Муҷассамаи мусаввир ва наққоши тоҷик Камолиддин Беҳзод дар боғи Куруши Кабири шаҳри Душанбе

Дастури раисҷумҳур: номгузории хиёбоне дар шаҳри Тошканд ба номи Камолиддин Беҳзод

776
(Таҷдидшуда 12:26 07.06.2020)
Бо дастури раисҷумҳури Ӯзбекистон яке аз хиёбонҳои шаҳри Тошканд ба номи Камолиддин Беҳзод номгузорӣ хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 7 июн – Sputnik. Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон дастур дод то бурсияи (стипендия) таҳсилӣ ва ҷоизае ба номи Камолиддин Беҳзод ба шахсони фарҳангӣ ва илмии кишвар эъто шавад, иттилоъ додааст АКИпресс.

Ҳамчунин раисҷумҳури Ӯзбекистон дастури номгузории хиёбоне дар Тошканд ба номи Камолддин Беҳзодро содир кард.

Бар асоси ин фармони раисҷумҳури Ӯзбекистон имсол маросими пансаду шасту  панҷумин солгарди зодрӯзи Беҳзод баргузор мешавад.

Тибқи сомонаи Википедия Камолиддин Беҳзод, бузургтарин мусаввир, наққош ва минётурнигори тоҷик, ки дар Шарқ бо номи ифтихории “Монии Сонӣ”  ва дар Ғарб бо номи “Рафаэли Шарқ” шӯҳрат дорад. Муосиронаш ӯро  “қоиди мусаввирон”, “ягонаи  замона”  ва “нодири даврон” ном бурдаанд.

Камолиддини Беҳзод тақрибан соли 1455 дар Ҳирот ба дунё омадааст. Аз хурдӣ аз падар ятим монда, таҳти сарпарастии китобдори китобхонаи шоҳии Ҳирот – Амир Руҳуллоҳ Мирак тарбия ёфта, маҳорати   худро такмил медиҳад ва охири солҳои 70 асри 15 дар китобхонаи султон Ҳусайни Бойқаро мустақилона ба ороиши китоб ва мусаввирӣ машғул мешавад. 

776
Барчаспҳо:
шаҳр, кӯча, номгузорӣ, дастур, Шавкат Мирзоев, Раисҷумҳур, Тошканд
Вице-премьер Узбекистана Уктам Барноев

Вируси сархур: бар асари COVID-19 муовини сарвазири Ӯзбекистон даргузашт

0
(Таҷдидшуда 15:39 20.09.2020)
Имрӯз дар шаҳри Тошканд бар асари вируси корона муовини сарвазири Ӯзбекистон Уктам Барноев даргузашт

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Имрӯз муовини сарвазири Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои рушди аграрӣ ва ҳифзӣ амнияти ғизоӣ Уктам Барноев даргузашт, иттилоъ додааст хабаргузории UzNews.uz дар истинод ба наздикони ӯ.

Гуфта шудааст, ки муовини сарвазири Ӯзбекистон дар сини 56-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Тибқи иттилои расмӣ Уктам Барноев бар асари вируси корона даргузаштааст.

Таъкид шудааст, ки муовини сарвазири Ӯзбекистон дер боз аз вируси корона дар Олмон табобат мегирифт. Як ҳафта пеш ӯро ба як бемористонҳои шахсӣ дар Осиёи Марказӣ Аkfa Medline, ки дар шаҳри Тошканд воқеъ аст, интиқол доданд.

Уктам Барноев соли 1964 ба дунё омадааст. Ӯ хатмкунандаи Донишкадаи муҳандиси обёрӣ ва механизатсияи хоҷагии қишлоқи Тошкандро хатм кардааст.

Оқои Барноев дар солҳои 2000 то соли 2002 дар вазорати кишоварзӣ ва захираҳои оби Ӯзбекистон дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда кору фаъолият кардааст.   

Солҳои 2007 то 2008 Барноев ба ҳайи муовини аввали вазири кишоварзӣ ва захираҳои обӣ Ӯзбекистон кор кард. Сипас пас аз ин дар давоми ду сол Ҳокими вилояти Самарқанд кор кардааст.  Ҳамзамон ӯ соли 2016 ба ҳайси Ҳокими вилояти Бухоро низ кор кардааст.

Аз 6 июли соли 2020 ба вазифаи раиси Федератсияи аспарварӣ ва варзиш аспи Ӯзбекистон таъйин шуда буд.

0
Барчаспҳо:
Тошканд, муовини сарвазир, даргузашт, вируси корона, Ӯзбекистон
Таджикская птицефабрика

Шуюи зукоми парандагон дар Қазоқистон

31
(Таҷдидшуда 14:45 20.09.2020)
Вазорати кишоварзии Қазоқистон аз шуюи зуком(Influenza)-и парандагон дар манотиқи мухталифи устони Қазоқистони шимолии ин кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Ба гузориши "Парс тудэй", вазорати кишоварзии Қазоқистон аз шуюи зукоми парандагон дар 7 минтақаи устони Қазоқистони Шимолӣ хабар дод.

Бар асоси ин гузориш, дар 7 минтақаи устони Қазоқистони Шимолӣ аз 9 то 16 сентябр марги анвои мухталифи парандагони хонагӣ сабт шуда, ки бар асоси таҳқиқоти Маркази миллии ташхис, иллати марги ин парандагон зукоми шадид будааст.

Қазоқистон мутобиқ бо қавонини тасвибшуда дар мавриди шуюи ин навъи беморӣ ба Созмони ҷаҳонии беҳдошти ҳайвонот хабар додааст.

Тибқи гузориши вазорати кишоварзии Қазоқистон, Кумитаи контрол ва назорат бар домпзишкии ин кишвар ба сурати муваққат содироти мурғи зинда ва тухми мурғ, пари мурғ, гӯшти мурғ ва анвои маҳсулоти омодашуда аз парандагон, маводи ғизоии парандагон ва ҳамчунин таҷҳизоти нигаҳдорӣ ва зибҳи ононро дар манотиқи олуда, мамнӯъ кардааст.

Қазоқистон парвозҳои мунтазамро бо Русия ва 6 кишвари дигар барқарор мекунад

Қазоқистон ҳамчунин ба далели зукоми парандагон маҳдудиятҳои марзӣ бо Русия эъмол кардааст, аммо ба гуфтаи коршиносон ва донишмандон, ин беморӣ натанҳо аз тариқи содироти колоҳои муртабит, балки аз тариқи парандагони муҳоҷири ваҳшӣ низ метавонад густариш ёбад.

 

31