Мақомоти Қирғизистон аз вазъияти хатарноки вируси корона дар кишвар эълон кард

1192
(Таҷдидшуда 03:31 14.06.2020)
Муовини вазири умури хориҷаи Қирғизистон гуфт, шуюъи корона дар ин кишвар ҳамчунон хатарнок аст ва бояд усули беҳдоштӣ риоят шавад

ДУШАНБЕ, 14 июн - Sputnik. Нурболо Эсанбоев, муовини вазири умури хориҷаи Қирғизистон, таъкид доштааст, ки ҳар рӯз шумори мубталоён ва омори даргузаштагони “Ковид -19” афзоиш меёбад ва дар сурате, ки мардум усули беҳдоштиро риоят накунанд, талошҳои пизишкон бесамар хоҳад шуд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Муовини вазири умури хориҷаи Қирғизистон бо эъломи 38 мавриди коронаи ҷадид дар ин кишвар гуфт, шумори мубталоён дар ин кишвар ба ду ҳазору 93 нафар расид ва то кунун 26 нафар фавт кардаанд.

Ҳамзамон вай афзуд, ки 409 пизишк низ ба корона мубтало шуданд, ки 294 нафар аз онон беҳбуд ёфтанд.

Бояд қайд кард, ки нахустин мавриди вируси корона дар Қирғизистон 18 марти соли ҷорӣ сабт шуд ва пас аз ин дар ин кишвар қарантинаи умумӣ ва ҳатто дар бархе манотиқ вазъияти фавқуллода ҷорӣ шуд.

1192
Барчаспҳо:
хатарнок, беҳдошт, муовини вазир, мақомот, вирус, Қирғизистон
Президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев, архивное фото

Тоқаев бо ҷамъи шаҳрвандони Қазоқистон хотири қурбониёнро пос доштанд - навор

71
Нимаи дуюми рӯз, раисҷумҳур, мансабдорону вакилон, пизишкон ва шаҳрвандони оддӣ ба кӯчаҳо баромаданд, то хотири қурбониёни COVID - 19 -ро пос бидоранд

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Дар Қазоқистон имрӯз Мотами миллӣ эълон гардидааст. Дар робита ба ин, раисҷумҳур Қосим - Жомарт Тоқаев бо ҷамъи мансабдору вакилон, пизишкону шаҳрвандони оддӣ, хотири қурбониёни маризии коронавирусро пос доштанд.

Гуфта мешавад, дар сартосари Қазоқистон имрӯз парчамҳо поён фароварда шуда, ҳамчунин баргузории тамоми чорабиниҳои фароғатӣ манъ карда шудааст.

Дар Қазоқистон ба хотири қурбониёни COVID-19 мотами миллӣ эълон шуд

Sputnik Қазоқистон хабар медиҳад, ки соати 12: 00 дақиқа, назди майдони Акорд, раисҷумҳур, мансабдорон ва аъзоёни сенат ҷамъ омада, барои поси хотири қурбониён чанд лаҳза сукутро ихтиёр карданд.

Гузашта аз ин, пизишкон низ барои поси хотири ҳампешагони худ ба кӯчаҳо баромаданд. Таъкид мешавад, ки дар дасти аксар пизишкон расми нафароне буд, ки қурбони ин маризӣ гардидаанд.

Аз оғози пандемия дар Қазоқистон қариб 60 ҳазор ҳолати сироятшавӣ ба коронавирус ошкор карда шуд.  Беш аз 34 ҳазор нафар шифо ёфтанд, аммо 375 нафар қурбон шуданд.

71
Барчаспҳо:
навор, мотами миллӣ, Қазоқистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Афзоиши рекордии гирифторони COVID - 19 дар Ӯзбекистон

1469
(Таҷдидшуда 14:54 12.07.2020)
Рӯзи панҷум мешавад, ки дар Ӯзбекистон шумораи рекордии сироятшудагон ба бемории коронавируси навъи COVID - 19 сабт мешавад

ДУШАНБЕ, 12 июл – Sputnik. Дар Ӯзбекистон шумораи рекордии гирифторони вабои аср ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Вазорати беҳдошти ин кишвар.

Бар пояи омори ин ниҳод дар давоми 24 соати гузашта дар ҳудуди Ӯзбекистон 500 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавруси навъи COVID - 19 ба қайд гирифта шуд. Шумораи умумии беморон аз 12,7 ҳазор кас бештар шуд.

"То 12 июли соли равон дар ҳудуди Ӯзбекистон 12 706 кас аз бемории коронавирус сироят шудааст", - омадааст дар хабарнома.

Қайд мешавад, ки давоми панҷ рӯзи охир теъдоди гирифторони ин маризӣ дар ҳоли афзоиш аст: 11 июл 483 ҳолат, 10 июл - 464, 9 июл - 421, ва 8 июл – 379.

Тибқи иттилои манбаъ, шумораи умумии шифоёфтагон дар Ӯзбекистон  7,7 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар ҳоли ҳозир 4,9 ҳазор маризи COVID-19 таҳти назорати пизишкон қарор доранд.

Духтурон мегӯянд, ҳоли 45 шаҳрванд вазнин буда, авзоъи боз ҳафт бемори дигар ваҳим арзёбӣ мешавад.

Дар баробари ин дар давоми шабонарӯзи гузашта дар Ӯзбекистон се нафар аз коронавирус фавтид.

Дар умум аз рӯзи аввали сабти ин беморӣ дар қарамрави Ӯзбекистон то кунун 58 нафар қурбони ин вабо шудааст.

 

Дар Ӯзбекистон дар робита ба дубора авҷ гирифтани бемории коронавирус то 1 август ҳаракати нақлиёт манъ карда шуда, барои ашхоси аз 65-сола боло ҳамарӯза ва барои дигар қисми аҳолӣ рӯзҳои истироҳат қарантина эълон шудааст.

1469
Барчаспҳо:
афзоиш, гирифторони беморӣ, вируси нав, Ӯзбекистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Журналисты, архивное фото

Додситонии кул ба рӯзноманигорон ҳисобот медиҳад

0
(Таҷдидшуда 17:01 13.07.2020)
Рӯзи 14 июл чор ниҳоди давлатӣ дар доираи иҷрои амри раисиҷумҳури Тоҷикистон ба хабарнигорон дар бораи фаъолияташон дар 6 моҳи гузашта иҷозат медиҳанд

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Додситонии кул, Кумитаи рушди маҳали назди Президент, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва  Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории Тоҷикистон аз ҷамъбасти фаъолияташон дар нимсолаи аввали соли 2020 нишасти матбуотӣ баргузор мекунанд.

"Роҳбарияти Прокуратураи генералӣ соати 09:00 дар маҷлисгоҳи Прокуратураи генералӣ ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист соати 11:00 дар Кумитаи мазкур ба суолҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма посух медиҳанд", - хабар дод Ховар.

Манбаъ афзуд, нишастҳои матбуотии Кумитаи рушди маҳал соати 09:00 ва  Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ соати 11:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуривии "Ховар" баргузор мешаванд.

Таъкид шудааст, ки бо назардошти аз байн нарафтани хавфи мубталошавӣ ба коронавирус, ба диққати масъулин ва иштирокчиёни нишастҳои матбуотӣ расонида мешавад, ки талаботи муайяннамудаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19-ро қатъиян риоя намоянд.

Нишастҳои матбуотии роҳбарони идораҳои давлатӣ соле ду бор дар доираи дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон баргузор мешаванд.

0
Барчаспҳо:
рӯзноманигорон, амри президент, нишасти хабарӣ, Тоҷикистон