Балво аз гуруснагӣ: эътирози хунин барои тақсими ноодилонаи маводди ғизоӣ дар Афғонистон

355
(Таҷдидшуда 18:12 10.05.2020)
Неруҳои амниятии Афғонистон дар вилояти Ғур ба сӯи тазоҳургарон, ки барои ноодилонаи тақсим кардани маводди ғизоӣ ва нони хушк ҷамъ омада буданд, тирандозӣ карда чандин нафарро кушта ва зихми карданд

ДУШАНБЕ, 10 май – Sputnik. Шумори куштаҳои тирпаронии неруҳои амниятӣ ба тазоҳуроти эътирозомез дар вилояти Ғури Афғонистон ба ҳафт нафар афзоиш ёфт, иттилоъ додааст ИРНО.

Тибқи иттилои манбаъ, даҳҳо тан аз мардуми камбизоати шаҳри Фирӯзкӯҳ, маркази вилояти Ғури Афғонистон рӯзи шанбе дар эътироз ба нотавонии мудирияти давлати Ашраф Ғанӣ дар кумакрасонӣ ба беморони КОВИД-19 ва хонаводаҳои ниёзманд, тазоҳурот карданд, ки бо хушунати неруҳои амниятӣ рӯбарӯ шуданд.

Манбаъ иттилоъ додааст, ки ин шаҳрвандон ба пахш кардани  ноодилонаи маводди ғизоӣ ва нони хушк эътироз доштанд.

Манбаъ афзуд, ки дар ин хушунат бо тирпаронӣ аз сӯи ду тараф, панҷ тан аз муътаризон ва ду полис кушта ва 19 муътариз ва 10 полис низ захмӣ шудаанд.

Қаблан шумори куштаҳо ду нафар эълом шуда буд.

Гуфта мешавад як хабарнигори маҳаллӣ низ дар ин тазоҳурот кушта шудааст.

Давлати Афғонистон дар пайи гузоришҳо бар асоси фақри густурдаи бархоста аз густариши коронавирус  ва бекории мардум, иқдом ба тавзеи нони хушк карда, ки аз Кобул- пойтахти Афғонистон оғоз шуда ва ба сурати тадреҷӣ дар вилоятҳо густариш ёфтааст, аммо бархе шаҳрвандон аз фасод дар раванди тавзеи нони хушк ба мустамандон шикоят доранд.

Бар асоси оморҳои расмӣ, то кунун 31 нафар дар вилояти Ғури Афғонистон ба коронавирус олуда шудаанд, ки аз ин миён танҳо ду нафар беҳбуд ёфтаанд.

355
Барчаспҳо:
захмӣ, кушта, тирандозӣ, маводи ғизоӣ, тазоҳурот, Афғонистон
Военнослужащие афганской национальной армии в провинции Кундуз, архивное фото

ДОИШ дар кишвари ҳамсоя боз аз худ хабар дод: ҳамла ба телевизиони Хуршеди Афғонистон

32
(Таҷдидшуда 03:24 01.06.2020)
Гурӯҳи террористии ДОИШ масъулияти таркиш дар масири худрави коркунони шабакаи телевизионии Хуршед дар шаҳри Кобул - пойтахти Афғонистонро бар уҳда гирифт

ДУШАНБЕ, 1 июн - Sputnik. Бар асари ин таркиш, ки асри рӯзи шанбе дар шаҳри Кобул рӯй дод  ду нафар аз ҷумла ду корманди шабакаи телевизионии Хуршед кушта ва шаш нафари дигар захмӣ шуданд, иттилоъ додааст Садои Хуросон.

Соли 2017 низ дар таркиш дар сохтмони хабаргузории Садои афғон (Ово) дар ғарби Кобул 50 тан кушта ва беш аз 90 тани дигар захмӣ шуда буданд.

Гурӯҳи террористии ДОИШ масъулияти он ҳамларо низ бар уҳда гирифта буд.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш бар асари ҳамлаи мусаллаҳонаи ҷангиёни Доиш ба яке аз таваллудхонаҳои Афғонистон дасти кам 14 афроди ғайримулкӣ. аз ҷумла ду навзод кушта шуданд.

 Ҳамзамон бо ин ҳамла, вилояти Нангарҳори Афғонистон хабар дод, ки ҳангоми маросими дафн дар пойтахти ин кишвар якчанд таркишҳо рух дода, беш аз 50 нафар кушта ё захмӣ шудаанд.

32
Барчаспҳо:
масъулият, Кобул, ҳамла, таркиш, Афғонистон, ДОИШ

Теъдоди дардмандони коронавирус дар Ӯбекистон аз 3,5 ҳазор гузашт

194
Вазорати тандурустии Ӯзбекистон дар робита ба маризии коронавирус омори нав нашр намуд. Бар тибқи маълумоти вазорат шумораи умумии беморон аз 3,5 ҳазор ҳам бештар шудааст

ДУШАНБЕ, 31 май— Sputnik. Дар Ӯзбекистон шумораи дардмандони маризии коронавирус дар ҳоли афзоиш аст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати тандурустии ин кишвар.

Тибқи иттилои вазорат, дар давоми як рӯзи охир дар Ӯзбекистон 8 ҳолати нави сироятшавӣ ошкор карда шуд, ки ҳамакнун сафи умумии маризон ба 3554 нафар расид.

"То 31 май шумораи ҳодисаҳои сирояти коронавирус дар Ӯзбекистон ба 3554 нафар баробар шудаастнафар аст", - таъкид мешавад дар хабар.

Қайд карда мешавад, ки як рӯз пеш дар ин кишвар 58 ҳолати нави коронавирус ба қайд гирифта шуда буд, рӯзи ҷумъа афзоиши он 44 нафар буд ва рӯзи панҷшанбе шумораи беморон якбора ба 75 нафар зиёд шуд.

Вазорати тандурустӣ илова кард, ки ҳоло 757 бемори коронавирус таҳти муолиҷа қарор доранд. Пизишкон вазъи саломатии нӯҳ маризро вазнин ва аҳволи як беморро шадидан вазнин арзёбӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки бурузи ин маризӣ дар Ӯзбекистон аз 12 - уми март шурӯъ шуд.

194
Барчаспҳо:
афзоиш, маризӣ, Узбакистон