Афзоиши сироятёби ва фавт аз вируси корона дар Покистону Афғонистон

345
(Таҷдидшуда 14:26 14.05.2020)
Шумори мубталоён ва ҷонбохтагони вируси корона дар Покистон ва Афғонистон ба маротиб афзоиш ёфт

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Вазорати тандурустии Покистон теъдоди мавориди нави мубталоён ба вируси корона дар 24 соати гузаштаро 2255 нафар эълон кард , ба ин тартиб омори кули мубталоён ба 34 ҳазору 370 нафар расид, иттилоъ додааст радиои бурнмарзии Садои Хуросон.

Вазорати тандурустии Покистон ҳамчунин аз сабти 31 мавриди марги нави ноши аз вируси Корона хабар дод ,ки шумори умумии ҷонбохтагон дар ин кишвар ба 737  нафар афзоиш ёфт.

Ин афзоиш дар ҳоле аст ,ки давлати Покистон маҳдудиятҳои Каронаиро дарин кишвар ба тадриҷ коҳиш дода ва ҳам акнун марказҳои тиҷорӣ ва бозорҳо дар саро сари Покистон ба сурати маҳдудият фаолияти худро аз сар гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол Вазорати тандурустӣ ва дармони Афғонистон ахиран эълон кард, бо сабти 259 мавриди нав афроди олуда ба вируси Корона дар ин кишвар, шумори ҳамаи мурдаҳо ба панҷ ҳазору дусаду бисту шаш нафар расид.

Ҳамчунин бо марги панҷ нафари дигар дар Афғонистон ноши аз вируси Корона, шумори мурдаҳо дар ин кишвар бар асари ин вирус ба саду сивуду нафар афзоиш ёфт.

345
Барчаспҳо:
шумор, афзоиш, вирус, фавт, Покистон, Афғонистон
Президент Кыргызской Республики Сооронбай Жээнбеков

Сооронбой Жээнбеков барои таҷлили Рӯзи Пирӯзӣ ба Маскав меравад

134
(Таҷдидшуда 18:43 28.05.2020)
Гузашти низомӣ ба муносибати Рӯзи Пирӯзӣ дар Маскав рӯзи 24 июн баргузор мешавад. Рӯзи таҷлили ид дар Маскав чораҳои амниятӣ шадид мешавад

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik. Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар гузашти низомӣ ба муносибати 75-умин солгарди Рӯзи Пирӯзӣ ширкат хоҳад кард, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Ин хабарро раҳбари хадамоти матбуотии президент, Толгонай Стамалиев таъйид кардааст.

Ёдрас мешавем, ки имсол ба далели паҳншавии коронавируси навъи COVID - 19 таҷлили оммавии Рӯзи Пирӯзӣ дар Русия, ки ҳамасола рӯзи 9 май, баргузор мешуд, лағв шуд.

Президенти Русия Владимир Путин, рӯзи 26 май фармон дод, ки омодагӣ барои таҷлили 75-умин солгарди Пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватаниро дар пойтахти Русия шаҳри Маскав ва дигар шаҳрҳо оғоз шавад.

Беш аз миллион нафар аз 60 кишвари ҷаҳон суруди "Рӯзи Пирӯзӣ" - ро сароиданд - видео

Ӯ қайд кард, ки рӯзи 24 июн барои таҷлили ин иди бузург рӯзи мувофиқ аст, чун маҳз дар ин таърих нахустин бор соли 1945 гузашти низомии қаҳрамонон баргузор шуда буд.

Дақиқаи хомӯшӣ барои поси хотири қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Дар баробари ин президент ба вазири дифоъ Сергей Шойгу фармуд, то замони таҷлили ид амнияти шаҳрвандон қатъиян таъмин шавад ва хатари сироятёбӣ ба коронавирус дар он рӯз кам карда шавад.

134
Барчаспҳо:
ҷашни рӯзи Ғалаба, Маскав, сафар, Сооронбой Жээнбеков, Маскав
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Открытие нового здания хирургии в районе Шахристан, архивное фото

Талоши табибони Исфара барои ҳифзи саломатии Шукрона, ки дар марз тир хурд

421
(Таҷдидшуда 19:35 28.05.2020)
Табибони бемористони марказии шаҳри Исфара талош доранд, дар пайи роҳандозӣ намудани ҷарроҳӣ захмҳои аз тир бардоштаи Шукрона Шароповаро тадовӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 28 май – Sputnik. Ба гуфтаи манобеъ, Шаропова аз дирӯз ба ин тараф дар шуъбаи эҳёгарии бемористон қарор дорад ва дар назар аст табибони шаҳри Исфара барои наҷоти ӯ аз захми тир имрӯз то пагоҳ амалиёти ҷарроҳиро ба иҷро расонанд.

