Таблетки, архивное фото

Даъвои ҳамсар пас аз фавти шавҳараш: "пизишкон доруи коронавирусро дар ӯ озмоиш карданд"

1075
Профессор, рӯзноманигори номии Қазоқистон Куандик Шамахайлӣ, ки гирифтори маризии коронавирус буда, дар яке аз дармонгоҳҳои ин кишвар бистарӣ буданд, фавтид

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Ҳамсари профессор пас аз фавти шавҳари худ ба додситонӣ аризаи шикоятӣ навиштааст, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.

Ба иттилои манбаъ, номбурда дар фавти шавҳари худ пизишконро гунаҳгор мекунад. Ба изҳори ӯ ҳамсараш чанд рӯзи охир худро бардам ҳис мекард ва ягон шикояти ҷиддӣ ҳам надошт.

Дар Қазоқистон 307 ҳолати нави гирифторшавӣ ба коронавирус сабт гардид

Ба боварии ӯ пизишкон доруи алайҳи коронавирусро дар шавҳараш озмоиш намуданд, ки дар натиҷа ба марги ӯ оварда расонд.

"Шаб ӯ ба ман паёмак навишт, ки ба вай дору доданд. Ғайр аз ӯ,ба ягон маризи дигар ин доруро наоварданд. Пас аз истеъмоли ин дору шавҳарам ба қадри имкон то се литр об нӯшид. Ман ба ӯ маслиҳат додам, ки доруро бояд қай кунад. Субҳ соати 7:30 дақиқа пизишкон ба  писарам загг зада гуфтанд, ки  падараш вафот кардааст. Ҳоло ман дар бемористон ҳастам ва ба прокуратура ариза навиштам. Ман бар инам, ки ин доруро дар шавҳари ман озмиш намуданд", - изҳор доштааст Айша Турмаганбетова ба Sputnik Қазоқистон.

Зимнан, худи профессор низ қабл аз марги худ дар Фейсбук навиштааст, ки "ман маризи коронавирус буда, дар бемористон бистарӣ ҳастам. Соати 2 - и шаб пизишкон ба назди ман омада, гуфтанд, ки коғазро имзо кунам. Сипас, ҳамшира ба ман дору ва об дод. Ғайр аз ман, онҳо ин доруро ба дигар маризон надоданд. Ман пурсидам, ки ин чӣ гуна дору аст? - гуфтанд аз вирус кӯмак мекунад. Ман шубҳа доштам ва аз ин рӯ  барои берун овардани дору се литр об нӯшидам".

Дар Вазорати тандурустӣ ба Sputnik Қазоқистон фавти профессорро тасдиқ намуданд ва изҳор доштанд, ки дар зудтарин фурсат натиҷаи ташхиси марги ӯро расонаӣ мекунанд.

1075
Барчаспҳо:
фавт, ҳамсар, даъво, маризӣ, Қазоқистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (609)
Новорожденный, архивное фото

Дар Ӯзбекистон дугоникҳои сиомӣ вафот карданд

408
(Таҷдидшуда 18:45 06.07.2020)
Ба ҳамаи кӯшишу ғайрати пизишкон нигоҳ накарда, дугоникҳои сиомӣ, ки 27 июн дар Самарқанд ба дунё омаданд, вафот карданд

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон дугоникҳои сарчаспида, ки авохири моҳи июн таваллуд шуданд, даргузаштанд, хабар медиҳад Вазорати беҳдошти ин кишвар.

Ба ҳамаи кӯшишу ғайрати пизишкон нигоҳ накарда, дугоникҳои сиомӣ дар беморхонаи маҳаллӣ рӯзи душанбе вафот карданд.

"Ба кӯшишу ғайрати духтурон нигоҳ накарда, соати 7. 50 духтари якум ва соати 10. 50 духтари дуюмӣ ҷон дод", - омадааст дар хабарномаи Вазорат.

Пештар хабар дода шуд, ки дар яке аз марказҳои саломатии вилояти Самарқанди Ӯзбекистон дугоникҳои сиомии дусара таваллуд шуданд.

Пизишкон гуфтанд, духтараконе, ки 27 июн ба воситаи буриши қайсарӣ таваллуд шуданд, ба гурӯҳи нодири дугонаҳои сиомӣ дохил мешаванд, ки ин худ ба худ ҳодисаи камёфт аст.

Бино бар иттилои пизишкон, аз 200 ҳазор кӯдакони навзоде, ки ба дунё меоянд, эҳтимол дорад, 1 нафарашон бо чунин намуди беморӣ таваллуд шаванд.

"Онҳо як бадан, як ҷуфти даст ва пой, дил, шуш, меъда ва як бачадон доранд. Онҳо ба намуди камёфти дугонаҳои сиёмӣ дохил мешаванд", - мегӯянд пизишкон.

Вазни онҳо 4600 грамм ва қадашон 48 см буд.

