Нурсултон Назарбоев мубталои коронавирус шуд

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкНурсултан Назарбаев
Нурсултан Назарбаев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дафтари матбуоти аввалини президенти Қазоқистон дар бораи саломатии Нурсултон Назарбоев, ки гирифтори коронавирус шудааст, маълумот дод

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Пизишкон дар бадани нахустин раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев коронавирус пайдо карданд, иттилоъ медиҳад котиботи раисҷумҳур.

 "Ташхиси охирони Нурсултон Назарбоев ба коронавирус мусбӣ буд", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Министр здравоохранения Казахстана - Sputnik Тоҷикистон
Вазири тандурустии Қазоқистон гирифтори COVID - 19 шуд
Феълан пешвои миллати Қазоқистон дар карантина қарор доштааст.

Дафтари матбуоти Назарбоев менависад, ки вазъи Нурсултон Назарбоев новобаста аз натиҷа мусбии ташхис хуб аст.

"Ҷои нигароние нест", - афзудааст дафтари матбуот.

Таъкид мешавад, ки нахустин раисҷумҳур вазифаашро низ дар худинзивоӣ адо мекунад.

Пештар расонаҳои кишвар аз бад шудани вазъи эмидемиологии паҳншавии коронавирус хабар дода буданд. Дар натиҷа тамоми маҳдудиятҳо дар Қазоқистон дубора аз сар гирифта шуданд.

Даъвати ВКХ аз тоҷикистониён: ба марзи Қазоқистон ва Ӯзбекистон наравед

 

Бино бар омори расмӣ, дар ҷумҳурӣ 15,8 ҳазор нафар гирифтори коронавирус гаштанд. 6,8 ҳазори беморон бидуни ягон нишона бемориро мегузаронанд. 100 тан қурбони корона шуданд.

 

Лентаи хабарҳо
0