Тестирование на коронавирус (COVID-19)

Афзоиши гирифторону қурбониёни коронавирус дар Ӯзбекистон ва Қазоқистон

181
Дар ин ду кишвари Осиёи Марказӣ вазъияти эпидемиологӣ ваҳим аст. Дар Қазоқистон шумораи қурбониёни вируси корона бештар аз 600 тан будааст

ДУШАНБЕ, 28 июл – Sputnik. Теъдоди мубталоён ва ҷонбохтагони коронавирус дар кишварҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон афзоиш ёфт, гузориш медиҳад "Парс тудэй" дар истинод ба ниҳодҳои тандурустии ҳару кишвар.

Гуфта мешавад, Вазорати тандурустии Ӯзбекистон эълон кард, шумори мубталоён ба коронавирус дар ин кишвар ба 20 ҳазору 226 нафар расидааст.

Токунун 112 нафар низ дар Ӯзбекистон бар асари корона ҷон бохтанд.

Вазорати тандурустии Қазоқистон ҳам аз афзоиши шумори мубталоён ба коронавирус дар ин кишвар ба 80 ҳазору 226 нафар хабар дод ва эълон кард, аз ин теъдод 610 нафар ҷон  бохтанд.

Ёдрас мешавем, дар Қирғизистон низ вазъи эпидемиологӣ хуб нест.

Пештар мақомоти ин кишвар эълон карданд, ки дар як шабонарӯз 38 дардманди коронавирус ҷон аз даст доданд. Гуфта мешавад, мизони бештари маргу мир аз ин беморӣ ба пойтахти Қирғизистон - шаҳри Бишкек рост меояд.

Агар дар 7 минтақаи Қирғизистон аз 2 то 5 ҳолати фавт сабт гардида бошад, дар шаҳри Бишкек якбора 13 мавриди ҳалокати беморон аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Манбаъ меафзояд, аз замони авҷ гирифтани ин беморӣ дар Қирғизистон 1249 нафар қурбон гардиданд, ки дар қиёс ба маргу мир аз ин беморӣ дар Тоҷикистону Ӯзбекистон чанд маротиба зиёдтар аст.

Қобили зикр аст, ки сар аз 17 - уми июл Вазорати беҳдошти Қирғизистон омори коронавирус ва илтиҳоби шушро якҷоя намудааст.

181

Музокироти сулҳи Афғонистон мутаваққиф шуд

260
(Таҷдидшуда 13:36 28.09.2020)
Музокироти сулҳи Афғонистон, ки аз ду ҳафта пеш дар Давҳаи Қатар оғоз шуда буд, ба хотири ихтилофи назар дар барномаи кории музокирот миёни ду ҳайати музокиракунанда мутаваққиф шудааст

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Пойгоҳи хабарии Садои Афғонистон рӯзи якшанбе эълом кард, бо гузашти ду ҳафта аз оғози гуфтугӯҳои сулҳи ҳайатҳои гуфтугӯкунандаи давлати Афғонистон ва гурӯҳи Толибон (мамнуъ дар қаламрави Русия)  дар Давҳа, пойтахти Қатар манобе дар Қатар мегӯянд, ки барномаи кории музокирот таҳиянашуда ва рӯзи гузашта ҳеч дидоре миёни ду тараф баргузор нашудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Бино бар иттилои манбаъ, як узви ҳайати гуфтугӯкунандаи Толибон (мамнуъ дар қаламрави Русия) гуфтааст, ки аъзои ҳайати давлати Афғонистон ҳамоҳанг нестанд ва ба ҳамин далел гуфтугӯҳо мутаваққиф шудааст.

Ин узви Толибон(мамнуъ дар қаламрави Русия)  гуфтааст, ки аъзои ҳайати давлати Афғонистон аз ҷараёнҳо ва аҳзоби мухталиф намояндагӣ мекунанд ва замоне, ки ба нишаст меоянд, хости ҷадидеро матраҳ мекунанд ва бо наздик шудан ба натиҷаи ниҳоӣ аз нишаст мераванд ва пас аз бозгашташон ба маҷлис, таъбирашон тағйир мекунад.

Ин дар ҳоле аст, ки Нодир Нодирӣ, узви ҳайати музокиракунандаи давлати Афғонистон гуфтааст, Толибон (мамнуъ дар қаламрави Русия)  ба дунболи музокироти муҷаддад дар мавриди бархе ҷанбаҳои тавофуқе аст, ки онон дар 29 феврал дар Давҳа бо Амрико ба тавофуқ расиданд.

Нодирӣ гуфт, ки Толибон (мамнуъ дар қаламрави Русия)  бо ҳадаф қарор додан нерӯҳои амниятӣ ва ғайринизомиён дар талош аст то давлатро дар Кобул таҳти фишор қарор диҳад.

