ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Ҳасани Рӯҳонӣ ахиран дар ҷаласаи Ситоди миллии муқобила бо вируси корона гуфт, агар фарде мехоҳад вориди идорае шавад бояд аз ниқоби тиббӣ истифода кунад ва агар накард, набояд ба ӯ хизматрасонӣ карда шавад, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.
Раисҷумҳури Эрон таъкид кард, ки вуруди кормандон бидуни ниқоби тиббӣ ба идораҳо мамнуъ аст ва агар корманд дар идорае серодам бидуни ниқоби тиббӣ меояд, бояд барои ӯ фаҳмонанд ва ӯро баргардонанд.
Рӯҳонӣ афзуд, набояд иҷоза дода шавад, ки дар метро ва автобус мардум бидуни ниқоби тиббӣ ворид шаванд ва вазири умури дохила ва ҳамаи шаҳрдориҳо талоши худро ба кор бигиранд ва ҳар ҷо лозим аст аз неруи интизомӣ ва басиҷ истифода кунанд.
Раисҷумҳури Эрон ҳамчунин афзуд, мавзӯи муҳим ва мавриди таъкиди мо аз рӯзи аввал ин буд, ки бояд худамонро бо ин шароит омода кунем яъне аз рӯзи аввал гуфтем, ки ин вирус меҳмони нохондаи кутоҳмуддат нест ва мумкин аст то охири сол ва ҳатто то соли оянда низ идома дошта бошад.
Рӯҳонӣ таъкид кард, ки мардум бояд то замони тавлиди дору ва ё ваксина барои муқобила бо ин беморӣ, фарзро бар ин қарор диҳанд, ки ҳама мумкин аст олуда бошанд ва лизо бояд дар иртиботи иҷтимоӣ бо ашхос, ниҳояти диққат ва эҳтиёти лозимро ба амал оваранд.
Ҳамзамон, вай бо ташаккур аз ҳамаи муҳаққиқоне, ки барои ёфтани дору ва ё ваксинаи ин беморӣ талош ва кор мекунанд, ибрози умедворӣ кард, ки ин талошҳо идома ёбад ва ба натиҷаҳои мусбат бирасад.
ДУШАНБЕ, 26 январ - Sputnik. Собиқ президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ба маросими савгандёдкунии кишардори навинтихоб Содир Ҷабборов даъват шудааст. Ин хабарро сухангӯи президент Галина Байтерек таъйид кард.
Ба гуфти ӯ, ба маросим савгандёдкунӣ Роза Отунбоева ва чанде аз номзадҳои пешин ба мақоми президентӣ даъват шудаанд.
Жээнбеков, ки се сол дар сари қудрати Қирғизистон буд, пас аз ҳодисоти моҳи октябри соли 2020 ба истеъфо рафт. Содир Ҷабборов, ки он замон иҷрокунандаи вазифаи президент буд, қарор дар бораи собиқ президенти кишвар будани Жээнбековро имзо кард.
Ёдовар мешавем, Содир Ҷабборов зимни ноамниҳои ахир дар Қирғизистон аз маҳбас озод шуд ва нахуствазири ин кишвар таъйин гардид.
Савгандёдкунии хоксорона: Ҷабборов барои масрафоти зиёд аз кортежу банкет даст кашид
Зимнан, дар маракаи интихоботи президентӣ низ ширкат намуда, дастболо шуд. Акнун маросими савгандёдкунии ӯ 28 январ дар толори Филармонияи давлатии Қирғизистон баргузор мегардад.
ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik. Саиди Намакӣ, вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ахиран бо ишора ба талош барои сохти ваксинаи коронаии Эрон афзуд, ки воридоти ваксинаи зидди корона ба кишвар ба зудӣ оғоз мешавад, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.
Намакӣ афзуд, ки бо воридоти ваксинаи зииди вируси корона, эмгузаронӣ барои гурӯҳҳои ҳассосу пурхатар оғоз мешавад.
СММ ба тақсими ваксина алайҳи COVID - 19 шурӯъ кард: Тоҷикистон низ дар рӯйхат аст
Ҳамчунин Ҳуҷҷатуллоҳи Некии Маликӣ, раиси маркази итилоърасонии ситоди иҷроии фармони ҳазрати Имом (р) гуфт: “Пас аз баррасии саломати 21 довталабе, ки ваксинаи корони тавлидшуда дар Эрон ба онҳо тазриқ шуда аст, муҷаввизи тазриқ барои 14 довталаби дигар содир шуд”.
Марҳилаи аввали тазриқи инсонии мутолиъоти болинии нахустин ваксинаи коронаи сохти муҳаққиқони эронӣ бо номи "Кув Эрон баракат" 29 декабри 2020 рӯй довталабон оғоз шуд.
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Раиси Ҳизби либерал-демократи Русия, Владимир Жириновский макони истироҳат - Туркияро кишвари "маккортарин" номид.
"Ба Туркия наравед, маккортарин кишвар аст", - изҳор дошт Жириновский.
Бо чунин суханон Жириновский ҳамлаи мусаллаҳона ба чор шаҳрванди Русияро шарҳ дод. Ин ҳамла дар кӯчаи Бешикташи шаҳри Истамбул ба вуқӯъ пайвастааст.
Як марди кӯчарӯб ба ду зан ва як марди русиягӣ ҳамла кардааст. Гуфта мешавад, ки ӯ аз ҷиҳати равонӣ бемор будааст.
Шаҳрвандони Русия ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Сокинони маҳаллӣ ба захмиён кумаки аввалия расонида ва баъдтар онҳо бистарӣ карда шуданд.
Яке аз замхиёнро ба зудӣ аз бемористон ҷавоб хоҳанд дод, чун вазъи саломатии ӯ хуб арзёбӣ мешавад.
Жириновский: Тоҷикистон ва Арманистон бояд ба ҳайати Русияи Бузург ҳамроҳ шаванд
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш нархномаи истироҳат барои шаҳрвандони Русия дар Туркия дар қиёс бо соли 2020, то 15 дарсад боло рафт.
Коршиносон пешгӯӣ мекунанд, ки ин нархнома боз ҳам гаронтар хоҳад шуд. Ногуфта намонад, ки 90 дар сади истироҳаткунандагон Анталияро интихоб мекунанд.