Самолет авиакомпании Mahan Air , архивное фото

Нахустин парвозҳо аз хориҷ ба самти Афғонистон пас аз се моҳ таваққуф

185
(Таҷдидшуда 01:30 26.06.2020)
Парвозҳои байналмиллалӣ ба Афғонистон пас аз се моҳ таваққуф аз сар гирифта шуд

ДУШАНБЕ, 26 июн - Sputnik. Ба нақл аз радио тоҷикии Садои Хуросон, нахустин парвоз субҳи чаҳоршанбе аз ширкати ҳавоии “Turkish Airlines”-и Туркия бо 350 сарнишин аз шаҳри Истамбул дар фурудгоҳи байналамиллалии Кобул ба замин нишаст.

Қарор аст ширкати ҳавоии Аморот низ парвозҳояшро байни Дубай ва Кобул аз сар гирад.

Умар Сабур, раиси фурудгоҳи байналмиллалии Ҳомид Карзай-и Кобул гуфт, тамоми мусофироне, ки вориди фурудгоҳи Кобул мешаванд ва ё мусофироне, ки хориҷ мешаванд маҷбур ба пушидани ниқоби тиббӣ, риояти фосилаи таъиншуда ва муоинаи пизишк хоҳанд буд.

Парвозҳои байналмиллалӣ ба Афғонистон ва аз ин кишвар ба хориҷ, се моҳ пеш бар асари ҳамагирии вируси корона мутаваққиф шуд.

Дар ҳоли ҳозир бино бар оморҳои расмӣ 29 ҳазору 481 нафар дар Афғонистон ба вируси корона олуда шуда ва 618 нафар ҳам ҷон бохтаанд.

185
Барчаспҳо:
хориҷ, таваққуф, парвозҳо, Афғонистон

“Фасоди ахлоқӣ ва беғайратӣ”: чаро ронандаҳои афғон аз дарёфти рақами 39 худдорӣ мекунанд

1649
(Таҷдидшуда 12:58 16.01.2021)
Ривояте хурофотӣ аз иртибот доштани фасоди ахлоқӣ бо адади 39 боис шуд, ки давлати Афғонистон тасмим бигирад то ин ададро ба сурати комил аз раванди сабти рақами мошинҳо ҳазф кунад

ДУШАНБЕ, 16 январ - Sputnik. Тайи солҳои ахир хурофоте, ки адади 39 - ро намоди “фасоди ахлоқӣ ва беғайратӣ” унвон мекунад, сабаби мушкилоти фаровоне дар Афғонистон шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.

Дар Афғонистон мошинҳои дорои рақами 39 афзун бар он ки ба ронандаҳо ба чашми афроди фосид нигоҳ мешавад, ҳангоми харидуфурӯш низ ба далели доштани ин адад дар пилок, як сеюми қиматро аз даст медиҳанд.

Худдории шаҳрвандон аз дарёфти рақами дорои адади 39 фурсатро барои фасод дар идораҳои ронандагӣ дар Афғонистон ба вуҷуд овард, ба тавре ки гоҳе маъмурони судҷӯ ва фосид ба муштариҳое, ки барои гирифтани рақам ба идораи ронандагӣ муроҷиа мекарданд, эълом мекарданд, ки навбати онҳо ба адади 39 расидаву онон маҷбур ҳастанд пилоке бо ин адад бигиранд.

Аммо муштариён аз гирифтани ин навъ рақам худдорӣ кардаву ба маъмурон пешниҳоди ришва мекарданд, ки боиси густариши фасод дар ин идора гардиду аз тарафи дигар осеби ҷиддӣ ба буҷети давлат низ ворид кард.

Акнун давлати Афғонистон тасмим гирифтааст, ки барои ҷилавгирӣ аз фасод ва гирифтани ришва аз муроҷиин дар идораи роҳнамоӣ - ронандагӣ аз рӯзи шанбеи 16 январ адади 39 - ро ба таври комил аз чархаи сабт дар пилокҳои худравҳо ҳазф ва заминаи ришваву фасодро аз байн бибарад.

