Участки праздника в День национального головного убора ак калпака в Бишкеке

Боз эътироз: таҷаммуи мардуми Қирғизистон дар шароити вируси корона

661
(Таҷдидшуда 01:57 30.06.2020)
Дар пойтахти Қирғизистон бо ҳузури наздик ба ҳазор нафар таҷаммуи эътирозӣ баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории Форс, таҷамми  эътирозии алайҳи қонуни назорат бар фазои  маҷозӣ дар пойтахти Қирғизистон баргузор шуд.

Дар ин таҷаммуъ беш аз ҳазор нафар иштирок намудааст ва аз Сооронбай Жээнбеков раисҷумҳури Қирғизистон хостори тасвиб накардани ин қонун шуданд.

Таҷаммуъгарон ба ғайр аз қонуни мазкур аз фаъолияти порлумони феълӣ низ норозигӣ баён карданд.

Ба ақидаи эътирозгарон намояндагони порлумон  талош барои дифо аз манофеи миллӣ намекунанду баракс иқдом ба тасвиби қавонини зидди мардумӣ мекунанд. 

Ба иттилои манбаъ, мақомот ба сокинони шаҳри Бишкек бо ишора ба густариши вируси корона иҷозаи баргузории ин таҷаммуъро надода буд, аммо ширкаткунандагон бо риояти усули беҳдошти, монанди истифода аз ниқоб ва риояти фосилаи иҷтимоӣ эътирози худро баён карданд.

Қонун дар бораи пурзӯр кардани назорати интернет аз ҷониби вакилони парлумони Қирғизистон Гулшод Аслабойова ворид карда шуд, ки онро парлумон дар қироатҳои якум, дуюм ва сеюм дастгирӣ карда, ба дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ барои имзо мунтақил шуд.

Ба назари намояндагони порлумон қонуни мазкур ба тақвияти амнияти иттилоот кӯмак мекунад, чароки густариши паёмҳои козиб дар фазои маҷозӣ табдил ба таҳдиди ҷидди шудааст.

Мухолифони ин қонун аз талоши давлат барои мубориза бо оппозитсия ва ташдиди беш аз ҳадди фазои маҷозӣ хабар медиҳанд.

661
Барчаспҳо:
вирус, таҷаммуъ, эътироф, пойтахт, Қирғизистон
Новорожденный, архивное фото

Дар Ӯзбекистон дугоникҳои сиомӣ вафот карданд

391
(Таҷдидшуда 18:45 06.07.2020)
Ба ҳамаи кӯшишу ғайрати пизишкон нигоҳ накарда, дугоникҳои сиомӣ, ки 27 июн дар Самарқанд ба дунё омаданд, вафот карданд

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон дугоникҳои сарчаспида, ки авохири моҳи июн таваллуд шуданд, даргузаштанд, хабар медиҳад Вазорати беҳдошти ин кишвар.

Ба ҳамаи кӯшишу ғайрати пизишкон нигоҳ накарда, дугоникҳои сиомӣ дар беморхонаи маҳаллӣ рӯзи душанбе вафот карданд.

"Ба кӯшишу ғайрати духтурон нигоҳ накарда, соати 7. 50 духтари якум ва соати 10. 50 духтари дуюмӣ ҷон дод", - омадааст дар хабарномаи Вазорат.

Пештар хабар дода шуд, ки дар яке аз марказҳои саломатии вилояти Самарқанди Ӯзбекистон дугоникҳои сиомии дусара таваллуд шуданд.

Пизишкон гуфтанд, духтараконе, ки 27 июн ба воситаи буриши қайсарӣ таваллуд шуданд, ба гурӯҳи нодири дугонаҳои сиомӣ дохил мешаванд, ки ин худ ба худ ҳодисаи камёфт аст.

Бино бар иттилои пизишкон, аз 200 ҳазор кӯдакони навзоде, ки ба дунё меоянд, эҳтимол дорад, 1 нафарашон бо чунин намуди беморӣ таваллуд шаванд.

"Онҳо як бадан, як ҷуфти даст ва пой, дил, шуш, меъда ва як бачадон доранд. Онҳо ба намуди камёфти дугонаҳои сиёмӣ дохил мешаванд", - мегӯянд пизишкон.

Вазни онҳо 4600 грамм ва қадашон 48 см буд.

