Заместитель председателя правительства РФ Татьяна Голикова

Фавт дар Русия аз COVID -19 нисбат ба дигар кишварҳои ҷаҳон 7,4 маротиба камтар аст

444
(Таҷдидшуда 21:33 11.05.2020)
Ноиби сарвазири Русия Татяна Голикова дар бораи вазъияти коронавирус дар ҳудуди Федератсияи Русия гуфт

ДУШАНБЕ, 11 май – Sputnik. Фавт дар Русия аз коронавирус нисбат ба дигар кишварҳои ҷаҳон 7,4 маротиба камтар аст, гуфт ноиби сарвазири Русия Татяна Голикова.

"Мехостам ҳамчунин қайд кунам, ки камшавии гирифторони бемории пневмония аз 25 дарсад то 20,7 миёни сироятшудагон ва кӯтоҳ шудани муҳлат аз гириторӣ то бистарӣ шудан то 9 баробар, даст дод, ки фавт камтар шавад", - гуфт Голикова.

Вале ба гуфти ноиби сарвазир бо ин ҳама ором шудан набояд: бояд кӯшиш кард, то гирифторшавӣ низ ба ин беморӣ кам шавад. Зиёда аз ин, риояи маҳдудиятҳо, ки ба хотири пешгирии паҳншавии коронавирус ҷорӣ шудаанд, кафолати зудтар баромадан аз қарантина хоҳад буд.

Ҳамагирии коронавирус

Коронавируси навъи COVID-19 ҳамакнун дар 187 кишвари ҷаҳон паҳн шудааст. Бино ба гузоришҳои Созмони ҷаҳонии беҳдошт, дар саросари ҷаҳон беш аз 3,9 миллион кас ба ин беморӣ олуда шуда, 274 ҳазор нафари онҳо ҷон бохтанд.

Дар баробари ин тибқи таҳлилҳои Донишгоҳи Ҷон Хопкинс (ИМА), шумораи сироятшудагон дар ҷаҳон марзи 4,1 миллионро убур карда, 282 728 кас қурбони он шуду 1,4 миллион кас шифо ёфт.

Аз рӯи фавт ҳамакнун ИМА дар ҷои аввал мебошад.

444
Барчаспҳо:
вируси нав, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (485)
Медсестра ухаживает за пациентами в больнице

Фавти як дардманди дигари коронавирус дар Қирғизистон: шумораи қурбониён ба 17 расид

129
Дар Қирғизистон фавти нав аз маризии коронавирус сабт шудааст. Бо иловаи фавти ҷадид теъдоди қурбониёни ин маризӣ ба 17 нафар баробар шуд

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Дар вилояти Нарини Қирғизистон як зани 79 - сола, ки гирифтори маризии сироятии коронавирус буд, ба ҳалокат расид.

Ба иттилои муовини вазири тандурустии ин кишвар Нурболот Усенбоев, зани солхӯрдаро ҳанӯз 13 - уми май бистарии беморхона намуданд.

Марҳум дар баробари мубтало шудан ба коронавирус, ҳамзамон аз маризии қалб ва фишорбаландӣ низ азият мекашидаст.

"Вазъи саломатии бемор рӯзи 30 - юми май бад шуда, санаи 1 - уми июн пизишкон ӯро ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст карданд", - шарҳ додааст муовини вазири тандурустӣ.

Усенбоев таъкид кард, ки бо вуҷуди талошҳои зиёди пизишкон қалби ӯ аз тапидан бозмонд.

Тамдиди қарантина дар Ӯзбекистон ва афзоиши мубталоён ба коронавирус дар Қирғизистон

Ҳамакнун теъдоди умумии қурбониёни маризии сироятии коронавирус дар Қирғизистон ба 17 нафар баробар шуд.

Гузашта аз ин, дар Қирғизистон ҷамъан 1845 ҳолати сироятшавӣ ба ин маризӣ сабт гардидааст. Аллакай 1219 нафар пас аз шифо ёфтан аз дармонгоҳҳои ин кишвар мураххас шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ба таври расмӣ бурузи ин маризиро санаи 30 - юми апрел эълон карданд ва то кунин аз ин беморӣ тибқи маълумотҳои расмӣ 47 нафар ба ҳалокат расиданд.

129
Барчаспҳо:
маризӣ, фавт, Қирғизистон
Мавзуҳо:
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Сотрудники погранслужбы на контрольно-пропускном пункте на границе Кыргызстана и Казахстана

Таниш дар марзи Ӯзбекистону Қирғизистон: мақомот гуфтушунид мекунанд

177
Рӯзи гузашта сокинони манотиқи марзии ду кишвар бо якдигар даргир шуданд. Мақомот мегӯянд, вазъият таҳти назари онҳост

ДУШАНБЕ, 1 июн – Sputnik. Кубатбек Боронов муовини вазири Қирғизистон ва Абдулло Орипов нахуст вазири Ӯзбекистон ба далели даргирӣ дар манотиқи марзии байни сокинони Боткенти Қирғизистон ва минтақаи Сухи Ӯзбекистон бо якдигар музокара мекунанд, гузориш медиҳад "Парс тудэй" .