Бино ба хабари расмӣ Шукрона Шаропова (Муътабархонуми Зуҳриддин) сокини 25 солаи маҳаллаи Қақири ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ мебошад, ки дирӯз соати 11:55 дақиқа аз сӯи шаҳрванди Қирғизистон дар марз аз зарби тир маҷруҳ шуд.

Ба иттилоъи манобеъи Sputnik Тоҷикистон ин ҷавонзани тоҷик аз ноҳияи рости тахтапушташ захмин шудааст. Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон низ дирӯз бо нашри як изҳорот рухдоди тирпарронӣ дар марзро шарҳ дода, гуфтааст, ки дар ин кор шаҳрванди Қирғизистон Бахтибеков Соат, сокини деҳаи Куктоши ҷамоати деҳоти Оқсой муқассир аст.

"Ин амали иғвоангезонаи сокини ҶҚ нишонаи кӯшиши ба таври сунъӣ ноором кардани вазъият дар хати сарҳади давлатӣ арзёбӣ мегардад, ки метавонад вокуниши ҷавобиро аз ҷониби сокинони наздисарҳадӣ дар ин минтақаи ҳассос барангезад", - омадааст дар иттилоия.

Баъди рухдоди ҳодиса, дирӯз мақомоти расмии ду давлат дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, барои мушаххас намудани ҷузъиёти қазияи бамиёномада миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидаанд.

Шукрона Шаропова ҳоло дуюмин нафарест, дар сарҳади миёни Исфара бо Қирғизистон захмин шуда ва зери тадовии духтурон қарор дорад. Қушунҳои сарҳадии КДАМТ рӯзи 24-уми май аз захмин шудани пойи сарбози қаторӣ Зоиров Давлатёр Миронбекович, соли таваллудаш 2001 дар пайи як муноқиша бо сарҳадбонони қирғиз дар ҳудуди деҳаи Пули Офтобрӯяи ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара хабар дода буд.

Вышка на пограничном посту Максат в Лейлекском районе Баткенской области.
© Фото / пресс-служба правительства / Алишер Алиев

Бар пояи иттилоъи мақомоти Тоҷикистон, ин муноқиша тавре рух додааст, ки шуморе аз қирғизҳо бар хилофи созишномаҳои қаблан ба имзо расида вориди минтақаи то ҳол аломатгузоринашудаи қаламрави Тоҷикистон шуда, бо сокинони наздимарзии шаҳри Исфара ҷанҷол барангехтаанд.

"Ҷониби қирғиз ба ҷойи риояи иҷрои созишномаҳои дуҷониба, ки аломатгузориро дар минтақаҳои баҳснок мушаххас мекунад, ба маҳалли ҳодиса қувваҳои иловагии сарҳадбононро сафарбар карда, ба сӯи сокинони бесилоҳи деҳаи Пули Офтобрӯя аз яроқи оташфишон тирпаронӣ намуд. Дар натиҷаи тирпаронии сарҳадбонони қирғиз, сарбози қаторӣ Зоиров Давлатёр Миронбекович, соли таваллудаш 2001 аз пояш захм бардоштааст", - омадааст дар изҳороти КДАМ.

Ба иттилоъи манобеъи Sputnik Тоҷикистон, ҳоло вазъи саломатии ин сарбози тоҷик хуб шуда, ӯ аз шуъбаи эҳё ба шуъбаи осебшиносии бемористон интиқол ёфтааст. Ҳоло ин чандумин мавриди захминшавии сокинон дар муноқишаҳои чанд вақти охир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба ҳисоб меравад.

Фазлиддин Фозилови 37 сола ҳам яке дигар аз сокинони ҷамоати Чоркӯҳ аст, ки то рухсат шудан ба манзилаш, чанд рӯзро барои тадовии захмҳояш дар бемористон сипарӣ кард. Ӯ дар муноқишаи марзии рӯзи 8-уми май аз тири яроқи шикории марзбонони қирғиз захм бардошта ба бемористон интиқол дода шуд.

Дар ин рӯз ба ҳисоби Фозилов, Аёмиддин Шарипов сокини 49 солаи Чоркӯҳ ҳам ҳадафи сангпартоии қирғизҳо қарор гирифту чанд ҷои сараш аз зарби сангандозии қирғизҳо лат бардошт ва баъди интиқолёбӣ дар бемористон осори санг дар баданаш бартараф шудааст.

Тавре қаблан, Иқбол Тешаев, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ин ихтилоф дар марз бо қирғизҳо дар ҳоле сар мезанад, ки сокинони маҳаллаи Чеки ноҳияи Бодканд "худсарона ва дидаву дониста" ба марзи Тоҷикистон, заминҳои саҳроии маҳаллаи Қуммазори ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ворид шуда, 60 сотих замини як қитъаи 4 гектараро, ки ҷуворимакка кишт шуда буд, ғасб кардаанд.

