Врач проводит осмотр пациента, архивное фото

Теъдоди қурбониёни коронавирус дар Қирғизистон ба 99 нафар расид

244
Шумораи ҳолатҳои фавт аз коронавирус дар Қирғизистон наздик ба 100 нафар шудааст. Вазорати тандурустӣ омори нави фавт аз ин бемориро нашр кард

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Қирғизистон боз 7 маризи дигар аз коронавирус ҷон бохтанд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба маълумоти Вазорати тандурустӣ.

Ба иттилои манбаъ, синну соли қурбониён аз 61 то 85 - сола буда, миёни онҳо ду корманди тиб, яке пизишки кӯдакон ва дигаре фелдшер қарор доштанд.

269 ҳолати ҷадид ва фавти 3 маризи коронавирус дар Қирғизистон давоми як рӯз

Бо илова шудани 7 ҳолати нав, теъдоди қурбониёни вируси COVID- 19 дар Қирғизистон ба 99 нафар баробар шуд.

Вазъият дар робита ба маризии коронавирус, аллахусус афзоиши ҳолатҳои фавт дар ин кишвар моҳи июл ваҳимтар гардид. Рӯзҳои 3 ва 5 - уми июл дар Қирғизистон давоми як шабонарӯз 10 нафар аз маризони коронавирус ба ҳалокат расиданд, ки ҳамчун фавти рекордӣ аз замони авҷ гирифтани ин беморӣ арзёбӣ мешавад.

244
Барчаспҳо:
фавт, Қирғизистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (737)
Шота Арвеладзе

Сармураббии "Пахтакор" мубталои коронавирус шуд: ӯ дар Қатар аз ташхис гузашт

57
(Таҷдидшуда 18:27 23.09.2020)
Ташхиси Шот Арвеладзе барои ошкор кардани вируси COVID-19, ки рӯзи сешанбе гирифта шуд, натиҷаи мусбат дод

ТАШКЕНТ, 23 сен — Sputnik.  Сармураббии тими "Пахтакор" Шот Арвеладзе мубталои коронавирус шуд, хабар медиҳад котиботи бошгоҳи футболи Тошканд.

Ба иттилои манбаъ, тими "Пахтакор" ҳоло барои иштирок дар лигаи қаҳрамонии Осиё дар Қатар қарор дорад.

"Бегоҳи дирӯз натоиҷи ташхиси сармураббии дастаи "Пахтакор" дмақиқ шуд. Маълум гардид, ки Арвеладзе гирифтори коронавирус аст, - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ меафзояд, феълан сармурабии тими мазкур дар инзиво қарор дорад.

Зикр мегардад, ки ҳайати дигари дастаи "Пахтакор" сиҳат буда, ба ин навъ маризӣ мубтало нестанд.

Ёдовар мешавем, моҳи июл панҷ бозингари ин даста якбора мубталои коронавирус шуданд.

57
Барчаспҳо:
маризӣ, Сармураббӣ, футбол, Ӯзбекистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (737)

Нигаронии СММ аз авҷи хушунатҳои бесобиқа дар Афғонистон

97
(Таҷдидшуда 19:28 22.09.2020)
Созмони Милали Муттаҳид аз ташдиди ҳамалот ва афзоиши кушторҳо дар Афғонистон ибрози нигаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Миссияи кӯмаки Созмони Милал дар Афғонистон (UNAMA) ахиран дар як изҳорот гуфт, афзоиши куштор ва хушунат дар Афғонистон дар панҷ ҳафтаи охир дар панҷ соли охир бесобиқа буд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Афзоиши хушунатҳо дар Афғонистон дар ҳоле аст, ки гуфтугӯҳои сулҳи байни афғонҳо дар Қатар идома дорад.

Намояндагии Созмони Милал дар Афғонистон таъкид кардааст, ки бояд иқдомоти фаврӣ барои муҳофизат аз ғайринизомиён ва эҷоди фазои мусоид барои гуфтугӯҳои сулҳ дар Дуҳа фароҳам шавад.

Ин баёния аз тарафҳои дахил дар раванди сулҳи Афғонистон хостааст ба хушунатҳо ва ҷанг поён диҳанд ва барои барқарории оташбас талош кунанд.

Бо афзоиши хушунатҳо дар саросари Афғонистон ҳар рӯз даҳҳо нафар кушта ва захмӣ мешванд.

97
Барчаспҳо:
ҳамалоти террористӣ, афзоиш, нигаронӣ, куштор, СММ, хушунат, Афғонистон
Река Кофарниган, архивное фото

Наврӯз нагуфт, ки ӯро Шаҳзода оташ зад: ҷузъиёти ишқи сӯзон дар Ваҳдат-видео

482
(Таҷдидшуда 21:13 23.09.2020)
Наврӯз Раҷабов ба Шаҳзода Шамсиева зарфи сӯзишворӣ дода, гуфтааст, ҳар коре бихоҳад бо ӯ анҷом диҳад, то дилаш ором шавад

ДУШАНБЕ, 23 сен – Sputnik. Тибқи гузориши ВУД, 26 - уми августи соли ҷорӣ, дар деҳаи Шаҳдбори шаҳри Ваҳдат, дар соҳили дарёи Кофарниҳон Шамсиева Шаҳзодаи 21-сола, дӯстдоштааш Наврӯз Раҷабови 25-соларо оташ задааст.

Наврӯз худаш ба Шаҳзода сӯзишворӣ дода гуфтаст, ҳар коре хоҳад бо ӯ бикунад

“Аз пушти мошин, бақлашкаи бензинро қатии зажигалка гирифта, дар дастам доду гуфт ин марҳамат чӣ кореям кунӣ, бикун, то дилат хунук шудана. Росто истода ин марҳамат гуфт. Ман ҳам бақлажка дар дастам, аз тори санг истода, болояш рехтам. Басай фиреб гуфтам, то кай фиреб мекунӣ, гуфтам, ин сӯ нигоҳ кун, ки зажигалкаро гирён кардаму оташ сӯяш давид”, - тавзеҳ дод Шаҳзода ҳодисаро.

ВУД мегӯяд, ҷабрдида содиркунандаи ин ҷиноятро пинҳон медошт, аммо кормандони милиса муайян кардаанд, ки ин корро Шаҳзода кардааст.

Наврӯз баъди сӯхтан ба Шаҳзода гуфтаст, ки ба касе чизе нагӯяд-видео

Шаҳзода дар гузориши ВУД изҳор дошт, ки Наврӯз дар роҳ ба ӯ гуфт, “рост ба хона рав, ба телефони ҳеч кас ҷавоб надеҳ, маро надидаӣ, намедонӣ”.

Шаҳзода изҳор доштааст, ки Наврӯз Раҷабов ба зиндагии осоиштаи ӯ дахл карда, сабабгори вайрон шудани оилааш шудааст.

Ба иттилои ВУД феълан аз рӯи ин ҳодиса алайҳи Шаҳзода парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

482