Боевики движения Талибан

Гурӯҳи Толибон 34 нафар низомиёни давлатиро озод кард

153
(Таҷдидшуда 13:42 28.06.2020)
Гурӯҳи Толибон дар Афғонистон аз озодии 34 неруи давлатӣ, ки дар вилояти Бадахшони ин кишвар нигаҳдорӣ мешуданд, хабар дод

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Муҳаммадсуҳайл Шоҳин, сухангӯи дафтари Толибон дар Доха гуфтааст, ки  Ашхоси озодшуда аз неруҳои полис ва низомиёни идораи Кобул ҳастанд, ки дар зиндонҳои вилояти Бадахшон нигоҳ дошта мешуданд, иттилоъ додааст радиои Садои Хуросон дар истинод ба хабаргузории ИСНА.

Манбаъ таъкид доштааст, ки ду рӯзи пеш низ гурӯҳи Толибон 20 зиндонии вобаста ба давлати Афғонистонро озод карда буд.

Дар ҳамин ҳол, Сиддиқи Сиддиқӣ, сухангӯи давлати Афғонистон ахиран эълон кард, то кунун афзун бар се ҳазору 800 зиндонии Толибонро озод кардаанд.

Намояндагони давлати Афғонистон ва гурӯҳи Толибон чанд давр гуфтугӯ ва музокираро барои озодии зиндониёни ду тараф баргузор кардаанд ва қарор аст панҷ ҳазор зиндонии Толибон дар баробари як ҳазор зиндонии вобаста ба давлат озод шаванд.

Манбаъ зикр кардааст, ки озодии ин зиндониён роҳро барои оғози музокироти сулҳ дар Афғонистон ҳамвор мекунад. 

153
Барчаспҳо:
низомиён, озод, нигаҳдорӣ, Бадахшон, Озодӣ, Афғонистон, Толибон
Российской военно-транспортной авиации 89 лет

Даргузашти ҳунарманди машҳури Ӯзбекистон Абдураим Абдуваҳҳобов

92
(Таҷдидшуда 14:29 14.07.2020)
Сабаби даргузашти ҳунарманд - Абдураим Абдуваҳҳобов, ки дар синни 57-солагӣ аз олам даргузашт, то ҳол маълум нест

ДУШАНБЕ, 14 июл – Sputnik. Ҳунарманди шоистаи Ӯзбекистон - Абдураим Абдуваҳҳобов аз олам даргузашт, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон.

Сабаби даргузашти ҳунарманд то ҳол маълум нест, ӯ ҳамагӣ 57-сол дошт.

Даргузашти Назарбегим Муборакшоева, собиқ раиси шаҳри Хоруғ

Абдураим Абдуваҳҳобов 8 августи соли 1963 дар шаҳри Тошканд ба дунё омадааст. Ӯ дар филмҳои "Шум бола" -  (Садои дард), "Суюнчи", "Мухаббат синовлари", "Назира" ва сериоли "Шайтанат"  ва дар дигар намоишномаҳо нақш бозидааст.

Мусибат дар хонаводаи раиси вилояти Хатлон: модарашро аз даст дод

Ҳамчунин Абдуваҳҳобов дар филми "Жўра овчи" - и "Тоҷикфилм" нақш офаридааст.

92
Барчаспҳо:
ҳунарманд, даргузашт, Ӯзбекистон
Пограничный пост, архивное фото

Ҳаракати нақлиётӣ миёни Русия ва Тоҷикистон баста боқӣ мемонад

379
(Таҷдидшуда 12:41 14.07.2020)
Дар Сафорати Русия дар Тоҷикистон аз имконияти бозгашт тариқи Ӯзбекистон ва Қазоқистон ёдоварӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Ҳаракати нақлиётӣ миёни Тоҷикистон ва Русия баста боқӣ мемонад, хабар доданд дар хадамоти матбуотии Сафорати Русия дар Тоҷикистон.

"То ҳол аз ҷониби Ӯзбекистон ва Қазоқистон барои ҳаракати транзитӣ иҷозаи расмӣ гирифта нашудааст", - қайд карданд дар хадамоти матбуотӣ.

Сафорати Русия дар Тоҷикистон қайд карданд, ки вазъро таҳти назорат гирифтаанд ва бо ронандагон дар алоқа ҳастанд.

Анҷумаи ширкатҳои сайёҳии Русия бозшавии сарҳадҳоро пешгӯӣ кард

Қайд мешавад, ки феълан мақомоти Русия бо ҳукумати Ӯзбекистон ва Қазоқистон барои иҷозаи ҳаракат дар гуфтушунид аст.

Санаи барқароршавии парвозҳои байналмилалӣ дар Русия дақиқ шуд

"Вазъи ҳамагирии COVID - 19 - ро дар Ӯзбекистон ва Қазоқистон ба назар гирифта аз шаҳрвандон даъват мекунем, ки тариқи парвозҳои вижа ба Русия ҳаракат кунанд", - қайд карданд дар Сафорати Русия дар Тоҷикистон.

379
Барчаспҳо:
қатъи ҳаракати нақлиёт, Тоҷикистон, Русия
Рогунская ГЭС

Ҳодисаҳои нохуш дар саноат: ҳалокати 1 ва ҷароҳати 9 кас ҳангоми сохтмони "Роғун"

0
Дар умум, дар кори ширкату сохтмонҳои Тоҷикистон 3 нафар ба ҳалокат расида, 13 тани дигар ҷароҳатҳои гуногун гирифтаанд

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Санъат Раҳим, раиси Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ин ниҳод бо эълони ин омор гуфт, аксари ин мурдану ҷароҳатбардориҳо дар пайи беэҳтиётӣ ва риоя накардани қоидаву техникаи бехатарии кор рух додааст.

“Бештарин маворид ба кори ширкатҳое, ки дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун рост меояд. Худи коргарон ё раҳбарони онҳо аз ин ки ғайриҳирфаӣ будаанд, аз қоидаву техникаи бехатарии кор хабар надоштаанд ё беэҳтиётӣ кардаанд. Коргарон ва омилони дигари ин ҳодисаҳои нохуш муҷозот шуда, ба ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод шуд, ки афроди ғайриҳирфаӣ аз вазифа барканор шаванд”, - гуфт Санъат Раҳим.

Тибқи иттилои Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҳангоми кор як нафар ба ҳалокат расида, 9 нафари дигар захмӣ шудаанд. Бино ба ин манбаъ, дуввумин ширкате, ки ҳамчунин маворидро таҷриба кардааст, ширкати кӯҳии Тоҷикистону Хитой аст. Ҳангоми кор дар ин ширкат ду нафар ба ҳалокат расида, ду нафари дигар ҳам ҷароҳат гирифтаанд.

Ба ҳамин минвол, тайи ним соли равон аз ҳодисаҳои нохуш ҳангоми кор якнафарӣ коргарони ширкатҳои “Талко”, Маркази илмӣ – техникии Ҳуавей дар Зарнисор ва “Анзоб” низ захмӣ шудаанд.

 

0