Эрон омори охирро эълон кард: беш аз 86 ҳазор нафар аз вируси корона шифо ёфтанд

© Sputnik / Anton Bystrov / Гузариш ба медиабонкЖители Тегерана в медицинских масках на одной из улиц города
Жители Тегерана в медицинских масках на одной из улиц города - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи омори ахири мақомоти вазорати тандурустии Эрон дар ин кишвар 86 ҳазору 143 нафар мубталоён ба коронавирус шифо ёфта, аз бемористон ба хонаҳояшон баргаштанд

ДУШАНБЕ, 10 май – Sputnik. Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ахиран ба хабарнигорон гуфтааст, ки то кунун дар ин кишвар 86 ҳазору 143 нафар аз мубталоён ба коронавирус беҳбуд ёфта, аз бемористонҳо мураххас шудаанд, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей"

Врачи работают с пациентами Covid-19 в отделении интенсивной терапии - Sputnik Тоҷикистон
Дар Эрон шумори мубталоён ба коронавирус боз афзоиш ёфт

Пирӯзӣ бар коронавирус?: мақомоти Эрон аз шифо ёфтани беш аз 81 ҳазор нафар хабар дод

Вай афзуд, ки дар Эрон дар 24 соати гузашта 1383 бемори ҷадид ба қайд гирифта шуд.

“То кунун бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, 107 603 нафар дар Эрон ба коронавирус мубтало шудаанд”, - таъкид доштааст Ҷаҳонпур.

Паёми ҳамбастагии мардуми Тоҷикистон бо Эрон дар мубориза ба коронавирус

Вай ҳамзамон гуфт, ки дар 24  соати ахир фавти 51 нафар сабт шудааст. Дар ҳамин ҳол шумори фавтидагон аз коронавирус дар Эрон ба 6 ҳазору 640 нафар расидааст.

Лентаи хабарҳо
0