Жители Тегерана идут по одной из центральных улиц в медицинских масках.

Эрон дар тавлиди воксани Ковид-19 наздик шуд

457
(Таҷдидшуда 17:51 30.06.2020)
Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз оғози марҳилаи озмоиши инсонии воксани Ковид-19 дар Эрон дар ояндаи наздик хабар дод

ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Саид Намакӣ рӯзи сешанбе дар маросими ифтитоҳии намоишгоҳи байналмилалии доруи "Фармекс ғарби Осиё 2020" дар Теҳрон бо ишора ба талоши муҳаққиқони эронӣ барои тавлиди воксани бемории Ковид -19 гуфт: Тести ҳайвонии воксани эронӣ бомуваффақият тай шудааст ва ба зуди марҳилаи озмоиши инсонии он оғоз мегшавад, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Вазири беҳдошти Эрон ба афзоиши тавлидоти дохилӣ дар ҳавзаи дору ва таҷҳизоти пизишкӣ низ ишора кард ва гуфт: "Дар шароити сахти таҳрим ҳеҷ беморӣ дар Эрон барои таҳияи доруҳои асосии худ дучори мушкил нашудааст.

Вазири беҳдошти Эрон таъкид дошт, дар даврони шуюи густариши вируси корона дар ҷаҳон бо ҳиммати ҷавонон ва ширкатҳои тавлидӣ, Эрон тавонист дар муддати 60 рӯз аз воридкунандаи ақломи мавриди ниёзи ҳифозатӣ ва дармонӣ ба содиркунандаи матраҳи ин ақлом табдил шавад.

Намоишгоҳи байналмилалии санъати доруии "Фармекс ғарби Осиё 2020" рӯзи сешанбе бо ҳузури тавлидкунандагон ва мутахассисони ин санъат  ва бо ҳузури маҷозии вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон кушоиш ёфт.

457
Барчаспҳо:
тавлид, озмоишгоҳ, пизишк, Эрон, Тоҷикистон
Новорожденный, архивное фото

Дар Ӯзбекистон дугоникҳои сиомӣ вафот карданд

409
(Таҷдидшуда 18:45 06.07.2020)
Ба ҳамаи кӯшишу ғайрати пизишкон нигоҳ накарда, дугоникҳои сиомӣ, ки 27 июн дар Самарқанд ба дунё омаданд, вафот карданд

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон дугоникҳои сарчаспида, ки авохири моҳи июн таваллуд шуданд, даргузаштанд, хабар медиҳад Вазорати беҳдошти ин кишвар.

Ба ҳамаи кӯшишу ғайрати пизишкон нигоҳ накарда, дугоникҳои сиомӣ дар беморхонаи маҳаллӣ рӯзи душанбе вафот карданд.

"Ба кӯшишу ғайрати духтурон нигоҳ накарда, соати 7. 50 духтари якум ва соати 10. 50 духтари дуюмӣ ҷон дод", - омадааст дар хабарномаи Вазорат.

Пештар хабар дода шуд, ки дар яке аз марказҳои саломатии вилояти Самарқанди Ӯзбекистон дугоникҳои сиомии дусара таваллуд шуданд.

Пизишкон гуфтанд, духтараконе, ки 27 июн ба воситаи буриши қайсарӣ таваллуд шуданд, ба гурӯҳи нодири дугонаҳои сиомӣ дохил мешаванд, ки ин худ ба худ ҳодисаи камёфт аст.

Бино бар иттилои пизишкон, аз 200 ҳазор кӯдакони навзоде, ки ба дунё меоянд, эҳтимол дорад, 1 нафарашон бо чунин намуди беморӣ таваллуд шаванд.

"Онҳо як бадан, як ҷуфти даст ва пой, дил, шуш, меъда ва як бачадон доранд. Онҳо ба намуди камёфти дугонаҳои сиёмӣ дохил мешаванд", - мегӯянд пизишкон.

Вазни онҳо 4600 грамм ва қадашон 48 см буд.

409
Барчаспҳо:
вафот, Ӯзбекистон
Работники похоронного бюро выносят гроб из машины, архивное фото

Муфтиёт дастурамал барои ҷаноза ва маросими дафни фавтидагон аз коронавирусро таҳия кард

951
(Таҷдидшуда 13:16 06.07.2020)
Тавсияҳо барои дафн кардани мусулмонон дар замони пандемияи коронавирус бо Вазорати тандурустӣ мувофиқа карда шудааст

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Идораи динии мусулмонони Қирғизистон дар бораи қоидаҳои маросими дафни фавтидагон аз коронавирус фатво содир кард, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Ба иттилои манбаъ, муфтиёт фатворо дар мувофиқа бо Вазорати тандурустии ин кишвар содир намудааст.

