Пограничный пост Максат в Лейлекском районе Баткенской области.

Изҳороти Мадумаров дар парлумон: Қирғизистон як гузаргоҳро бо Тоҷикистон мебандад

709
Ҷониби Қирғизистон мехоҳад то ба эътидол овардани вазъ дар марзи байни ду кишвар як гузаргоҳашро бо Тоҷикистон масдуд кунад

ДУШАНБЕ, 12 мая — Sputnik. Қирғизистон тасмим гирифтааст, ки дар марз бо Тоҷикистон як гузаргоҳашро масдуд кунад, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Тавре муовини сарвазири кишвар Акрам Мадумаров дар маҷлиси ахири парлумони кишвар гуфтааст, ин амалро ҳамчун фишанги иқтисодӣ истифода мебарад.

"Байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 16 гузаргоҳи марзӣ аст, ки то соли 2018 тариқи он чизеро намегузарониданд. Феълан, дар вилояти Суғд аз марз бо Қирғизистон вобастагие аст. Дар байни 2-3 рӯз мо гузаргоҳи "Қайрағоҷ"-ро мебандам. Худи онҳо (ҷониби Тоҷикистон, идора) низ дар робита бо паҳншавии коронавирус дар ин бора ба мо муроҷиат карда буданд", - гуфтааст Мадумаров.

Аммо, қайд кардааст, муовини сарвазир, гузаргоҳи "Қизил-Бел"-ро намешавад баст, зеро дар миён тавофуқҳои байналмилалӣ ҳастанд.

"Набояд фаромӯш кард, ки шаҳрвандони мо низ бо тиҷорат машғуланд ва молро тариқи марз мегузронанд. Бо истифода аз фишанги иқтисодӣ, мо метавонем ба шаҳрвандони худ низ зарар расонем, барои ҳамин феълан танҳо як гузаргоҳро мебандем", - афзудааст вай.

Ёдрас мешавем, 8 май дар байни Қирғизистону Тоҷикистон таниши навбатии марзӣ рух дод, ки сабаби он қитъаи замини дар масофаи 50 сотиқ буд.

Нахуст байни сокинон ҷанҷол сар зад , аммо ҷониби Қирғизистон аз яроқ истифода кард. Дар натиҷа марзбонони тоҷик низ оташ кушоданд.

 

709
Карантин в Узбекистане

Карантин дар Ӯзбкистон тамдид шуд: то 15 июн

139
(Таҷдидшуда 18:33 30.05.2020)
Дар қисматҳои "сабз" аз рӯзи душанбе аллакай майдонҳои варзишӣ, санаторияҳо, меҳмонхонаҳо ва урдугоҳҳо ба фаъолият медароянд

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Дар Ӯзбекистон карантин то 15 июни соли равон тамдид шуд. Қарори мазкур аз ҷониби комиссияи мубориза бо коронавирус қабул шудааст.

"Чораҳои маҳдудкунанда ба хотири паҳншавии камтари вируси корона дар Ӯзбекистон то 15 июн тамдид шуд", - гуфта мешавад дар шабакаи телеграмии Вазорати адлия.

Ӯзбекистон бинобар афзоиши COVID-19 қарантинаро шадидтар мекунад

Мувофиқи қарори комиссия дар қисматҳои "зард" кори ташкилотҳое, ки ба омода кардани ронандаҳо, мақомоти давлатӣ ва марказҳои хизматрасонӣ оғоз хоҳад шуд.

Дар қисматҳои "сабз" аз рӯзи душанбе аллакай майдонҳои варзишӣ, санаторияҳо, меҳмонхонаҳо ва урдугоҳҳо ба фаъолият медароянд.

Пойтахти Ӯзбекистон пурра карантин шуд: гирифторони коронавирус дар ин кишвар меафзояд

"Дар баробари ин чорабиниҳо танҳо дар миқёси маҳалли зист баргузор карда мешаванд ва шумораи меҳмонон набояд аз 30 нафар бештар бошад", - омадааст дар хабарнома.

Ёдрас мешавем, ки аз 1 апрел то 1 июн мақомоти Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд ва дигар манотиқи кишвар чораҳои маҳдудкунандаро ҷорӣ кард.

Ва аз 30 апрел қисман низоми шадидро сусттар кард.

139
Барчаспҳо:
тамдид, вируси нав, Ӯзбекистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Такси, архивное фото

Ронандаи рус духтари тоҷикро дар Маскав аз таҷовуз наҷот дод

3479
(Таҷдидшуда 11:47 30.05.2020)
Ба телефони ҳамроҳи ронандаи таксӣ дар Маскав номаҳои ҳаргуна меомаданд, аввал ӯ фикр кард, ки касе ӯро аҳмақ мекунад

ДУШАНБЕ, 30  май — Sputnik. Ронандаи таксӣ дар Маскав Дмитрий Филин тоҷикдухтари 24-соларо аз дасти таҷовузгарон наҷот дод, нақл мекунад нашриёти "Метро".

Бомдод барои ронандаи таксӣ чун ҳамешагӣ бо қабули фармоиш оғоз шуд. Ӯ соати 4-и саҳар фармоиш гирифту ба ҷои муқарраршуда ҳаракат кард.

Ронанда даррав безобита шуд, чун дар баробари фармоиш ба ӯ номаҳои зиёде мемомад, вале ҳатто дар сурати холӣ будани роҳҳо Дмитрий дар навбати аввал таваҷҷӯҳи худро ба роҳ банд мекунад.

