Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Афзоиши фавт ва сироятшавӣ ба маризии коронавирус дар Қирғизистон

© Sputnik / Александр Гальперин / Гузариш ба медиабонкМедицинский работник в госпитале, архивное фото
Медицинский работник в госпитале, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустии Қирғизистон мегӯяд, шабонарӯзи ахир боз 29 ҳолати нави сироятшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардид

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Бо илова шудани 25 ҳолати ҷадид, сафи дардмандони маризии сироятии коронавирус ба 2032 нафар баробар шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии Қирғизистон.

Медсестра ухаживает за пациентами в больнице - Sputnik Тоҷикистон
Фавти як дардманди дигари коронавирус дар Қирғизистон: шумораи қурбониён ба 17 расид

Ба иттилои муовини вазири тандурустӣ Нурболот Ҳусейнбоев, шабонарӯзи ахир як бемори дигар аз маризии коронавирус фавтид.

Сабаб коронавирус: Қирғизистон тадбирҳои амниятӣ дар марз бо Тоҷикистонро шидидтар кард

"Марҳум сокини вилояти Нарин буда ба худдармонӣ машғул шудааст", - тавзеҳ додааст муовини вазири тандурустӣ.

Ба гуфтаи ӯ зани 67 - сола муддати се рӯз дар хонаи худ табобат гирифта, дар ҳолати вазнин ба беморхона интиқол дода шудааст.

"Пизишкон ташхиси ӯро гирифторӣ ба COVID -19  арзёбӣ карданд ва ин беморӣ дар бадани зан аллакай дар шакли вазнин мегузашт. Табибон натавонистанд ҷони ӯро аз марг наҷот диҳанд", - афзуд муовини вазир.

Ба ҳамин минвол, дар Қирғизистон ҷамъан 23 маризи коронавирус ба ҳалокат расиданд.

Қаблан намояндагони Вазорати тандурустӣ аз риоя нашудани қоидаҳои эпидемиологӣ миёни мардум изҳори нигаронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки агар шаҳрвандон аз баргузории тӯй ва иштирок дар маросими азодорӣ даст накашанд, тадобири пешгирӣ аз паҳншавии маризии коронавирус боз шадидтар мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0