На поле по выращиванию мака

СММ гуфт чаро дар Афғонистон тавлиди маводи мухаддир афзоиш ёфт

167
(Таҷдидшуда 17:12 28.06.2020)
Дафтари мубориза бо маводи мухаддир ва ҷурмҳои Созмони Миллали Муттаҳид дар гузориши солонаи худ эълом кард, дар соли 2019, 6400 тонна тарёк дар Афғонистон тавлид шудааст

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Дафтари мубориза бо маводи мухаддир ва ҷурмҳои Созмони Миллал дар гузориши  солонаи худ дар мавриди кишти хашхош   дар Афғонистон афзуд, дар соли 2019, 253 ҳазор гектар дар ин кишвар зери кишти гиёҳи хашхош (тарёк) будааст, иттилоъ додаст хабаргузории “Парстудей”.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати умури дохилаи Афғонистон ҳам эълом кард, аз соли 2009  то соли 2019  30902 нафар гумонбар ба қочоқи маводи мухаддир дар ин кишвар дастгир шудаанд, ки дар байни онҳо аъзои гурӯҳи Толибон низ ҳастанд.

Гузориши мазкур дар ҳоле ба чоп расидааст, ки ҳудуди бист сол пас аз ишғоли Афғонистон тавассути Амрико ва НАТО, дар ин кишвар мубориза бо маводи мухаддир ва терроризм амалисозӣ нашудааст.

Гузоришҳои мунташиршуда дар бораи мавзӯи маводи мухаддир дар Афғонистон нишон медиҳад Амрико на танҳо дар арсаи мубориза бо маводи мухаддир дар он кишвар барномае надоштааст, балки гурӯҳҳои созмонёфтае таҳти ҳимояти неруҳои хориҷӣ дар амри интиқол ва транзити анвои намуди маводи мухаддир аз Афғонистон ба дигар кишварҳо дар солҳои ахир фаолиятҳои густурдае низ доштаанд.

Оморҳои мунташиршуда ҳамчунин нишон медиҳанд, ки кишти хашхош ва тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон пас аз ишғоли ин кишвар тавассути Амрико ва НАТО аз соли 2001 то кунун камаш чаҳор баробар афзоиш ёфтааст.

Дар хусуси иллатҳои бемайлии Амрико дар мубориза бо кишти хашхош ва тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон, метавон гуфт муҳимтарин далели он даромади қобили таваҷҷуҳи он кишвар аз қочоқи маводи мухаддир аст.

167
Барчаспҳо:
мубориза, Созмони Милали Муттаҳид, маводи мухаддир, Афғонистон
Намози таровеҳ дар моҳи Рамазон

Ӯзбекистон дигарбора дари масоҷидро ба рӯи намозгузорон баст

17
Ӯзбекистон дар робита ба авҷи маризии сироятии коронавирус то авоили моҳи август дари масҷидҳоро ба рӯи намозгузорон мебандад

ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Идораи динии мусалмонони Ӯзбекистон аз баста шудани тамоми масоҷиди ин кишвар то авоили август хабар дод, хабар медиҳад "Парс тудей".

Бар хабари манбаъ, идораи динии мусалмонони Ӯзбекистон дар сайти худ афзуд: Манӯият аз таърихи 10 июл сарфи назар аз ин, ки устон дар минтақаи "сабз" ва ё "қирмиз" қарор дорад, иҷроӣ мешавад.

Бомдоди имрӯз дар Арабистон дари 90 ҳазор масҷид ба рӯйи намозгузорон боз шуд

Пештар комиссияи вижаи мубориза бо коронавирус тасмим гирифта буд, маҳдудиятҳои карантин дар ин кишварро дар бурҳаи замони ёдшуда ташдид кунад.

Гуфтанӣ аст, ниҳодҳои динии Ӯзбекитсон 8 июни соли 2020 мелодӣ дар манотиқи "сабз"-и ин кишвар бо риояти муқаррароти беҳдоштӣ-эпидемиологӣ (пӯшидани иҷбории ниқоб) ва ҳамчунин доштани фосилаи иҷтимоӣ муҷаддадан оғоз ба фаъолият карда буданд.

17
Барчаспҳо:
намоз, баста, масҷид, Узбакистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Здание посольства Кыргызстана в Москве, архивное фото

Сафорати Қирғизистон дар Русия кумак хост: қирғизҳо ба бино ва кормандон он ҳамла мекунанд

348
(Таҷдидшуда 13:58 11.07.2020)
Шаҳрвандони Қирғизистон ба сафорати кишварашон дар Русия ҳамла намуда чандин кормандонро латукӯб намуданд

ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Сафорати Қирғизистон дар Русия тадобири амниятиро тақвият дода, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талаб мекунад, ки бо шаҳрвандони Қирғизистон, ки намояндагони дипломатиро латукӯб ва таҳдид мекарданд, мубориза баранд.

Гуфта мешавад, феълан Сарраёсати умури дохилии Русия дар Маскав муайян мекунад, ки кӣ дар WhatsApp ба хароб намудани бинои сафорати Қирғизистон дар ин кишвар даъват карда, кормандони онро мавриди ҳамла қарор доданд.

Фаврӣ: 13 парвози дигар аз Русия ба Тоҷикистон дар моҳи июл - ҷадвали парвозҳо

Зимнан, ду изҳороти кормандони сафорат дар бораи далели расонидани зарари ҷисмонӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар робита ба ин ҳолат, нисбати ду шаҳрванди Қирғизистон чораҳои тафтишотӣ бурда мешаванд.

Ҳамин тариқ, сафорат ба Вазорати умури хориҷӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Русия муроҷиат карда, дархости кумак намуд.

Сафорат дархост намудааст, ки барои ҳифзи бино аз воридшавӣ ва ё вайроншавӣ ва ҳамчунин аз пешгирӣ аз сӯиқасд ба кормандони сафорат  чораҳои дахлдор андешида шаванд.

348
Барчаспҳо:
кумак, Русия, сафорат, Қирғизистон