Афзоиши фавт аз коронавирус дар Қирғизистон: 45 мариз дар ҳолати вазнин қарор доранд

142
Дар Қирғизистон теъдоди умумии қурбониёни маризии коронавирус ба 41 нафар расид. Алъон вазъи 45 бемор вазнин арзёбӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Дар Қирғизистон 3519 нафар мубталои коронавирус буда, ҳамзамон 41 мариз ҷон аз даст доданду беш аз 2 ҳазор дардманд шифо ёфтанд.

Вазорати тандурустии ин кишвар мегӯяд, ҳоло дар муассисаҳои беҳдоштӣ 45 нафар маризони коронавирус дар ҳолати вазнин қарор доранд.

"Чилу панҷ нафар дар ҳолати вазнин қарор доранданд, даҳ нафари онҳо дар шӯъбаи эҳёгарӣ мебошанд. Ҳамчунин вазъи 174 бемор миёна ва 388 нафар қаноатбахш арзёбӣ мешавад", - таъкид гардидааст дар хабари вазорат.

Фавти сокини 36 - солаи Қирғизистон аз коронавирус: дар бозор меваю сабзавот мефурӯхт

Зимнан, ситоди фаврии ҷумҳуриявӣ хабар додааст, ки ба қарантини хонагӣ 817 нафар гирифта шуданд ва бемории онҳо бидуни ягон аломат ҷараён доорад.

Қобили зикр аст, ки вақтҳои охир дар Қирғизистон паҳншавии маризии коронавирус рӯ ба афзоиш ниҳодаст.

Чанд рӯзи охир аз 87 то 192 ҳолати сироятшавӣ дар шабонарӯз ба қайд гирифта шудааст. Рӯзи 22 - июн бошад шумораи рекордӣ - 205 ҳолат ошкор гардид.

Дар чандин манотиқи Қирғизистон пас аз бардоштани маҳдудиятҳо бо якбора бад шудани авзоъ боз ҷорӣ карда шуданд.

142
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (609)
Новорожденный, архивное фото

Дар Ӯзбекистон дугоникҳои сиомӣ вафот карданд

402
(Таҷдидшуда 18:45 06.07.2020)
Ба ҳамаи кӯшишу ғайрати пизишкон нигоҳ накарда, дугоникҳои сиомӣ, ки 27 июн дар Самарқанд ба дунё омаданд, вафот карданд

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон дугоникҳои сарчаспида, ки авохири моҳи июн таваллуд шуданд, даргузаштанд, хабар медиҳад Вазорати беҳдошти ин кишвар.

Ба ҳамаи кӯшишу ғайрати пизишкон нигоҳ накарда, дугоникҳои сиомӣ дар беморхонаи маҳаллӣ рӯзи душанбе вафот карданд.

"Ба кӯшишу ғайрати духтурон нигоҳ накарда, соати 7. 50 духтари якум ва соати 10. 50 духтари дуюмӣ ҷон дод", - омадааст дар хабарномаи Вазорат.

Пештар хабар дода шуд, ки дар яке аз марказҳои саломатии вилояти Самарқанди Ӯзбекистон дугоникҳои сиомии дусара таваллуд шуданд.

Пизишкон гуфтанд, духтараконе, ки 27 июн ба воситаи буриши қайсарӣ таваллуд шуданд, ба гурӯҳи нодири дугонаҳои сиомӣ дохил мешаванд, ки ин худ ба худ ҳодисаи камёфт аст.

Бино бар иттилои пизишкон, аз 200 ҳазор кӯдакони навзоде, ки ба дунё меоянд, эҳтимол дорад, 1 нафарашон бо чунин намуди беморӣ таваллуд шаванд.

"Онҳо як бадан, як ҷуфти даст ва пой, дил, шуш, меъда ва як бачадон доранд. Онҳо ба намуди камёфти дугонаҳои сиёмӣ дохил мешаванд", - мегӯянд пизишкон.