Ҳайати музокиракунандаи давлати Афғонистони ибрози умедворӣ кардааст, дар ин давр битавонанд бо Толибон дар бораи оташбас ба як тавофуқи матлуб даст ёбанд.

260
Барчаспҳо:
барнома, ихтилоф, мутаваққиф, сулҳ, музокирот, Афғонистон
Пассажирский самолет

Ҳушдори гурӯҳи Толибон ба ширкатҳои ҳавопаймоии Афғонистон

738
(Таҷдидшуда 13:34 28.09.2020)
Гурӯҳи Толибон (мамнӯъ дар қаламрави Русия) ба ширкатҳои ҳавопаймоии Афғонистон ҳушдор додааст, ки дар сурати бетаваҷҷӯҳии меҳмондорони ҳавопаймоҳо ба мавозини исломӣ дар пӯшиш ва ороиш, ба онҳо ҳамла хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Гурӯҳи Толибон (мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон) бо интишори эъломияе ба ширкати ҳавоии “Kam Air” ҳушдор додааст, ки агар то як ҳафта меҳмондорони зан ҳиҷоби исломиро риоят накунанд ва даст аз ороиш бар надоранд, ҳавопаймоҳои ин ширкатро ҳадафи ҳамалот қарор хоҳанд дод ва масъуляти баъдӣ ба дӯши мудирияти “Kam Air” хоҳад буд на Толибон, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.

Бино бар иттилои манбаъ, Толибон (мамнӯъ дар қаламрави Русия) ҳамчунин гуфтаанд, ки меҳмондорони зан ҳақ надоранд бидун маҳрами шаръӣ вориди ҳавопаймо шаванд.

Дар эъломияи Толибон (мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон) омадааст, ки тамоми ширкатҳои ҳавоӣ мукаллаф ба пайравии ин аҳком ҳастанд.

Гурӯҳи Толибон дар ҳоле ин эъломияро содир кардаанд, ки музокироти сулҳ дар Давҳаи Қатар мутаваққиф шудааст ва тарафайн то кунун ба тавофуқе даст наёфтаанд.

738
Барчаспҳо:
ширкат, исломӣ, ҳушдор, ҳавопаймо, Толибон, Афғонистон
Панорама города Худжанд, архивное фото

Қаҳрамонии як мансабдори БДА: донишҷӯдухтарро аз худкушӣ дар Сирдарё наҷот додааст

0
(Таҷдидшуда 00:08 29.09.2020)
Раҳматзода Даврон, муовини сардори Бозрасии давлатии автомобилии (БДА) Суғд шоми гузашта бо иҷрои як амали фаврии худ, аз худкушии як донишҷӯдухтар дар Сирдарёи Хуҷанд пешгирӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Чанд нафар аз шоҳидони ҳодиса ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳудуди як соат пеш як донишдухтари тақрибан 18 сола ба қасди худкушӣ худро аз болои купрук (мост) ба дарё сарозер намудааст.

Раҳматзода, ки ин ҳангом барои иҷрои вазифаҳои хидматӣ аз болои купрук мегузашт манзари ғарқшавиро дида, фавран бо қойиқ ба маҳалли ҳодиса шитофта, донишҷӯдухтарро, ки дар ҳоли фурурафтан ба коми дарё буд, ҳамроҳ бо кормандони ситоди ҳолатҳои фавқуллода аз об зинда берун кашидаанд.

Фахриддини Аваззод, корманди БДА Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба маҳзи кӯшиши ҳамкораш Раҳматзода ва кормандони КҲФ дар Суғд, он духтарча аз вартаи худкушӣ раҳо шудааст.

“Агар Раҳматзода ва кормандони КҲФ фавран ба қаъри дарё намерасиданд, шояд ин донишҷӯдухтар ба ҳалокат мерасид. Худоро шукр, ки зинда монд ва аз худғарқкунӣ наҷот дода шуд”, иброз намуд, Аваззод.

Ба иттилоъи манбаъ, зимнан донишҷудухтарро ба Бемористони шаҳрии № 1 Хуҷанд интиқол додаанд ва баъди пурра ба худ омадан аз вай сабаби даст ба чунин амал заданашро пурсон мекунанд.

Хабарҳо дар бораи даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон дар руду обанборҳо вақтҳои ахир зиёд ба нашр мерасад.

Фоҷиа дар Ғарм: модари ҷавон бо се фарзандаш худро ба дарё андохт

Субҳи имрӯз, дафтари матбуоти КҲФ Тоҷикистон низ аз дарёфти ду ҷасад аз дарёи Вахш хабар дод.

Бар пояи эълони КҲФ зани 31 солаи сокини ноҳияи Ёвон рӯзи 27 сентябр ҳамроҳ бо духтарчаи 9 солааш ба коми дарёи Вахш задааст.

0
Барчаспҳо:
худкушӣ, наҷот, БДА, Суғд, Тоҷикистон