Президент Кыргызской Республики Сооронбай Жээнбеков

"Ҷаримабандӣ шаванд": интиқоди тунди Жээнбеков аз сарвазир ва намояндагони дастгоҳ

414
(Таҷдидшуда 15:44 19.06.2020)
Сооронбой Жээнбеков масъулони дастгоҳи президентро барои напӯшидани ниқоби тиббӣ ва аксбардории дастаҷамъона, шадидан интиқод кард

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Акси дастаҷамъонаи собиқ сарвазир ва сарвазири феълӣ дар ҳалқаи чандин намояндагони дастгоҳи президенти Қирғизистон, ки  бидуни пӯшидани ниқоби тиббӣ гирифта шудааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсе гармеро ба миён гузошт.

Шаҳрвандони Қирғизистон аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки намояндагони ҳукумат аз мардум тақозои риоякаржани реҷаи ниқобро талаб мекунанд, дар ҳоле, ки худ ин талаботро нодида мегиранд.

Истеъфои сарвазири Қирғизистон: дар фурӯши радиобасомадҳо бо арзиши ночиз муттаҳам мешавад

Зимнан, кишвардори Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков низ дар ҷаласаи ҳукумат, аксбардории сарвазири тозатаъйин Боронов ва чанд намояндаи дигари ҳукумаро ба риштаи интиқод кашид.

"Худи аъзои ҳукумат, бо риоя накардани ҳамаи талабот оид ба риояи режими ниқоб ва масофаи иҷтимоӣ, акс гирифта, ҳамдигарро ба оғӯш мегиранд. Аксе, ки аъзоёни ҳукумат бидуни риояи масофаи иҷтимоӣ ва ниқоб гирифтанд, дар сартосари кишвар паҳн шуд. Ин амали шумо тамои кӯшиши моро дар самти мубориза бо ин маризӣ барбод медиҳад", - изҳор намудаст Жээнбеков.

Зимнан, Жээнбеков талаб намудааст нисбати кормандони оддии дастгоҳи давлатӣ набояд чораҳои зарурӣ андешида шаванд. Зеро ба изҳори ӯ онҳо бо амри роҳбаронашон барои аксбардорӣ баромадаанд.

"Дигарон ҳама ҷаримабандӣ шаванд", - таъкид намудаст президент.

414
Барчаспҳо:
сарвазир, интиқод, Сооронбой Жээнбеков, Қирғизистон
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев

Дархости Мирзиёев: ба худдавоӣ аз коронавирус машғул нашавед, ки оқибати хуб надорад

219
Шавкат Мирзиёев аз шаҳрвандони Ӯзбекистон даъват намуд, ки ба ҳаёти худ ва наздиконашон беаҳамият набошанд. Ӯ мегӯяд дар сурати пайдо шудани нахустин нишонаҳои ин беморӣ фавран ба табибон муроҷиат намоянд

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар як муроҷиати видео ба шаҳрвандони ин кишвар аз хусуси мубориза бурдан бо маризии коронавирус ҳарф зад.

"Имрӯз ҳамаи мо шоҳиди идома ёфтани пандемияи коронавирус ҳастем. Мавҷи дуюми ин беморӣ дар аксар кишварҳои ҷаҳон сар задааст, ки бисёр нигаронкунанда аст", - афзудааст Мирзиёев.

Ба гуфтаи вай, мутаассифона, ҳеҷ гуна "доруи сеҳрноке" вуҷуд надорад, ки барои зуд бартараф кардани пандемия кӯмак кунад.

Раисҷумҳур зикр намуд, ки Ӯзбекистон барои пешгирӣ аз паҳншавии ин маризӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода истодааст.

Ӯ таъкид намуд, ки маҳз талоши пизишкон ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ аст, ки вазъи нисбатан мӯътадили эпидемиологӣ дар ҷумҳурӣ нигоҳ дошта мешавад.

Дуои Мирзиёев дар ҳаққи Назарбоев: "дар ин айёми душвор ман бо шумоям"

Аммо кишвардори Ӯзбекистон аз бад шудани вазъият дар ҳафтаи охир изҳори нигаронӣ кард.

Баргузор гардидани тӯю маъракаҳо, риоя накардани фосилаи иҷтимоӣ ва гашту гузор бидуни ниқобро, раисҷумҳур аз омилҳои асосии бад шудани вазъият дар ҳафтаи охир арзёбӣ кард.

"Дар ҳафтаи аввали моҳи июл шумораи шахсони мубталои коронавирус 2167 нафар афзоиш ёфт. Аз он ҷумла, 1,267 (58%) ҳодиса дар байни аҳолӣ ошкор карда шудааст. Ин баландтарин нишондиҳанда дар давраи карантин мебошад. Мутаассифона, шумораи фавтҳо низ афзоиш меёбад, ки ин ҳолат бояд ҳамаи моро нигарон кунад", - таъкид намуд президент.

Гузашта аз ин Мирзиёев ба бепарвогии шаҳрвандон нисбати ин маризӣ таъкид намуда, дархост кард ,ки ба худдавоӣ дар хона машғул нашаванд, чун оқибати ин кор ба хубӣ намеанҷомад.