Вазни онҳо 4600 грамм ва қадашон 48 см буд.

402
Барчаспҳо:
вафот, Ӯзбекистон
Работники похоронного бюро выносят гроб из машины, архивное фото

Муфтиёт дастурамал барои ҷаноза ва маросими дафни фавтидагон аз коронавирусро таҳия кард

941
(Таҷдидшуда 13:16 06.07.2020)
Тавсияҳо барои дафн кардани мусулмонон дар замони пандемияи коронавирус бо Вазорати тандурустӣ мувофиқа карда шудааст

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Идораи динии мусулмонони Қирғизистон дар бораи қоидаҳои маросими дафни фавтидагон аз коронавирус фатво содир кард, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Ба иттилои манбаъ, муфтиёт фатворо дар мувофиқа бо Вазорати тандурустии ин кишвар содир намудааст.

Намояндагони Идораи динии мусалмонони Қирғизистон  хотиррасон мекунанд, ки тибқи қоидаҳои Ислом, хешовандон бояд ҷасади фавтидаро шуста, кафанпӯш намоянд ва сипас намози ҷаноза хонда шавад.

Аз духтарчаи 4-сола то марди 71-сола: 50 ҷасади интиқолёфта - кӣ буданду аз чӣ фавтиданд?

Аммо аз сабаби хатари паҳншавии COVID-19, шумораи ками одамон бояд дар намози ҷаноза ширкат кунанд. Дар ин ҳолат, бояд тамоми чораҳои  бехатарӣ, аз ҷумла масофаи иҷтимоӣ ва пӯшидани ниқоб риоя карда шавад.

Гузашта аз ин, Идораи динии мусалмонони ин кишвар таъкид намудааст, ки дар шароити ҳозира хондани намози ҷаноза дар як вақт барои чанд фавтида ҷоиз аст.

Муфтиёт ҳамзамон тавсия додааст, ки агар шустани ҷасад барои атрофиён хатарзо бошад, иҷро намудани шартҳои зерин кофист то ҷасадро зери хок кунанд:

  • Худро аз ҷасад канор гирифта онро бо об пошед
  • Агар имкони шустани ҷасад бо об надошта бошед, либоси муҳофизатӣ ба бар намуда рӯй ва дастҳои шахси фавтидаро то оринҷ молиш диҳед. Нафаре, ки ин корро анҷом медиҳад, нахуст бо даст бояд ба замин занад.
  • Агар ҷасадро худи пизишкон шуста кафанпеч намоянд, зарурати дигарбора шустани он лозим нест.
  • Ҷасадро ба ҳеҷ ваҷҳ сӯзондан ё бо кислота ва дигар маводҳои кимиёӣ пошидан мумкин нест.
  • Дар робита ба шароити кунунӣ ҷасадро дар халта ва ё тобут бояд дафн кард.
941
Барчаспҳо:
дастурамал, ҷаноза, дафн, Қирғизистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (609)
Нож в руке

Ба қафаси синаи бародараш корд зад: боздошти марди 40 сола дар Конибодом

0
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як мардт 40 сола хабар медиҳад, ки бародарашро бо корд задааст

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини шаҳри Конибодом бо гумони қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, номбурда, санаи 6-уми июли соли 2020, тахминан соати 07:00-дақиқа дар хонаи истиқоматиашон бо бародари 38-солааш, ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагии дар дасташ буда, як маротиба ба қафаси синааш задааст.
“Дар натиҷа ҷабрдида ҷарохати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”,-афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда тафтишот идома дорад.

Ин нахустин ҳолати кордкашӣ аз сӯи бародар ба додар набуда, қаблан ин ниҳод як марди 42 сола, сокини шаҳри Истаравшанро боздошт кард, ки пас аз майнӯшӣ бо бародари 41 солааш ҷангу ҷанҷол намуда, як маротиба ба гарданаш корд задааст.

0