"Ин духтар аз ман ёрӣ мехост, дар аввал ман нафаҳмидам ӯ чӣ мехоҳад. Баъд ӯ пурсид, оё ман номаҳоро мехонам ё не. Баъд навишт: "Маро дар ин ҷо ба зӯрӣ нигоҳ медоранд ба ҳамин суроға милисаҳоро ҷеғ занед". Ман худам пас аз 5 дақиқа аллакай дар ҷои ҳодиса шудам", - нақл мекунад Дмитрий.

Мувофиқи суроғаи таъкидшуда ронанда ба истгоҳи мошинҳои зери маркази савдо дар Троитск расид, вале духтарро он ҷо наёфт ва боз ба чат таваҷҷӯҳ кард, то суроғаро санҷад.

"Ман суроғаро намедонам, намедонам дар куҷоям, илтимос ба милисаҳо занг занед", - навишта буд ӯ. Мумкин ӯ дар ҷое худро пинҳон карда буд, чун бисёр зуд ба номаҳо ҷавоб менавишт. Ман ба ӯ гуфтам, ки дар суроғаи ту фақат мағозае аён аст. Пасон ӯ дар бораи кадом муҳоҷирону вагонҳову сохтмонҳо нақл кард. Ӯ боз ба ман навишт - "Ман тоҷикам". Вақте ӯ гуфт "Маро таҷовуз мекунанд", - фаҳмидам кӣ кор ҷиддист.

Дмитрий ҳамон лаҳза ба мақомоти пулис муроиҷат кард ва ҳамаи номаҳоро дар ихтиёри онҳо гузошт, вале пас аз чанде номаҳо дастнорас шуданду фақат доду войи духтар шунида мешуд. Мақомоти пулис дарҳол ба ҷои ҳодиса ҳозир шуд.

Баъди як соат милисаҳо ба ронанда занг зада гуфтаанд, ки гунаҳкорон дастгир шуданду духтар наҷот ёфт. 

"Ман ба эҳсосот дода нашудам. Коре кардам, ки ҳар кас ҳам дар ҷоям мебуд, анҷом медод. Ва вақте, ки ба ман гуфтанд духтар дар амон аст, ман ба корам идома додам", - гуфт Дмитрий.

Дар ширкате, ки Дмитрий Филин кор мекунад, гуфтанд "чунин ронандаҳо қаҳрамонанд" ва ваъда доданд, ки ба ӯ мукофот хоҳанд дод.

3479
Барчаспҳо:
таҷовузи ҷинсӣ, таҷовуз, наҷотдиҳӣ, Маскав
Строительство аквапарка в Варзобе

Ширкати чинӣ даст кашид: Ҳукумати Хуҷанд гуфт, сокинон то охири сол соҳиби хона мешаванд

0
(Таҷдидшуда 22:31 30.05.2020)
Ҳукумати шаҳри Хуҷанд сокинонеро, ки заминҳои наздиҳавлигиашон барои бунёди "Чайна тавн" тахриб шуда буд, муҳоҷирони экологӣ номида, гуфтааст, ки онҳо то охири соли равон соҳиби манзил мешаванд

ДУШАНБЕ, 30 мая — Sputnik. Шаҳрдории Хуҷанд дар пайи нашри гузориш дар бораи боз истодани сохтмони шаҳраки чинӣ дар Хуҷанд посухе навишта, ба сокинон ваъдаи манзил кардааст. 

Манбаъ, ин қазияро айби ширкати чинӣ хондаву сабабшро ин иқдоми ширкатро баланд будани сатҳи оби зеризаминии мавзеъ гуфтааст.

"Бояд қайд намоем, ки ин сохтмон на бо айби МИХД шаҳри Хуҷанд, балки дар асоси даст кашидани ширкати чинӣ аз оғози сохтмон рӯйи кор омадааст. Ширкати чинӣ омили асосии даст кашидани сохтмони шаҳракро бинобар баланд будани сатҳи оби зеризаминӣ дар мавзеъи сохтмон арзёбӣ карда, аз ҷиҳати иқтисодӣ идомаи онро зери суол қарор бурд", - омадааст дар изҳороти шаҳрдорӣ.

Манбаъ таъкид мекунад, кииҷорапулии сокинонро феълан шаҳрдорӣ пардохт мекунад.

Шаҳрдорӣ хабар медиҳад, ки баъди бекор намудани қарори вобастакунии замин ба ширкати "Ҳусноро1" ҳанӯз соли гузашта дар маҳалаи 18-уми шаҳри Хуҷанд ба сохтмони бинои истиқоматиии 9 ошёна барои мардуме, ки аз ширкати чинӣ ноумед шуданд, оғоз карда шуда, шаҳрдорӣ барои ин 27 миллион сомонӣ ҷудо кардааст.

"Бино бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бунёд гардида, аз 9 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Дар умум 72 манзили истиқоматӣ иборат аз 1,2,3-хуҷрагӣ бунёд мегардад. Қисмати асосии бино бунёд шудааст. Интизор меравад, ки бинои мазкур соли ҷорӣ мавриди истифода қарор гирифта, шаҳрвандони номбурда соҳиби манзили истиқоматӣ хоҳанд шуд", - тавзеҳ медиҳад шаҳрдорӣ.

Гуфта мешавад, тибқи нақшаи генералии шаҳр, заминҳе, ки барои "Чайна тавн" ҷудо шуда буданд, ба ихтиёри шаҳрдорӣ гирифта шуда, дар зудтарин фурсат дар ин макон мавзеъи истироҳату фароғат ва дигар инфрасохтори шаҳрдорӣ бунёд карда мешавад.

Ваъдаҳои хушку интизории чорсола: чаро “China Town” дар Хуҷанд сохта нашуд?

0