391
Барчаспҳо:
вафот, Ӯзбекистон
Работники похоронного бюро выносят гроб из машины, архивное фото

Муфтиёт дастурамал барои ҷаноза ва маросими дафни фавтидагон аз коронавирусро таҳия кард

939
(Таҷдидшуда 13:16 06.07.2020)
Тавсияҳо барои дафн кардани мусулмонон дар замони пандемияи коронавирус бо Вазорати тандурустӣ мувофиқа карда шудааст

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Идораи динии мусулмонони Қирғизистон дар бораи қоидаҳои маросими дафни фавтидагон аз коронавирус фатво содир кард, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Ба иттилои манбаъ, муфтиёт фатворо дар мувофиқа бо Вазорати тандурустии ин кишвар содир намудааст.

Намояндагони Идораи динии мусалмонони Қирғизистон  хотиррасон мекунанд, ки тибқи қоидаҳои Ислом, хешовандон бояд ҷасади фавтидаро шуста, кафанпӯш намоянд ва сипас намози ҷаноза хонда шавад.

Аз духтарчаи 4-сола то марди 71-сола: 50 ҷасади интиқолёфта - кӣ буданду аз чӣ фавтиданд?

Аммо аз сабаби хатари паҳншавии COVID-19, шумораи ками одамон бояд дар намози ҷаноза ширкат кунанд. Дар ин ҳолат, бояд тамоми чораҳои  бехатарӣ, аз ҷумла масофаи иҷтимоӣ ва пӯшидани ниқоб риоя карда шавад.

Гузашта аз ин, Идораи динии мусалмонони ин кишвар таъкид намудааст, ки дар шароити ҳозира хондани намози ҷаноза дар як вақт барои чанд фавтида ҷоиз аст.

Муфтиёт ҳамзамон тавсия додааст, ки агар шустани ҷасад барои атрофиён хатарзо бошад, иҷро намудани шартҳои зерин кофист то ҷасадро зери хок кунанд:

  • Худро аз ҷасад канор гирифта онро бо об пошед
  • Агар имкони шустани ҷасад бо об надошта бошед, либоси муҳофизатӣ ба бар намуда рӯй ва дастҳои шахси фавтидаро то оринҷ молиш диҳед. Нафаре, ки ин корро анҷом медиҳад, нахуст бо даст бояд ба замин занад.
  • Агар ҷасадро худи пизишкон шуста кафанпеч намоянд, зарурати дигарбора шустани он лозим нест.
  • Ҷасадро ба ҳеҷ ваҷҳ сӯзондан ё бо кислота ва дигар маводҳои кимиёӣ пошидан мумкин нест.
  • Дар робита ба шароити кунунӣ ҷасадро дар халта ва ё тобут бояд дафн кард.
939
Барчаспҳо:
дастурамал, ҷаноза, дафн, Қирғизистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Дарёфти қабристони ғайрирасмии муҳоҷирон дар Якутия  

36
(Таҷдидшуда 09:58 07.07.2020)
Мақомоти тафтишоти ҷумҳурии Саха аз дафрёфти як қабристони ғайрирасмии мқҳоҷирин дар наздикии шаҳри Якутия иттилоъ додаанд

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии мақомоти тафтишотии Саха қабристони ғайрирасмии муҳоҷирин рӯзи 5 июл дар ҳудуди маҳаллаи Птицефабрика шаҳри Якутск, пойтахти ҷумҳурии Саха -и Русия ёфт шудааст.

Ба иттилои манбаъ,  ин қабристонро 300 метр дуртар аз қабристони расмӣ дар даруни ҷангал бо 5 қабр ёфтаанд.

"Ҳувияти ду нафари дафншуда муайян карда шуд ва барои муайян кардани се нафари дигар чораҳо андешида мешаванд",-омадааст дар иттилоияи мақомоти тафтишотӣ.

Қабрҳоро сокинони маҳаллӣ пайдо карданд, хабар медиҳад SakhaNews. Гуфта мешавад, ки ҳама қабрҳо наванд.

Парфирий Шестаков, директори корхонаи давлатии “Ритуал” гуфтааст, ду қабр ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон тааллуқ дорад ва барои муаян кардани боқимонда дафншудаҳо ҷамъиятҳои муҳоҷирони Якутск ҷалб хоҳанд кард.

36