1649
Барчаспҳо:
ронанда, мошин, рақам, Афғонистон
Юношеская сборная Таджикистана

Як сол инизорӣ: Чемпионати Осиё миёни наврасону ҷавонон лағв шуд

25
(Таҷдидшуда 12:46 16.01.2021)
КФО ин тасмимро бо дарназардошти номуайянӣ ва хавфҳои марбут ба пандемияи COVID-19, ҳифзи саломатӣ ва амнияти иштирокчиён гирифтааст

ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Имсол Чемпионати Осиё миёни наврасону ҷавонон лағв карда шуд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Тибқи қарори Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) чемпионатҳои Осиё оид ба футбол миёни наврасон (U-16), ҷавонон (U-19), ҳамчунин Чемпионати Осиё оид ба футзал имсол доир намешаванд. 

"КФО ин тасмимро бо дарназардошти номуайянӣ ва хавфҳои марбут ба пандемияи COVID-19, ҳифзи саломатӣ ва амнияти иштирокчиён гирифтааст. Баҳрайн ва Ӯзбекистон ҳуқуқи мизбонии марҳилаҳои ниҳоии Ҷоми Осиёро байни наврасон (U-17) ва ҷавонон (U-20) дар соли 2023 ҳифз кардаанд", - менависад манбаъ.

Ҳаким Фузайлов сармураббии тими “Динамо”-и Самарқанд шуд

КФО, ҳамчунин Чемпионати Осиё оид ба футзалро, ки мебоист аз 23 март то 3 апрели соли равон дар Кувайт доир мешуд, барҳам дод. Тибқи қарори КФО, Кувайт низ ҳуқуқи баргузор кардани 16-ум Ҷоми Осиё оид ба футзалро дар соли 2022, ки мунтахаби Тоҷикистон низ ширкат мекунад, ҳифз кард.

Чемпионати Осиё-2021 оид ба футзал, ки бояд дар Тайланд доир мегардид, ба соли 2023 гузаронида шуд.

25
День 17 января

Аз зодрӯзи Аҳмад Бобоқулов то таҷдиди сохтори Дастгоҳи президент: имрӯзи таърих

0
(Таҷдидшуда 19:43 15.01.2021)
Рӯзи ҳабдаҳуми январ дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ихтирооти кӯдакон мебошад. Дар ин рӯз сарояндаи опера, Ҳунарпешаи халқии ИҶШС Аҳмад Бобоқулов ба дунё омадааст

Рӯзи 17 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1920 дар Русияи Шӯравӣ расман ҳукми қатл бекор карда шуд.

Соли 1950 Ҳизби коммунистии Боливия таъсис дода шуд.

Соли 1995 дар шаҳри Кобеи Ҷопон дар пайи зилзилаи шадид зиёда аз 6 ҳазору 400 нафар ба ҳалокат расиданд.

Рӯзи 17 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2011 сомонаи интернетии Сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон  фаъол гардид.

Соли 2012 дар Тоҷикистон Маркази коркарди миллӣ кушода шуд.

Соли 2017 дар маркази маъмурии вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд филиали КВД "Коргоҳи протезӣ ва ортопедӣ" ифтитоҳ гардид.

Соли 2014  Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар бораи таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон ба имзо расониданд.

Соли 2018 дар шаҳри Маскав аввалин бор дар ин сол ҷаласаи Камиссияи ҳамкории иқтисодии Шӯрои иқтисодии ИДМ баргузор гардид. Ҷаласаи мазкурро намояндаи ваколатдори Тоҷикистон дар Комиссия, Сафири Тоҷикистон дар  Россия Имомуддин Сатторӣ роҳбарӣ намуд.

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон –Маҷлиси намояндагон Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба низоми сарҳади давлатии Тоҷикистону Чинро тасдиқ карданд.

Соли 2015 дастаи ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол (U-21), бо роҳбарии сармураббӣ Алишер Тӯхтаев дар доираи мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми Иттиҳод", ки аз 16 то 26 январ дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид, бо дастаи Қазоқистон вохӯрӣ намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 17 январ

  • Рӯзи байналмилалии ихтирооти кӯдакон.

Рӯзи 17 январ кӣ ба дунё омадааст

Соли 1893 – Шоира Розия Озод, модари академик Бобоҷон Ғафуров.

Соли 1893 –яке аз муборизон дар роҳи таъсис додани ҳукумати Шӯравӣ дар Тоҷикистон Борис Вячеславович Толпиго.

Соли 1927 – Сарояндаи опера, Ҳунарпешаи халқии ИҶШС Аҳмад Бобоқулов таваллуд шудааст.

Соли 1950 – Давлатов Матлубхон Султонович, собиқ роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

0
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон