Манзараҳои зебои Тоҷикистон метрои Тошкандро оро доданд

754
(Таҷдидшуда 15:51 16.06.2020)
Истгоҳи нави метро дар Тошканд бо сурати рӯидевории манзараҳои шаҳрҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон оро ёфтанд

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Расонаҳои Ӯзбекистон дар истинод ба ширкати "Роҳҳои роҳҳои оҳани Ӯзбекистон" хабар доданд, ки дар ду метрои нави Тошканд - "Туркистон" ва "Юнусобод" корҳои сохтмониву таъмир ба фарҷом расиданд.

Гуфта мешавад, дар ороиши истгоҳи нав аз тарҳҳои замонавиву нақшу нигори қадим истифода кардаанд.

Дар як ҷониби истгоҳ манзараҳои маконҳои таърихӣ ва зебои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон кашида шудаанд.

Дар рӯ ба рӯи ин манзараҳо суратҳои рӯидевории шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Хоразм, Қашқадарё, Сурхандарё, Ҷизах, Сирдарё истгоҳро оро медиҳанд.

Новая станция "Юнусабад" ташкентского метро

Ёдрас мешавем, ҳанӯз соли 2017 расонаҳои Ӯзбекистон хабар доданд, ки дар кишвар истгоҳи метроеро ба номи шоири шаҳири тоҷик Мирзо Турсунзода мегузоранд.

Метрои Тошканд 40 сол пештар, соли 1967 сохта ба истифода дода шуда буд. Он аз чор хат иборат буда, ҳоло тарҳи  хатҳои иловагии он омода мешавад.

Сокинони Тошканд дар метро таронаҳои Ғалабаро суруданд

Ҳукумати Ӯзбекистон ба нақша гирифтааст, ки ҳати ҳалқаии метроро бо 35 истгоҳ бунёд кунад.

 

754
Президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев, архивное фото

Тоқаев бо ҷамъи шаҳрвандони Қазоқистон хотири қурбониёнро пос доштанд - навор

68
Нимаи дуюми рӯз, раисҷумҳур, мансабдорону вакилон, пизишкон ва шаҳрвандони оддӣ ба кӯчаҳо баромаданд, то хотири қурбониёни COVID - 19 -ро пос бидоранд

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Дар Қазоқистон имрӯз Мотами миллӣ эълон гардидааст. Дар робита ба ин, раисҷумҳур Қосим - Жомарт Тоқаев бо ҷамъи мансабдору вакилон, пизишкону шаҳрвандони оддӣ, хотири қурбониёни маризии коронавирусро пос доштанд.

Гуфта мешавад, дар сартосари Қазоқистон имрӯз парчамҳо поён фароварда шуда, ҳамчунин баргузории тамоми чорабиниҳои фароғатӣ манъ карда шудааст.

Дар Қазоқистон ба хотири қурбониёни COVID-19 мотами миллӣ эълон шуд

Sputnik Қазоқистон хабар медиҳад, ки соати 12: 00 дақиқа, назди майдони Акорд, раисҷумҳур, мансабдорон ва аъзоёни сенат ҷамъ омада, барои поси хотири қурбониён чанд лаҳза сукутро ихтиёр карданд.

Гузашта аз ин, пизишкон низ барои поси хотири ҳампешагони худ ба кӯчаҳо баромаданд. Таъкид мешавад, ки дар дасти аксар пизишкон расми нафароне буд, ки қурбони ин маризӣ гардидаанд.

Аз оғози пандемия дар Қазоқистон қариб 60 ҳазор ҳолати сироятшавӣ ба коронавирус ошкор карда шуд.  Беш аз 34 ҳазор нафар шифо ёфтанд, аммо 375 нафар қурбон шуданд.

68
Барчаспҳо:
навор, мотами миллӣ, Қазоқистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Афзоиши рекордии гирифторони COVID - 19 дар Ӯзбекистон

1465
(Таҷдидшуда 14:54 12.07.2020)
Рӯзи панҷум мешавад, ки дар Ӯзбекистон шумораи рекордии сироятшудагон ба бемории коронавируси навъи COVID - 19 сабт мешавад

ДУШАНБЕ, 12 июл – Sputnik. Дар Ӯзбекистон шумораи рекордии гирифторони вабои аср ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Вазорати беҳдошти ин кишвар.

