Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Синни пайғомбарии Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва радди сафар ба Маскав

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонк Президент Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедов
 Президент Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедов  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар суҳбат бо президенти Русия Владимир Путин кишвардори Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов сабаби рад кардани сафарашро гуфт

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар суҳбат бо президенти Русия Владимир Путин гуфт, наметавонад дар таҷлили 75-солагии Рӯзи Пирӯзӣ, ки 24 июн дар Маскав дар назар аст, ширкат кунад. Дар ин бора рнашриёти "Туркменистан. Золотой век" менависад.

Прилет президента Таджикистана Э. Рахмона  - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Владимир Путин ба Маскав сафар мекунад

Дар суҳбат бо президенти Русия Владимир Путин кишвардори Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов сабаби сафар накарданашро фаҳмонд.

Сафари Раҳмон ба Маскав: кай ва бо кӣ меравад?

Сабабаш ба синни - 63-солагӣ, маъруф ба синни пайғомбарӣ расидани Қурбонгулӣ мебошад. Бердимуҳаммадов рӯзи 29 июн зодрӯз дорад ва мувофиқи анъанаҳои миллӣ ин санаро бояд дар иҳотаи аҳли хонавода ва халқ пешвоз гирад.

Мувофиқи қоидаҳои қарантинӣ, ҳар нафаре, ки аз хориҷ ба кишвар ворид мешавад, 14 рӯз танҳонишинӣ мекунад ва Бердимуҳаммадов дар чунин сурат наметавонист пас аз бозгашт аз Маскав зодрӯзашро бо аҳли оила таҷлил кунад.

Ба ҷои президент ба Маскав ҳайати баландпояи Туркманистон бо раҳбарии вазири дифоъ, генерал-майор - Бегенч Гундогдиев сафар хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0