Бино бар иттилои манбаъ, баррасии иллати даргирии ахир дар манотиқи марзии Ӯзбекистон ва ва Қирғизистон меҳвари дидори масъулони ду кишвар хоҳад буд.

Илова бир ин, тарафайн бо сокинони манотиқи мазкур дидор ва иттилооте дар бораи вазъияти марзҳои муштарак ва иқдомот барои ҳифзи субот ироа хоҳанд кард. 

Рӯзи гузашта сокинони манотиқи марзии ду кишвар бо якдигар даргир шуданд.

Бино бар иттилои расмӣ, феълан вазъият таҳти контрол аст ва мақомоти расмӣ дар ҷиҳати оддисозии вазъият иқдом мекунанд.   

Таниш дар марзи ин ду кишвар дар ҳолест, ки чанде пеш, дар рӯзи таҷлили Иди Рамазон, 24 май дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон низ як баҳси шадид ба миён омад. Намояндагони марзбонии ҳарду кишвар гуфтанд, ба сари мизи гуфтушунид менишинанд.

Вазъи сарбози маҷрӯҳшудаи тоҷик дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон хуб арзёбӣ мешавад

 

177
Вспышка коронавируса в Китае

Associated Press:: Чин додани маълумот оид ба коронавирусро ба СҶБ рад кард

0
(Таҷдидшуда 01:10 04.06.2020)
Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар нахустин лаҳазот аз мақомоти Чин дар бораи паҳншавии коронавирус ва ҳолати беморон маълумот гирифта натавонист

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Дар оғози авҷи шиддати нави коронавирус, Чин пешниҳоди иттилооти муҳимро дар бораи ин беморӣ ба Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ қасдан таъхир кард, хабар додаастхабар медиҳад Associated Press бо истинод ба сабти гуфтугӯҳои дохилии ТУТ.

Мушкилот бахусус дар ҳафтаи аввали моҳи январ шадид буд.

"Онҳо (мақомоти Чин - таҳрир.) онро (маълумот - таҳрир) ба мо 15 дақиқа пеш аз он ки он дар (телевизиони чинӣ – таҳрири) CCTV пайдо шавад, доданд",- гуфт Годен Галеа намояндаи ТУТ дар Чин, дар як маҷлиси дохилӣ.

Дар ҷаласаи дигари ТУТ, эпидемиолог Мария ван Керчов қайд кард, ки ин ташкилот ҳадди аққали маълумот дар бораи коронавирус ва сар задани беморӣ дорад. Аз ҷумла, дар бораи шумораи мубталоён ва ҳолати онҳо маълумоте набуд.

Вобаста ба вазъ дар миёнаи моҳ, намояндаи СҶТ оид ба ҳолатҳои фавқулода  Майкл Райан пешниҳод намуд, ки ба Чин фишор оварда шавад, то такрори вазъияти соли 2002 ҳангоми сар задани синдроми шадиди роҳи нафаскашӣ (SARS) пешгирӣ карда шавад.

"Дақиқ  ҳамон сенарияи пешина, талошҳои бепоён барои дарёфти иттилоъ аз Чин, ки чи рух дода итсиодааст", гуфт ӯ.

Associated Press ҳамчунин қайд мекунад, ки дар аввал, Чин ба Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ маълумот дар бораи геноми коронавирус, ки аз ҷониби якчанд лабораторияҳои ҳукумат рамзкушоӣ  карда шудаанд, пешниҳод накардааст.

Қаблан низ Доналд Тарам, президенти Амрико Чинро дар маҳфуз нигоҳ доштани иттилоъ дар бораи коронавирус муттаҳам карда, гуфт, агар маълум шавад, ки Пекин "дидаю дониста" маълумоти марбут ба коронавирусро пинҳон кардааст, Чин "ба ҷавобгарӣ кашида мешавад".

Раҳбари Амрико таъкид кард, ки ин вируси хатарнокро пеш аз пандемия дар Чин метавонист қатъ кард, аммо ҳоло тамоми ҷаҳон аз он дар азоб аст.

Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Ухани Чин пайдо карданд.

Охирҳои моҳи декабр пизишкони шаҳри мазкур аз зуҳури бемории илтиҳоби шуши шубҳанок хабар доданд, ки пештар ба қайд гирифта нашуда буд.

Дертар маълум гардид, ки манбаи бемории мазкур вируси нави навъи 2019-nCoV будааст, ки сирояткунанда мебошад.

Вирус зуд берун аз шаҳр ва кишвар паҳн гардид. Феълан гирифторони короноврус қариб  дар саросари ҷаҳон ба қайд гирифта шудаанд.

Бар пояи оморҳо ахир, дар саросари ҷаҳон зиёда аз 6,46 миллион нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд ва 382 ҳазор бемор аз сироят вафот карданд.

0