Работники морга погружают гроб с погибшим от коронавируса, архивное фото

Навори даҳшатбор аз сардхонаи Казоқистон: ҷасадҳои парешони қурбониёни COVID -19 - навор

2082
(Таҷдидшуда 17:02 17.07.2020)
Наворе, ки чанд рӯз пеш аз вазъи яке аз сардхонаҳои Қазоқистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезанад, шаҳрвандони ин кишварро шокӣ намудааст

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн гардидааст, ки дар он ҷасадҳои салафанпӯш рӯи фарш партофта шудааст. Гуфта мешавад, ин навор дар як сардхонаи шаҳри Аксай дар вилояти Ҷануби Қазоқистон сабт гардидааст.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Ужас в морге Аксая, ЗКО. #коронавирусвказахстане

Публикация от Информационный канал БАСЕ (@base.kz)

Муаллифи навор изҳор доштааст, ки ҷасадҳои партофта ба қурбониёни коронавирус тааллуқ доранд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз дидани чунин вазъият дар сардхонаи шаҳрӣ шадидан изҳори нигаронӣ намуданд.

Зимнан, навори мазкурро масъулини Раёсати вазорати тандурустии вилояти Ҷануби Қазоқистон низ шарҳ додаанд.

Дар Қазоқистон 307 ҳолати нави гирифторшавӣ ба коронавирус сабт гардид

Ба изҳори намояндагони раёсат,рӯзи 13 - уми июл ба сардхонаи мазкур нимашаб чанд ҷасади дигар интиқол дода шуд.

"Он вақт кормандони сардхона ҷасадҳои қаблан интиқолдодаро ҷо ба ҷо накарда буданд. Бо илова шудани чанд ҷасади тоза интиқолёфта, чунин вазъи даҳшатбор сурат гирифт", - таъкид мешавад дар хабари Раёсати вазорати тандурустӣ дар вилояти Ҷануби Қазоқистон.

Гуфта мешавад, навори мазкурро яке аз кормандони сардхона ба навор гирифта дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намудааст. Феълан тафтишот аз рӯи ин ҳодиса идома дорад.

2082
Барчаспҳо:
қурбониён, сардхона, навор, Қазоқистон
Вид на город Ташкент

Собиқ вакил раиси Маркази тоҷикони Ӯзбекистон интихоб шуд

650
Дар Ӯзбекистон раиси Маркази миллии фарҳангони тоҷиконро аз нав интихоб карданд. Пештар раиси марказ истеъфо дода буд

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Гуландом Субҳонова, собиқ вакил дар Ӯзбекистон раиси Маркази миллии фарҳангии тоҷикони кишвар интихоб гардид. Дар ин бора расонаҳои кишвар хабар медиҳанд.

Пештар раиси ин марказ шоир, олим ва файласуф Ҷаъфари Муҳаммад истеъфо дода буд.

"Гуландом Субҳонова раиси нави Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон интихоб карда шуд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ҳамчунин оинномаи нави Маркази миллӣ-фарҳангӣ низ, ки ба тозагӣ таҳия шудааст,  қабул гардид ва барои тасдиқ ба Вазорати адлияи ҶӮ ирсол хоҳад шуд.

Гуландом Субҳонова зодаи вилояти Сирдарё аст. Маълумоташ олӣ, миллаташ – тоҷик. Соли 1971 донишкадаи омӯзгориро дар риштаи забон ва адабиёти рус хатм кардааст.

Борҳо вакили шӯрои вилояти Ҷиззах ва чанде аз ноҳияҳои он интихоб шудааст. Дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ кор кардааст. Соҳиби мукофотҳои давлатӣ мебошад. Муддати ду соли охир муовини якуми раиси Маркази тоҷикони Ӯзбекистон буд.

Маркази миллӣ-фарҳангии Ӯзбекистон соли 2008 таъсис ёфтааст. Феълан сохтори он ба ҷуз идораи марказӣ аз шаш шуъбаи вилоятӣ, аз ҷумла дар вилоятҳои Қашкадарё, Сирдарё, Намангон, Фарғона, Бухоро, ва Самарқанд ва ду шуъбаи шаҳрӣ – "Ориёно" дар Тошканд ва "Суғдиён" дар Чирчиқ иборат аст.

Дар қатори лоиҳаҳои калоне, ки ин марказ амалӣ намудааст, метавон  роҳандозии ҷашнвораҳоро бахшида ба  2700-солагии Авасто, 1150-солагии сардафтари адабиёти тоҷику форс Абӯабдулло Рӯдакӣ, ҳаёт ва эҷодиёти Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯалӣ Ибни Сино, Ҷалолиддини Балхӣ, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Садриддин Айнӣ ном бурд.