408
Барчаспҳо:
вафот, Ӯзбекистон
Работники похоронного бюро выносят гроб из машины, архивное фото

Муфтиёт дастурамал барои ҷаноза ва маросими дафни фавтидагон аз коронавирусро таҳия кард

949
(Таҷдидшуда 13:16 06.07.2020)
Тавсияҳо барои дафн кардани мусулмонон дар замони пандемияи коронавирус бо Вазорати тандурустӣ мувофиқа карда шудааст

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Идораи динии мусулмонони Қирғизистон дар бораи қоидаҳои маросими дафни фавтидагон аз коронавирус фатво содир кард, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Ба иттилои манбаъ, муфтиёт фатворо дар мувофиқа бо Вазорати тандурустии ин кишвар содир намудааст.

Намояндагони Идораи динии мусалмонони Қирғизистон  хотиррасон мекунанд, ки тибқи қоидаҳои Ислом, хешовандон бояд ҷасади фавтидаро шуста, кафанпӯш намоянд ва сипас намози ҷаноза хонда шавад.

Аз духтарчаи 4-сола то марди 71-сола: 50 ҷасади интиқолёфта - кӣ буданду аз чӣ фавтиданд?

Аммо аз сабаби хатари паҳншавии COVID-19, шумораи ками одамон бояд дар намози ҷаноза ширкат кунанд. Дар ин ҳолат, бояд тамоми чораҳои  бехатарӣ, аз ҷумла масофаи иҷтимоӣ ва пӯшидани ниқоб риоя карда шавад.

Гузашта аз ин, Идораи динии мусалмонони ин кишвар таъкид намудааст, ки дар шароити ҳозира хондани намози ҷаноза дар як вақт барои чанд фавтида ҷоиз аст.

Муфтиёт ҳамзамон тавсия додааст, ки агар шустани ҷасад барои атрофиён хатарзо бошад, иҷро намудани шартҳои зерин кофист то ҷасадро зери хок кунанд:

  • Худро аз ҷасад канор гирифта онро бо об пошед
  • Агар имкони шустани ҷасад бо об надошта бошед, либоси муҳофизатӣ ба бар намуда рӯй ва дастҳои шахси фавтидаро то оринҷ молиш диҳед. Нафаре, ки ин корро анҷом медиҳад, нахуст бо даст бояд ба замин занад.
  • Агар ҷасадро худи пизишкон шуста кафанпеч намоянд, зарурати дигарбора шустани он лозим нест.
  • Ҷасадро ба ҳеҷ ваҷҳ сӯзондан ё бо кислота ва дигар маводҳои кимиёӣ пошидан мумкин нест.
  • Дар робита ба шароити кунунӣ ҷасадро дар халта ва ё тобут бояд дафн кард.
949
Барчаспҳо:
дастурамал, ҷаноза, дафн, Қирғизистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (609)
Пробирки с биоматериалом в лабораторном комплексе

“Ковипир”: Ӯзбекистон тасмим дорад истеҳсоли доруи зидди коронавирусро ба роҳ монад

0
(Таҷдидшуда 11:10 07.07.2020)
Қайд карда мешавад, ки доруи "Ковипир" пеш аз ҳама барои эҳтиёҷоти Ӯзбекистон истеҳсол карда мешавад

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Дар Ӯзбекистон тасимим доранд истеҳсоли доруи муассирри зидди коронавирус таҳти унвони “Ковипир” -ро роҳандозӣ кунанд, дар ин бора Kun.uz бо истинод ба мушовири вазири рушди инноватсия Исоҷон Султонов хабар медиҳад.

Ба гуфтаи Султонов, ширкати дорусозии Nobel Pharmsanoat, ки дар Ӯзбекистон фаъолият мекунад, ба қайди давлатӣ гирифтани доруи дорои фавипиравирро оғоз кардааст.

Ба гуфтаи директори сифати ширкат Шамшод Шарипов, патент барои ин дору ба ширкати японии Toyama Chemical тааллуқ дорад.

"Исбот шудааст, ки ин дору дорои доираи васеи зидди вирусҳо мебошад, ки кислотаи рибонуклеиро нигоҳ медорад (зуком, риновирус, вирусҳои роҳи нафас ғайра) ва таъсири мусбати зидди коронавирус дорад. Он аз моҳи феврали соли 2020 дар Ҷопон барои табобати беморони гирифтори коронавирус истифода шудааст. Аз ин моҳ сар карда, ширкати чинии Zhejiang Hisun Pharmaceutical ба истеҳсоли он таҳти бренди "Фавилавир" шурӯъ кард. Дар Русия Авифавирро моҳи майи соли равон аз ҷониби аз ҷониби Фонди сармоягузории мустақими Русия (РФПИ) ва гурӯҳи ширкатҳои "Химрар" таҳия карда карданд ва барои истеҳсол иҷозат дода шуд",-гуфт Шарипов.

Қайд карда мешавад, ки доруи "Ковипир" пеш аз ҳама барои эҳтиёҷоти Ӯзбекистон истеҳсол карда мешавад.

Мубталошавии рекордӣ ба коронавирус дар Ӯзбекистон: 262 ҳолат дар як рӯз

Бино бар пояи оморҳои ахир теъдоди гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон дар ҳоли афзоиш буда ба 10 ҳазору 459 нафар мерасад. Аз ин теъдод 38 нафар фавтидаю беш аз 6 ҳазору 628 бемор шифо ёфтаанд.

 

0