Намояндагони Идораи динии мусалмонони Қирғизистон  хотиррасон мекунанд, ки тибқи қоидаҳои Ислом, хешовандон бояд ҷасади фавтидаро шуста, кафанпӯш намоянд ва сипас намози ҷаноза хонда шавад.

Аз духтарчаи 4-сола то марди 71-сола: 50 ҷасади интиқолёфта - кӣ буданду аз чӣ фавтиданд?

Аммо аз сабаби хатари паҳншавии COVID-19, шумораи ками одамон бояд дар намози ҷаноза ширкат кунанд. Дар ин ҳолат, бояд тамоми чораҳои  бехатарӣ, аз ҷумла масофаи иҷтимоӣ ва пӯшидани ниқоб риоя карда шавад.

Гузашта аз ин, Идораи динии мусалмонони ин кишвар таъкид намудааст, ки дар шароити ҳозира хондани намози ҷаноза дар як вақт барои чанд фавтида ҷоиз аст.

Муфтиёт ҳамзамон тавсия додааст, ки агар шустани ҷасад барои атрофиён хатарзо бошад, иҷро намудани шартҳои зерин кофист то ҷасадро зери хок кунанд:

  • Худро аз ҷасад канор гирифта онро бо об пошед
  • Агар имкони шустани ҷасад бо об надошта бошед, либоси муҳофизатӣ ба бар намуда рӯй ва дастҳои шахси фавтидаро то оринҷ молиш диҳед. Нафаре, ки ин корро анҷом медиҳад, нахуст бо даст бояд ба замин занад.
  • Агар ҷасадро худи пизишкон шуста кафанпеч намоянд, зарурати дигарбора шустани он лозим нест.
  • Ҷасадро ба ҳеҷ ваҷҳ сӯзондан ё бо кислота ва дигар маводҳои кимиёӣ пошидан мумкин нест.
  • Дар робита ба шароити кунунӣ ҷасадро дар халта ва ё тобут бояд дафн кард.
951
Барчаспҳо:
дастурамал, ҷаноза, дафн, Қирғизистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Пробирки с биоматериалом в лабораторном комплексе

“Ковипир”: Ӯзбекистон тасмим дорад истеҳсоли доруи зидди коронавирусро ба роҳ монад

0
(Таҷдидшуда 11:10 07.07.2020)
Қайд карда мешавад, ки доруи "Ковипир" пеш аз ҳама барои эҳтиёҷоти Ӯзбекистон истеҳсол карда мешавад

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Дар Ӯзбекистон тасимим доранд истеҳсоли доруи муассирри зидди коронавирус таҳти унвони “Ковипир” -ро роҳандозӣ кунанд, дар ин бора Kun.uz бо истинод ба мушовири вазири рушди инноватсия Исоҷон Султонов хабар медиҳад.

Ба гуфтаи Султонов, ширкати дорусозии Nobel Pharmsanoat, ки дар Ӯзбекистон фаъолият мекунад, ба қайди давлатӣ гирифтани доруи дорои фавипиравирро оғоз кардааст.

Ба гуфтаи директори сифати ширкат Шамшод Шарипов, патент барои ин дору ба ширкати японии Toyama Chemical тааллуқ дорад.

"Исбот шудааст, ки ин дору дорои доираи васеи зидди вирусҳо мебошад, ки кислотаи рибонуклеиро нигоҳ медорад (зуком, риновирус, вирусҳои роҳи нафас ғайра) ва таъсири мусбати зидди коронавирус дорад. Он аз моҳи феврали соли 2020 дар Ҷопон барои табобати беморони гирифтори коронавирус истифода шудааст. Аз ин моҳ сар карда, ширкати чинии Zhejiang Hisun Pharmaceutical ба истеҳсоли он таҳти бренди "Фавилавир" шурӯъ кард. Дар Русия Авифавирро моҳи майи соли равон аз ҷониби аз ҷониби Фонди сармоягузории мустақими Русия (РФПИ) ва гурӯҳи ширкатҳои "Химрар" таҳия карда карданд ва барои истеҳсол иҷозат дода шуд",-гуфт Шарипов.

Қайд карда мешавад, ки доруи "Ковипир" пеш аз ҳама барои эҳтиёҷоти Ӯзбекистон истеҳсол карда мешавад.

Мубталошавии рекордӣ ба коронавирус дар Ӯзбекистон: 262 ҳолат дар як рӯз

Бино бар пояи оморҳои ахир теъдоди гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон дар ҳоли афзоиш буда ба 10 ҳазору 459 нафар мерасад. Аз ин теъдод 38 нафар фавтидаю беш аз 6 ҳазору 628 бемор шифо ёфтаанд.

 

0