Масъуди Мирзо дар Ӯзбекистон раиси Маркази миллии тоҷикон интихоб шуд-акс

Марказ ҳар сол Рӯзи забони тоҷикӣ, мушоираҳо, мулоқот бо адибони тоҷик,  озмуни донандагони беҳтарини таъриху фарҳанги тоҷик, мусобиқаи фарогир оид ба бозии қадимаи ниёгони мо – шоҳмот доир менамояд, дар таҷлили ҷашнҳои Наврӯз, Сада ва Меҳргон ва ғайра ҳиссаи муносиб мегузорад.

Бо Марказ бисёр шахсиятҳои маъруфи Ӯзбекистон – фарзандони миллати тоҷик, амсоли академики Академияи илмҳои Ӯзбекистон, поягузори Мактаби байналмилалии кайҳоннавардони наврас Шавкат Воҳидов, Қаҳрамони Ӯзбекистон, меъмори самарқандӣ Мирумар Асадов ва дигарон ҳамкорӣ доранд.

650
Барчаспҳо:
вакил, раис, Ӯзбекистон, тоҷик
Город Ташкент, архивное фото

Содиқ Сафоев: ҳамкориҳои Маскаву Тошканд дар соли 2021 боз ҳам хубтар мешавад

104
(Таҷдидшуда 18:15 21.02.2021)
Мақомоти порлумонии Русияу Узбекистон дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба, муҳоҷирати корӣ, тавсеаи гардишгарӣ, иқтисодӣ ва бозаргонӣ дар нишасти онлайнӣ ба тавофуқ расиданд

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik.  Панҷумин нишасти комиссиюни ҳамкориҳои байнипорлумонии маҷлиси Сенати Ӯзбекистон ва Русия бо ҳузури Содиқ Сафоев, муовини аввали раиси маҷлиси Сенати Ӯзбекистон ва  Илёс Умахонов, муовини раиси Шӯрои федерасиюни маҷлиси федералии Русия ба сурати видеоконфронс баргузор шуд, иттилоъ додааст хабаргузории Форс.

Дар ин нишаст эълом шуд ҳамкориҳои муассир байни маҷлиси Сенати Ӯзбекистон ва Шӯрои федерасиюни Русия барои тавсеъа ва таъмиқи ҳамкориҳои ҳамаҷониба дар чорчуби сохторҳои порлумонии муътабари байналмиллалӣ кумак мекунад.

Тарафҳо ҳамчунин ҳамкориҳои мутақобил дар заминаи муҷтамаъи зироъӣ ва саноъатӣ дар шароити коронаро низ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ӯзбекистон ваксинаи Sputnik V -ро барои истифодаи оммавӣ тасдиқ кард

Тибқи баррасиҳои анҷомшуда дар соли 2020  мубодилоти бозаргонӣ байни ду кишвар нисбат ба соли 2019, 1,5 баробар афзоиш ёфтааст.

104
Барчаспҳо:
иқтисод, тавсеа, муҳоҷират, ҳамкорӣ, Русия, Ӯзбекистон
Конкурс Чакомаи Гесу в Худжанде

Мӯдарозтарин духтари Душанберо муайян карданд

0
(Таҷдидшуда 21:07 24.02.2021)
Дар Душанбе фестивали "Чакомаи гесу" ҷамъбаст гардид ва ғолибони озмун - духтарони муйдарози пойтахт муайян шуданд

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр "Чакомаи гесӯ" баргузор гардид.

Дар оғози фестивал намоишгоҳи маҳсулоти ороишии  ҳунармандон, анвои гуногуни ороиши миллии занонаи аз ҷиҳати экологӣ фоидаовар ва лавозимоти марбут ба парваришу ороиши мӯйю рӯй  ба маъраз гузошта шуд.

Дар фестивал инчунин ашъори баланпоя ва суруду рақс, ривояту таронаҳои мардумӣ оид ба ҳусну таровати рӯй, ҷозибаи гесӯ, сарулибос ва ороишоти миллӣ, истифодаи маҳсулоти табиии ватанӣ дар парваришу нигоҳбини рӯйю мӯй ва муҳофизати пӯсти дасту рӯй тарғибу ташвиқ гардид.

Дар фестивали мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, Раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, ғолибони даври ноҳиявии фестивал аз ноҳияҳои пойтахт ва сокинони шаҳр  иштирок намуданд.

Мавриди зикр аст, ки давоми се соли охир фестивали мазкур дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар тамоми қаламрави мамлакат доир  мегардад.

Рустам Эмомалӣ қарор кард: дар Душанбе фестивали "Чакомаи гесу" баргузор шавад

Дар фарҷоми Фестивал ғолибони бахшҳои он ва иштирокчиёни фаъол бо диплому сипоснома ва ҷоизаи махсуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

0