад шуд.

Бухоро, панҷумин минтақаи Ӯзбекистон пурра аз коронавирус наҷот ёфт

Ба изҳори Юсупалиев, ҳамарӯза теъдоди мавориди нави мубталошавӣ то 60 ҳолат афзоиш меёбад. Муовини вазир далели афзоиш ёфтани мавридҳои нави сироятшавӣ аз коронавирусро  ба риоя накардани талаботи пешгирӣ аз паҳншавии ин вирус рабт дод.

Зимнан, Юсупалиев қайд намудааст, ки сироятшавӣ аслан миёни нафароне, ки ба ҷойи кори худ баргаштанд мушоҳида мешавад.

"Дар айни ҳол, мо бояд ҳушёр бошем. Бо фаро расидани тирамоҳ эҳтимол мавҷи дуюми хуруҷи ин маризӣ сар занад", - илова намудааст муовини вазир.

Ёдовар мешавем, ки қаблан мақомоти Ӯзбекистон карантини зидди паҳншавии коронавирусро дар кишвар то 1 июн тамдид карда буд.

1539
Барчаспҳо:
афзоиш, сироят, Узбакистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Пробирка с тестом на коронавирус в руках

Теъдоди дардмандони коронавирус дар Ӯзбекистон марзи 3 ҳазор маризро убур кард

218
(Таҷдидшуда 13:45 25.05.2020)
Дар Ӯзбекистон ҳамакнун теъдоди умумии маризони сироятии коронавирус ба беш аз 3 ҳазор нафар баробар шуд

ДУШАНБЕ, 25 мая — Sputnik. Дар ин кишвар давоми шабонарӯзи гузашта боз 16 ҳолати ҷадиди мубталошавӣ ба ин маризӣ сабт гардид, хабар медиҳад ситоди фаврии назди ҳукумати Ӯзбекистон.

Бо илова шудани 16 мавориди ҷадид, шумораи умуми дардмандон ба 3 180 нафар баробар шуд.

Манбаъ меафзояд, рӯзи гузашта дар Ӯзбекистон 49 ҳолат, рӯзи шанбе - 79 ва рӯзи ҷумъа 69 мавриди нав ба қайд гирифта шуд.

Тамдиди қарантина дар Ӯзбекистон ва афзоиши мубталоён ба коронавирус дар Қирғизистон

Бино бар маълумоти ситоди мазкур, феълан дар ин кишвар 602 бемори мубтало ба коронавирус таҳти табобат ва назорати амиқи табибон қарор доранд.

Пизишкони ӯзбек вазъи се маризи вируси COVID-19 - ро бисёр вазнин арзёбӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл Ӯзбекистон хабар дода буд, ки ду шаҳрванди Тоҷикистон низ бо аломатҳои маризии коронавирус дар дармонгоҳҳои ин кишвар ба табобат фаро гирифта шуданд.

218
Барчаспҳо:
афзоиш, теъдод, маризон, Узбакистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Доллары и чайник

Пул нест: касри буҷет дар чаҳор моҳ ба 60 миллион доллар расид

269
(Таҷдидшуда 02:47 26.05.2020)
Вазорати молияи Тоҷикистон ахиран эълон кардааст, ки буҷети кишвар давоми чаҳор моҳи соли равон наздик ба 60 миллион доллар расидааст

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Ҳаҷми умумии буҷети ҳукумати Тоҷикистон давоми чаҳор моҳи соли равон ба 6 миллиарду 823 миллион сомонӣ расидааст, ки бо касри 600 миллион сомонӣ (муодили 58 миллион доллар) рубарӯ шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”

Вазорати молияи Тоҷикистон далели ин касри буҷетро густариши вируси корона ба сабаби таътилии касбукорҳо ва коҳиши пардохти молиёт ва аворизи мухталиф унвон кардааст.

Хароҷоти буҷет соли - 2020: кадом бахшҳо муҳиманд

Коршиносони Вазорати молияи Тоҷикистон бо ишора ба авзои иқтисодии Тоҷикистон дар паи густариши вируси корона дар ин кишвар эҳтимоли касри 230 миллион долларии буҷети ҳукумат то поёни имсол пешбинӣ кандаанд. 

Ҳаҷми умумии бюджети ҳукумати Тоҷикистон дар соли равон, 26 миллиарду 100 миллион сомонӣ(муодили 2 миллиард 100 миллион доллар) аст.  

269
Барчаспҳо:
норасоӣ, Вазорати молия, пул, доллар, Тоҷикистон