Пробирка с коронавирусом 2019-nCoV

Дар Қазоқистон 307 ҳолати нави гирифторшавӣ ба коронавирус сабт гардид

223
Дар Қазоқистон 307 ҳолати нави гирифторшавӣ ба маризии коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ки аз ҳама беш ҳолати мубталошавӣ ба ин беморӣ дар Алмаато сурат гирифтааст

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Танҳо дар шаҳри Алмаато 93 ҳолати нави сироятшавӣ ба COVID-19 сабт гардидааст, хабар медиҳад ситоди фаврии назди ҳукумати ин кишвар.

Манбаъ меафзояд сатҳи гирифторшавӣ ба ин маризӣ дар Қазоқистон ба 5,2 дарсад иборат аст.

Бояд гуфт, ки дар қаламрави ин кишвар ҷамъан 6157 нафар ба маризии коронавирус мубтало гардиданд. Дасти кам 2980 нафар пас аз гирифторӣ ба ин дард шифо ёфтанд, аммо 34 маризи дигар дар мубориза бо вирус оҷиз буда, ҷон аз даст доданд.

Дар Қазоқистон як зани садсола аз коронавирус шифо ёфт

Дар ҳамин ҳол, сатҳи гирифторшавӣ ба маризии коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯ ба афзоиш аст.

Бар тибқи Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 16 - уми май 204 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт гардидааст.

"То 16 май дар мамлакат 1322 нафар бо ташхиси сирояти коронавирус ошкор гардида, аз ин беморӣ 36 нафар фавтидаанд".

Фавти 36 мариз дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон нахустин ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирусро дар кишвар расман 30 - юми апрел эълон намуда буд.

223
Барчаспҳо:
маризӣ, Қазоқистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (412)
Карантин

Эҳтимоли шадид шудани қарантин дар Ӯзбекистон: сатҳи сироятшавӣ рӯ ба афзоиш аст

1557
(Таҷдидшуда 14:42 25.05.2020)
Дар Ӯзбекистон анқариб ҳамарӯза то 60 мавриди ҷадиди мубталошавӣ ба маризии коронавирус сурат мегирад

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Дар сурати бо чунин суръат афзоиш ёфтани мубталошавии ҳамарӯзаи шаҳрвандон ба коронавирус, қарантин боз шадидтар хоҳад шуд.

Дар ҳоле, ки чанде пеш дар аксар манотиқҳои Ӯзбекистон бинобар беҳбуд ёфтани вазъият дар робита ба авҷи коронавирус, маҳдудиятҳо то андозае сабуктар шуданд.

Дар ҳамин ҳол, муовини вазири тандурустии Ӯзбекуистон Баҳодур Юсупалиев мегӯяд, агар вазъият ба ҳамин минвол идома ёбад, қарантин дигарбора сахт хоҳад шуд.

Бухоро, панҷумин минтақаи Ӯзбекистон пурра аз коронавирус наҷот ёфт

Ба изҳори Юсупалиев, ҳамарӯза теъдоди мавориди нави мубталошавӣ то 60 ҳолат афзоиш меёбад. Муовини вазир далели афзоиш ёфтани мавридҳои нави сироятшавӣ аз коронавирусро  ба риоя накардани талаботи пешгирӣ аз паҳншавии ин вирус рабт дод.

Зимнан, Юсупалиев қайд намудааст, ки сироятшавӣ аслан миёни нафароне, ки ба ҷойи кори худ баргаштанд мушоҳида мешавад.

"Дар айни ҳол, мо бояд ҳушёр бошем. Бо фаро расидани тирамоҳ эҳтимол мавҷи дуюми хуруҷи ин маризӣ сар занад", - илова намудааст муовини вазир.

Ёдовар мешавем, ки қаблан мақомоти Ӯзбекистон карантини зидди паҳншавии коронавирусро дар кишвар то 1 июн тамдид карда буд.

