Президент дастур дод: доруи зидди вируси коронаро аз Русия харед

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонк Президент Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедов
 Президент Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедов  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақооти Туркманистон эълон кардааст, ки доруи зидди коронавирусро аз Русия харидоӣ хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 12 июл – Sputnik.  Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон ба Вазорати беҳдошти ин кишвар дастур дод, ки доруи зидди коронавирусро аз Русия харидорӣ кунад, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”.

Эмблема Всемирной организации здравоохранения - Sputnik Тоҷикистон
Ташрифи ҳайати СҶБ ба Туркманистон, кишваре, ки худро озод аз COVID-19 медонад

Тибқи ииттилои манбаъ, Вазорати беҳдошт ва саноати пизишкии Туркманистон бояд доруҳои зиддивирусии мавриди ниёзи тавлиди Русияро харидорӣ кунад.

Тибқи ин фармони раисҷумҳур, маркази мудирияти дорухонаҳои Вазорати беҳдошти Туркманистон ин масъулиятро бар ӯҳда гирифтааст.

Бояд гуфт, ки дар ҳоли ҳозир саноати пизишкии Русия тавониста 2 доруи муассири зидди коронавирусро тавлид кунад.

Ахиран Дафтари минтақавии СҶТ дар Аврупо оид ба ҳолатҳои фавқулодда гуфт, ки ҳайати созмон баҳри ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ дар робита ба омодагӣ ва пешгирии коронавирус ба Туркманистон мераванд.

Гуфта мешавад ин муддат, намояндагони СҶБ бо мутахассисони соҳаи тандурустӣ мулоқот намуда, кори муштаракро оид ба арзёбии хатар ва таҳияи механизмҳои вокуниш ба COVID-19 баррасӣ менамояд.

Министр иностранных дел Туркменистана Рашид Мередов - Sputnik Тоҷикистон
Аз СУТ наметарсем: Туркманистон боз гуфт, ки дар кишвар коронавирус нест

Ҳамчунин, ҳайати коршиносон аз муассисаҳои тиббӣ, марказҳои саломатии давлатӣ, озмоишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ ва нуқтаҳои даромадгоҳӣ дидан хоҳанд кад.

Қаблан вазири умури хориҷаи Туркманистон Рашид Мередов дар рафти нишасти матбуотие изҳор дошт, ки ҷумҳурӣ омода аст ҳайати СУТ-ро аввалҳои моҳи июл пешвоз гирад.

Мередов дар ҳамин нишасти матбуотӣ таъкид кард, ки то ҳол Туркманистон ба кишварҳое шомил мешавад, ки бо коронавирус рӯ ба рӯ нашудааст.

Ӯ далоили набудани коронаро на  саривақт бастани марз, балки рушди низоми тандурустӣ гуфтааст.

Лентаи хабарҳо
0