Проверка температуры у прибывших пассажиров в Тегеран

Идомаи муборизаи Эрон бо коронавирус: шумори гирифторон ба 253 ҳазор нафар расид

97
(Таҷдидшуда 19:28 26.07.2020)
Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии ҳудуди 2000 бемори ҷадиди мубтало ба COVID-19 ва беҳбудии беш аз 253 ҳазор нафар дар кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 26 июл – Sputnik. Симо Содоти Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи якшанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба коронавирус дар кишвар элом кард, бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта, 2 333 бемори ҷадиди мубтало ба COVID-19 дар Эрон шиносоӣ шуд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Аз ин шумор 1282 мавриди ошкор шуда, бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ ба сурати сарпоӣ хадамот ироа шуд.

Маҷмӯи беморони коронавирус дар Эрон ба 291 172 нафар расидааст. Лорӣ ҳамчунин афзуд, дар тӯли 24 соати гузашта 216 нафар аз беморони COVID-19 ҷони худро аз даст додаанд.

Дар ҳамин ҳол номбурда афзуд, ки маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ ба 15 700 нафар расидааст.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, то кунун 253 213 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

97
Барчаспҳо:
вирус, дармон, пизишкон, омӯзиш, Эрон
Новорожденный

Даҳшат: сокини Хоразм аз бехонагӣ ва бепулӣ кӯдаки 2 - моҳаашро дар бозор партофту рафт

568
(Таҷдидшуда 14:06 01.10.2020)
Модари ин кӯдак қаблан барои ҷангу нофаҳмиҳо бо ҳамсараш, онҳоро тарк карда, ба самти номаълум рафтаст. Падар бошад, худро маст карда фарзанди 2 - моҳаашро дар бозор партофта, фирор кард

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Дар Тошканд ҷавони 32 - сола, ки сокини Хоразм мебошад, дар ҳолати мастӣ духтарчаи 2 - моҳаашро дар бозор партофта, фирор кардаст, хабар медиҳад Sputnik  Ӯзбекистон.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи даҳшатбор дар бозори "Чиланзар" рух додааст. 

Манбаъ аз қавли намояндагони пулис хабар медиҳад, ки оилаи ҷавон аз зодгоҳи худ барои дарёфти кор ва зиндаги хуб ба Тошканд кӯчиданд. Аммо бехонагӣ ва дарёфт накардани ҷойи кор, оилаи ҷавонро аз ҳам ҷудо кард.

Дар Қазоқистон 6 толибилми мактаб гирифтори коронавирус шуданд

Модари кӯдак барои муноқиша ва ҷангҳои пайваста бо ҳамсараш,фарзандашро партофта, ба самти номаълум фирор кардаст.

Зимнан, падари хонавода, дар бозори "Чиланзор" машруботи спиртиро истеъмол намуда, кӯдакашро назди фурӯшандаҳои бозор гузошта, ба самти номаълум ғайб зад.

Манбаъ меафзояд, кормандони пулис ҳар ду волидони кӯдакро пайдо карда, бо дархости модари навзод ӯву фарзандашро ба вилояти Сурхандарё, назди волидонаш гусел карданд.

568
Барчаспҳо:
кӯдак, Ӯзбекистон
В.Путин принимает участие в четвертом Каспийском саммите

Рӯҳонӣ: дахолати хориҷӣ дар муноқишаи Боку ва Ереван авзоъро печидатар мекунад

204
(Таҷдидшуда 21:53 30.09.2020)
Раисҷумҳурии Эрон бо ибрози нигаронӣ аз даргирии ахир байни Арманистон ва Озарбойҷон, ҳаргуна дахолати хориҷӣ дар ин моҷароро мӯҷиби печидатар шудани авзоъ донист

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон ахиран дар тамоси телефонӣ бо Никол Пашиниян, нахуствазири Арманистон бо таъкид бар аҳамияти сулҳ, суботу амният дар минтақа афзуд, ки минтақаи Ғарби Осиё тавони бесуботӣ ва ҷанги ҷадидро надорад, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей".

Тавре манбаъ қайд намудааст, Рӯҳонӣ бо баёни ин ки бояд барои ҳаллу фасли масъалаи Қарабоғ дар чорчӯби муқаррароти байналмиллалӣ ва тамомияти арзӣ роҳи ҳалле ёфт шавад таъкид кард, ки таваққуфи ин даргириҳо барои Эрон муҳим аст ва Теҳрон интизор дорад Арманистон ва Озарбойҷон бо дироят ва хештандорӣ дар ин масир гом бардоранд.

Раисҷумҳури Эрон бо таъкид бар ин ки ҷанг роҳи ҳалли бартараф кардани мушкилоту танишҳо ва ихтилофот нест гуфт, ки ҳаргуна дахолати хориҷӣ дар ин моҷаро на танҳо ба ҳаллу фасли мушкил кумак намекунад балки даргириҳо ва танишҳоро тӯлонитар ва авзоъро печидатар хоҳад кард.

Рӯҳонӣ  ҳамчунин бо ишора ба аҳамият ва собиқаи тӯлонии равобити Эрон бо Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон, омодагии Теҳронро барои ифои ҳаргуна нақши созанда, ки мавриди назари ду кишвари дӯсту ҳамсоя бошад, эълом кард.

Никол Пашиниян низ бо ишора ба таҳаввулоти ахири ношӣ аз даргириҳои низомии Арманистон бо Озарбойҷон, танишу даргириро ба зиёни ҳамаи кишварҳои минтақа донисту аз ҳаргуна ибтикори амале барои таваққуфи хушунатҳо истиқбол кард.

Нахуствазири Арманистон ҳамчунин аз мудохилаи хориҷӣ дар масъалаи ихтилофоти Арманистон бо Озарбойҷон ибрози нигаронӣ кард.

204
Барчаспҳо:
Ереван, Боку, муноқиша, даргирӣ, моҷаро, хориҷӣ, Озарбойҷон, Арманистон, Эрон
Девушка за рулем автомобиля, архивное фото

Ҷазои Снежанна барои мошинронӣ бо суръати хеле баланд дар Душанбе-видео

0
(Таҷдидшуда 21:06 01.10.2020)
Раёсати умури дохилии Душанбе аз ҷаримабандии ҷавондухтаре хабар дод, ки мошинро дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт бо суръати 175 километр дар як соат рондаст

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Тибқи иттилои манбаъ, духтар мошинронияш бо суръати 175 км/соатро ба навор гирифта, дар саҳифаи шахсияш дар Инстаграм нашр намудааст. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз маъмурини милиса хостаанд, ки барои нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ронанда ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Раёсати умури дохилӣ хабар дод, ки дар пайи санҷиш муайян шуд, ронандаи мазкур Юдинна Снежанна Руслановна, сокини 29-солаи шаҳри Душанбе мебошад, ки ҳангоми идораи мошини шахсияш “Ауди А4” ба қонуншиканӣ роҳ додааст.

Манбаъ таъкид кард, ки бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати ронанда, барои бо суръати баланд идора намудани воситаи нақлиёт ва гузаштан дар чароғаки сурх санади маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ гардид.

0
Барчаспҳо:
ҷазо, ронанда, роҳ, Тоҷикистон