1557
Барчаспҳо:
афзоиш, сироят, Узбакистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (412)
Пробирка с тестом на коронавирус в руках

Теъдоди дардмандони коронавирус дар Ӯзбекистон марзи 3 ҳазор маризро убур кард

220
(Таҷдидшуда 13:45 25.05.2020)
Дар Ӯзбекистон ҳамакнун теъдоди умумии маризони сироятии коронавирус ба беш аз 3 ҳазор нафар баробар шуд

ДУШАНБЕ, 25 мая — Sputnik. Дар ин кишвар давоми шабонарӯзи гузашта боз 16 ҳолати ҷадиди мубталошавӣ ба ин маризӣ сабт гардид, хабар медиҳад ситоди фаврии назди ҳукумати Ӯзбекистон.

Бо илова шудани 16 мавориди ҷадид, шумораи умуми дардмандон ба 3 180 нафар баробар шуд.

Манбаъ меафзояд, рӯзи гузашта дар Ӯзбекистон 49 ҳолат, рӯзи шанбе - 79 ва рӯзи ҷумъа 69 мавриди нав ба қайд гирифта шуд.

Тамдиди қарантина дар Ӯзбекистон ва афзоиши мубталоён ба коронавирус дар Қирғизистон

Бино бар маълумоти ситоди мазкур, феълан дар ин кишвар 602 бемори мубтало ба коронавирус таҳти табобат ва назорати амиқи табибон қарор доранд.

Пизишкони ӯзбек вазъи се маризи вируси COVID-19 - ро бисёр вазнин арзёбӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл Ӯзбекистон хабар дода буд, ки ду шаҳрванди Тоҷикистон низ бо аломатҳои маризии коронавирус дар дармонгоҳҳои ин кишвар ба табобат фаро гирифта шуданд.

220
Барчаспҳо:
афзоиш, теъдод, маризон, Узбакистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (412)
Сотрудник полиции выстраивает в очередь мигрантов

Фаврӣ: Тоҷикистон шаҳрвандонашро марҳила ба марҳила аз Русия, ба Ватан бармегардонад

138
Сафорати Тоҷикистон дар Русия эълон дошт, марҳила ба марҳила муҳоҷирони меҳнатие, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии қарор доранд, ба Ватан баргардонида мешаванд

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Русия таъкид дошт, ки бо дастури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нақшаи тадриҷан ва марҳила ба марҳила бо роҳҳои ҳавоӣ ва заминӣ ба Ватан баргардонидани шаҳрвандоне, ки ба илллати пандемия COVID- 19 дар хориҷа дармондаанд, амалӣ мегардад.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия қайд намудааст, ки дар марҳилаи аввал барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии (МНМШХ) Русия тайи се моҳи охир қарор доранд, тамаркуз карда шудааст.

Супоришҳои вазири меҳнат ба намояндагиҳо дар Русия барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирон

“Дар ин росто, тайи рӯзҳои охир ва давоми ҳафтаи ҷорӣ дар мувофиқа бо мақомоти Русия ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатӣ мондаанд, ба Ватан баргардонида мешаванд”,- эълон кардааст сафорат.

Инчунин масъулини сафорат таъкид доштанд, ки айни замон масъалаи бозгардонии дигар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия дар баррасии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ қарор дорад.

“Масъалаи мазкур аз фароҳам овардани шароити зарурӣ, аз ҷумла омода будани ҷойҳои кофӣ барои карантин ё муроқибати тиббӣ вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, аз ҳамватанони дар Русия қарордошта хоҳиш карда мешавад, ки хабарҳоро роҷеъ ба парвозҳо ба самти Тоҷикистон дар сомона ва дигар зарфиятҳои интернетии расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сафорати Тоҷикистон дар Россия ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ пайгирӣ намоянд”,- иттилоъ додааст сафорат.

Сафорат зикр ҳамзамон зиер кардааст, ки дар сурати ба миён омадани суолҳо ва масъалаҳои ҳалталаб шаҳарвандон метавонанд тавассути телефонҳои доимиамалкунандаи Сафорат ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар Русия тамос гиранд.

138
Барчаспҳо:
баргардонӣ, шаҳрванд, Ватан, муҳоҷир, сафоратхона, Тоҷикистон