"Бори дигар ба ҳамватанони мо муроҷиат мекунам: набояд ба ин бемории хатарноке, ки ҳаёти ҳазорон нафарро рабуд беэътиноӣ кунед. Агар нишонаи ночизе аз ин бемориро ждар вуҷуди худ эҳсос намудед, пас фавран ба духтур муроҷиат кунед. Дар хона худмуомилагӣ накунед, ки оқибати нохуб, ҳатто боиси марг шуда метавонад. Ба ҳаёти худ ва аъзои оилаатон бепарво набошед", - даъват намудааст Шавкат Мирзиёев.
219
Барчаспҳо:
мардум, дархост, Шавкат Мирзоев
Давлат Худоназаров советский, таджикский кинодокументалист, политик и общественный деятель. Народный артист Таджикской ССР (1989)

Худоназаров филми офаридаи Далер Имомалиро арзёбӣ кард

239
(Таҷдидшуда 23:38 08.07.2020)
Сиёсатмадор, фаъоли ҷамъиятӣ ва коргардони барҷастаи тоҷик Давлат Худоназаров ширкати филми коргардон Далер Имомалиро дар Ҷашнвораи синамои мусалмонон дар Қазон арзёбӣ кард

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Филми нави ҳуҷҷатии коргардони ҷавони тоҷик Далер Имомалӣ "Кӯчаи умед - 612" ба 16-умин Ҷашнвораи байналмилалии синамои мусалмонӣ дар Қазон, даъват шуд.

Чунин таваҷҷӯҳ ба филми Далер Имомалӣ хабари хушоянд аст, гуфт сиёсатмадор, фаъоли ҷамъиятӣ ва коргардони барҷастаи тоҷик Давлат Худоназаров.

Ӯ ёдоварӣ кард, ки соли гузашта коргардони тоҷик аллакай як филми худро дар ин ҷашнвора ба намоиш гузошта буд.

Ба фикри Давлат Худоназаров филми Далери Имомалӣ бисёр унвони зебо ва ғайриоддӣ дорад - "Кӯчаи умед - 612". 

"Қаҳрамони филм Саъдулло Раҳимов - шахсияти илмӣ, намояндаи бузурги фарҳанги тоҷик. Ӯ фаъолияти касбияшро дар шӯъбаи философияи Академияи илмҳои Тоҷикистон оғоз карда буд. Баъдтар киношинос ва мунаққид шуд. Ҳамаи даҳсолаҳо ӯ дар мавқеъи худ устувор буд. Ба муносибати шахсӣ бо он ё ин коргардон нигоҳ намекарда, ӯ доим рост ва он чиро, ки эҳсос мекард, мегуфт ", - афзуд Худоназаров дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ӯ қайд кард, ки корҳои Раҳимов ба беҳтар шудани сифати синамои "Тоҷикфилм" таъсири мусбат кард.

Худоназаров ҳамчунин баргузории 16-умин ҷашнвораи Қазонро воқеъаи хушоянд арзёбӣ карда, гуфт аз як тараф ин ҷашнвора ҳамаи синамогарони мусалмонро якҷо ҷамъ меорад ва аз сӯи дигар барои ҳамагон кушода аст.

Дар баробари ин Худоназаров ба ин аст, ки ҷашнвора метавонад миқёси худр бо филмҳои минтақавии Русия васеътар кунад.

Ба гуфти ӯ, филмҳо аз ҳар минтақа бозгукунандаи симои ҳар минтақа шуда барои ошноӣ бо онҳо заминаи хубе хоҳанд буд.

239
Барчаспҳо:
ҷашнвораи кино, Қазон
Поисковая экспедиция на месте где были бои во время Великой Отечественной войны 1941-45 годов, архивное фото

Ҷасади Раҷабов, куҳнасарбози тоҷик, дар Калининград ёфт шуд: кӣ мешиносад?-видео

0
(Таҷдидшуда 15:18 09.07.2020)
Ҷасади боз як сарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ноҳияи Зеленеград пайдо карда шуд, ки ба гуфтаи ҷустуҷӯгарон аз Тоҷикистон мебошад

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Гуруҳҳои ҷустуҷӯии "Совест" дар минтақаҳое, ки ҳангоми амалиёти Пруссияи шарқӣ задухӯрдҳо сурат гирифтаанд, кор карда,  дар ноҳияи Зеленоград ҷасади боз як сарбози ҶБВ-ро пайдо намуданд, хабар дод шабакаи телевизионии  "Вести-Калининград".

Муайян шудааст, ки сарбози ҳалокгардида Каримҷон Раҷабов аз Тоҷикистон будааст.

“Раҷабов зодаи Тоҷикистон мебошад. Феълан ба макони таваллуд ва даъваташ дархостҳо равон карда шудаанд. Умедворем, ки наздиконаш пайдо шаванду мо тавонем мукофоти ҷангияшро ба онҳо супорем. Шояд онҳо бихоҳанд, ки боқимондаҳо дар ватан ба хок супорида шаванд”, - изҳор дошт Руслан Хисамов, роҳбари гуруҳи ҷустуҷӯӣ дар гузориши телевизионӣ.

Қаблан дар ин минтақа ҷасади 7 сарбозеро пайдо карданд, ки аз пораҳои гулӯлаҳои  артиллерӣ ба ҳалокат расидаанд.

0
Барчаспҳо:
Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Тоҷикистон