Бар пояи омори ин ниҳод дар давоми 24 соати гузашта дар ҳудуди Ӯзбекистон 500 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавруси навъи COVID - 19 ба қайд гирифта шуд. Шумораи умумии беморон аз 12,7 ҳазор кас бештар шуд.

"То 12 июли соли равон дар ҳудуди Ӯзбекистон 12 706 кас аз бемории коронавирус сироят шудааст", - омадааст дар хабарнома.

Қайд мешавад, ки давоми панҷ рӯзи охир теъдоди гирифторони ин маризӣ дар ҳоли афзоиш аст: 11 июл 483 ҳолат, 10 июл - 464, 9 июл - 421, ва 8 июл – 379.

Тибқи иттилои манбаъ, шумораи умумии шифоёфтагон дар Ӯзбекистон  7,7 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар ҳоли ҳозир 4,9 ҳазор маризи COVID-19 таҳти назорати пизишкон қарор доранд.

Духтурон мегӯянд, ҳоли 45 шаҳрванд вазнин буда, авзоъи боз ҳафт бемори дигар ваҳим арзёбӣ мешавад.

Дар баробари ин дар давоми шабонарӯзи гузашта дар Ӯзбекистон се нафар аз коронавирус фавтид.

Дар умум аз рӯзи аввали сабти ин беморӣ дар қарамрави Ӯзбекистон то кунун 58 нафар қурбони ин вабо шудааст.

 

Дар Ӯзбекистон дар робита ба дубора авҷ гирифтани бемории коронавирус то 1 август ҳаракати нақлиёт манъ карда шуда, барои ашхоси аз 65-сола боло ҳамарӯза ва барои дигар қисми аҳолӣ рӯзҳои истироҳат қарантина эълон шудааст.

1465
Барчаспҳо:
афзоиш, гирифторони беморӣ, вируси нав, Ӯзбекистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Здание администрации города Хорог, архивное фото

Ниқоб пӯшеду фосиларо нигоҳ доред: идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар Бадахшон

0
(Таҷдидшуда 15:54 13.07.2020)
"Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим" барои пешгирӣ аз паҳншавии маризии коронавирус дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Бо мақсади пешгирии бемории COVID-19 мутахассисони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар дар байни аҳолӣ  корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондаанд, хабар медиҳад агентии Ховар.

Ба иттилои манбаъ, чунин як чорабинии оммафаҳмонӣ аз ҷониби кормандони ин муассиса дар ВМКБ гузаронида шуд.

Зимни вохурӣ аз сокинони ин вилоят даъват ба амал оварданд, ки аснои сайругашт дар кӯчаҳо ҳатман ниқоби тиббӣ пӯшанд ва ҳамзамон фосилаи иҷтимоиро риоя кунанд.

Дастури президент: Ширин Исматуллозода ба ВМКБ сафар кард

Қобили зикр аст, ки чунин чорабиниҳои оммафаҳмонӣ аз ҷониби мутахассисони марказҳои ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар низ доир гардида истодаанд.

Ёдрас мешавем, чанде пеш, баҳри пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва табобати он ширкати "Хрустал"  ба  муассисаҳои тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  кумаки навбатӣ расонид, ки он аз  либосҳои бисёркаратаи муҳофизатӣ, ниқобу маҳлулҳои зиддисептикӣ ва доруворӣ иборат мебошад.

Даргузашти шоира Гулнисои Ризвоншо

Сардори раёсати тандурустии  вилоят Фарид Музаффаров гуфт, ки ин ширкат ба муассисаҳои табобатии вилоят 10 ҳазор ниқоб, 179 дона либосҳои бисеркаратаи муҳофизатӣ, маҳлулҳои зиддисептикию доруворӣ  тақдим  намудааст.

Ба изҳори ӯ, ҳамаи ин маводҳо дар анборхона захира карда мешаванд ва дар ҳолати зарурӣ ба муассисаҳои табобатӣ дастрас карда мешаванд.

0
Барчаспҳо:
корҳои фаҳмондадиҳӣ, Бадахшон