Дар идомаи муноқиша, ба қавли ҳамсӯҳбати мо, тақрибан соати 17. 05 – и бегоҳии рӯзи 8 май, аввалан миёни сокинони маҳаллаҳои наздисарҳадӣ ҷанҷоли лафзӣ сурат гирифт, ки баъдан ба сангпартоӣ табдил ёфт ва дар натиҷа Саймиддин Шаропов аз сар ҷароҳати сахт бардошта, ба шифохона интиқол ёфт.

"Аммо дар як фурсати кам зиёда аз 80 сокини ноҳияи Бодканд таҳти пуштибонии неруҳои марзбонии Қирғизистон ва 10 милитсионери қирғиз муноқишаро тақвият бахшида, бо истифода аз силоҳи шикорӣ ба сӯи сокинони Қуммазори Исфара тир кушоданд. Дар натиҷа Фазлиддин Фозилов ҷароҳати вазнин бардошта, ба беморхонаи шаҳри Исфара интиқол дода шуд”, - гуфта буд, Иқбол Тешаев.

Тайибаю Шукрона ҳамсинфони ҳамтақдир: ҳар ду дар марз тир хурдаанд.

Аммо тирхурии Шукрона дар пайи муноқишаи марзӣ дар ҳолест, ки ахиран Тайиба Сафарова, як ҷавонзан ва ҳамсинфи мактабии ӯ низ дар моҳи декабри соли 2019 аз тири шикории ҷониби қирғизҳо маҷрӯҳ шуда буд.

Дар шарҳи ҳодисаи захминшавии ин сокини он замон 24 солаи деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи Исфара мақомот гуфта буданд, ки "Тайиба Сафарова тақрибан соати 9:45 дақиқа аз хона барои овардани об баромада, ҳадафи тири камони шикорӣ қарор гирифтаст. Тир аз хонаи Файзулло Назаров, сокини деҳаи Қоқ-тоши Қирғизистон холӣ карда шудаст".

Тайиба Сафарова ҳамроҳ бо Шукрона Шаропова дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 25 и ҷамоати Чоркӯҳ таҳсил кардаанд. Аз он замон то ин ҷониб рухдоди муноқишаҳои марзиро як амали иғвобарангезонаи ҷониби қирғизҳо маънидод мекунанд.

Тоҷикистону Қирғизистон ду ҳамсоякишвар, ки то ба ҳол ба тақсими одилонаи хатти марз комёб нашудаанд. Даҳҳо километри марз миёни ин ду кишвар то ба ҳол муайян ва аломатгузорӣ нашуда боқӣ мондааст. Чунин номуайянӣ, то ин дам ба рухдоди муноқишаву танишҳо бар сари тақсими замину об дар марз боис шудааст.

421
Барчаспҳо:
саломатӣ, Исфара, марз, тир, Хуҷанд
Мавзуҳо:
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон
День 29 мая

Ҷашнҳои рӯзи 29 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 20:45 28.05.2020)
Рӯзи бисту нуҳуми май дар Ҷумҳурии Доминикан Рӯзи модар таҷлил мешавад. Ин рӯз ҳамчунин рӯзи автомобилронони ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия, буда дар Ҷумҳурии Қирғизистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад

Рӯзи 29 май дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1923 Иттифоқи ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфтааст.

День 28 мая
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1964 Никита Хрушов эълон намуд, ки Иттиҳоди Шӯравӣ барои аксбардории ҳудуди ИМА аз спутник-ҷосус истифода мебарад.

Соли 2002 Ассамблеяи генералии СММ қатънома қабул намуд, ки тибқи он имрӯз дар тамоми ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии сулҳофарон ҷашн гирифта мешавад.

Рӯзи 29 май дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1992 муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Озарбойҷон барқарор карда шуданд.

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии Гуфтугӯи минтақавии сиёсӣ байни сегонаи Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ бо иштироки вазирони корҳои хориҷии ин кишварҳо баргузор гардид.

Соли 2010 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар робита ба садамаи қатораҳои мусофиркашон, ки муҷиби талафоти бузурги ҷониву хисороти бузурги молӣ гашт, ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пратибха Патил барқияи тасаллият ирсол намуданд.

Соли 2012 Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 20 – солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатии байни ду кишвар ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи табрикотӣ ирсол карданд.

Соли 2015 «Стратегияи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020» қабул гардид.

Сли 2015 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» байни ҳам қувваозоӣ намуданд.

Соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конференсияи шашуми ҳамкории минтақавии Русия ва Тоҷикистон доир шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 29 май

  • Дар Ҷумҳурии Доминикан —  Рӯзи модар.
  • Рӯзи автомобилронони ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия.
  • Дар Ҷумҳурии Қирғизистон — Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ.
0
Барчаспҳо:
таърих, ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 25 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 23 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 26 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 27 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 28 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 24 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон