Як бағоҷ чой, Хирсак ва пепси-кола: ёддоштҳои тоҷикон аз Олимпиадаи 80-ум

237
(Таҷдидшуда 16:09 30.07.2020)
Барои тамошои Олимпиада дар соли 1980 аз тамоми гӯшаю канори Иттиҳоди Шӯравӣ меҳмонон омада буданд ва ҳар яки онҳо бо худ хотираҳои гуворое бурданд

ДУШАНБЕ, 30 июл – Sputnik. Олимпиадаи соли 1980 натанҳо барои варзишкорон, бакли барои шаҳрвандони оддии ин сарзамин ҷашни бузурге буд.

Sputnik Тоҷикистон дар ин гузориш нақл мекунад, чӣ гуна ин воқеъаи бузург ба ҳаёти мардуми оддии Тоҷикистони Шӯравӣ таъсир кард.

"Бори аввал пепси-коларо дидем"

Мусандиси тоҷик Шакармамад Курбонмамадов солҳои 80-ум дар Маскав довталаб буд. Ин марди ҷавон ба майдонҳои варзишӣ роҳ наёфта буд, вале пурра бо ҳолу ҳавои Олимпиада ошно шуд. 

Бино ба ёддоштҳои ӯ, Маскав барои қабули меҳмонони хориҷӣ омодагии ҷиддӣ дида буд: дар дохили метро истгоҳҳоро ба ду забон -  русӣ ва англисӣ эълон мекарданд ва дар тамоми кунҷу бурҷи пойтахт нишонаҳоеро бо суроғаи майдонҳо, макони баргузории Олимпиада ва меҳмонхонаҳо насб карда буданд.

"Шояд имрӯз барои бархе ин як чизи муқаррарӣ бошад, вале мо дар даврони Олимпиада нахустин бор пепси-коларо дида будем. Барои мо ин як навгонии бузург буд. То ҳол маззашро дар ёд дорам", - нақл кард муҳандиси тоҷик.

Шакармамад ва дӯстонаш ҳамаи мусобиқаҳои варзиширо тариқи телевизион аз дохили хобгоҳашон тамошо карданд. Ҷавонон дар паи дарёфти ҳамшаҳриҳои худ набуданд, балки ҳамаи варзишкорони Иттиҳоди Шӯравиро дастгирӣ мекарданд. Ногуфта намонад, ки он замон ғайр аз хобгоҳи Донишгоҳи дӯстии халқҳо (донишгоҳе, ки Шакармамад дохил шуда буд - шарҳ аз идора), дигар ҳамаи хобгоҳҳо барои варзишгарон ва меҳмонони олимпиада ҷудо шуда буданду худи донишҷӯён ба хонаҳояшон равон карда шуданд.

Ба гуфти Курбонмамадов он солҳо мардум онқадар боҷуръат набуданд, ки дар кӯчаҳо бо шаҳрвандони хориҷӣ ошно шаванд, гарчанде имконияти хубе буд.

"Дар ёд дорам, дар ҳамаи кунҷу бурҷи Маскав тарабхонаҳои тобистона сохта шуданд. Аксари сайёҳони хориҷӣ дар он ҷойҳо ғизо мехӯрданду истироҳат мекарданд. Вале мо онқадар боҷуръат набудем, ки рафта бо онҳо шинос шавем. Ҳоло замона васеътар шудааст ва ҷавонон ҳатто дар кишварҳои хориҷ зуд ошно пайдо мекунанд".

Оташи олимпӣ ва магнитофон

Рӯзноманигори тоҷик Зулфиқори Исмоилиён ба Олимпиадаи соли 1980 чун сайёҳ омада буд, чун танҳо бо ин роҳ мешуд ба Олимпиада роҳ ёфт.

Меҳмони тоҷикро гуногунии анво дар бозорҳо ба ваҷд оварда буд: он солҳо дар Маскав чизҳое ёфт мешуд, ки дар дигар кишварҳои Собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар бораашон ҳатто нашуднида буданд.

"Ноҳияе, ки мо дар он зиндагӣ мекардем ошхонаи бисёр бузург дошт. Дар як вақт наздики ҳазор кас метавонист наҳорӣ кунад. Дар ҳамон ошхона мо бори аввал табақҳо ва истаконҳои пластикиро дидем, барои мо ин як навгонӣ ва ғайримаъмулӣ буд", - ба ёд меорад ӯ.

Холисона, идона ва рекордӣ: Олимпиадаи солҳои 80 - ум дар Маскав - нодиртарин аксҳо

Вақти Олимпиада мағозаҳои Маскав пур буд. Рафҳои холии Универмаг бо анвои гуногун барои меҳмонон пур шуда буд.

"Чизе ки мехостем метавонистем бихарем. Он солҳо нахустин бор магнитоларо бароварда буданд, ки дар кишварҳои пасошӯравӣ дарёфт карданаш бисёр душвор буд. Дар рӯи магнитофон рамзи олимпиада дарҷ гардида буд. Боз Хирсак ва барои хоҳарону бародаронам чанд либос харидам", - нақл кард рӯзноманигор.

Ба далели гаронии чиптаҳо рӯзноманигори тоҷик натаоновист ба майдонҳои варзишӣ роҳ ёбад, вале шоҳиди эстафетаи оташи олимпӣ шуд.

"Дар замони Олимпиада мо эҳсос намекардем, ки дар Маскав одам бисёр аст, ҳама ҷо озод буд: мо дар боғҳо сайру гашт мекардем, ба консертҳо ва театрҳо мерафтем. Вақте оташи олимпиро аз кӯчаи Горкий мегузарониданд, ҳама ба балконҳои хонаҳояшон баромада тамошо мекарданд, мо низ ҳамроҳи анбӯҳи мардум шоҳиди эстафета шудем", - нақл мекунад Исмоилиён.

Ба гуфти журналист он замон дар ҳар кунҷи пойтахт сайёҳонро вохӯрдан мумкин буд. Албатта ҷавонон бо ҳам ошно мешуданд ва воқеъаҳои хандаовар ҳам рух медод.

"Ман боре бо як сайёҳ аз Испания ошно шудам ва ӯ ба ман воқеъаро нақл кард. Касе ба ӯ гуфтааст, ки дар Маскав чой нест ва ӯ бо худ як бағоҷ чой овардааст ва замоне ба Маскав расидааст фаҳмидаст, ки бо ӯ шӯхӣ кардаанд", - ба ёд овард мусоҳиб.

Тоҷикон ҳам миёни сайёҳон фарқкунанда буданд.

"Ман дар ёд дорам як мард аз шаҳри Кӯлоб бо тоқии тоҷикӣ ва чапан дар кӯчаҳо сайр мекард. Таваҷҷӯҳи ҳама ба ӯ ҷалб буд ва ҳама пурсон мешуданд, ки ӯ кист ва аз куҷост", - нақл кард бо табассум журналист.

Кӯдакии олимпӣ

Шаҳрванди Тоҷикистон Алишер Саидов Олимпиадаро дар даврони кӯдакиаш аз сар гузаронд.

Вале алоқа бо ин воқеъаи муҳим ҳанӯз соле қабл аз бозиҳои олимпӣ дар ургугоҳи Артек пайдо шуд.

"Ман он замон дар синфи 6-ум таҳсил мекардам ва пионер будам. Ғайр аз мо варзишкорон низ буданд. Танҳо пас аз як сол мо фаҳмидем, ки онҳо узви мунтахаби олимпии ИҶШС буданд", - нақл кард ӯ.

Барои кӯдакон тамоишои тамрини варзишкорон аҷоиб буд.

Дорандаҳои медалҳои тиллоии Олимпиадаи солҳои 80 аз Тоҷикистони Шӯравӣ ва ғайр - акс

"Шомгоҳон ҳама якҷо ҷамъ мешуданд, суҳбат мекарданд, аксбардорӣ мекарданд. Бархеашон саргузаштҳои ҷолиб нақл мекарданд", *- гуфт ӯ.

Муттаассифона ҳангоми бозгашт ҳама аксҳо гум шудаанд ва танҳо ёддоштҳои хотирмон боқӣ мондаанд. 

"Вақтҳои бисёр хуш буд, ки намешавад онро такрор кард. Ман он замонро бо дилгармӣ ёд мекунем", - афзуд Саидов.

Ҳамаи чиз барои меҳмонон: сайёҳон дар Маскав чӣ гуна шинохта мешуданд

Корманди соҳаи тиб Мадина Усмонова бо чиптае, ки аз тарафи ҷои кораш ба ӯ ҳадя шуд, ба Олимпиадаи соли 1980 роҳ ёфт. Барои як духтари ҷавон ин воқеъаи хотирмоне буд.

"Маскав хеле зебо оро дода шуда буд. Дар ҳама ҷо гулҳо, гриляндҳо шаҳрро зеб медоданд. Пойтахти Русия бо ранги олимпиада оро дода шуда буд ва ҳар ҷое гулҳои ромашка буд", - нақл кард ӯ.

Шаҳр баста ва нимпур буд. Ҳамаи ҷо озод буд ва дар мағозаҳо навбат набуду интихоб бисёр буд. Фурӯшандаҳо бояд забондон бошанд, дар сар кулоҳи зебо бо пешбанди крахмалӣ дошта бошанд. Ҳамаи милисаҳо либоси ягона доштанд.

"Ман барои харидорӣ ба мағозаи "Бухарест" рафта будам. Худро бо харидани ду шуба шод кардам ва пойафзоли истеҳсоли Чехославакия харидам. Бастаҳои этиленӣ он вақт барои ҳама навгонӣ буд, дар кӯчаҳо фахр карда қадам мезанӣ ва ҳама ба ту менигаранд. Дар бастаҳо акси матрёшка Катюша дарҷ гардида буд. Пасон ин ном бисёр маъмул шуд, аксари духтаронро Катюша ном мегузоштанд", - ба ёд меорад Усмонова.

Ба нақли ин зан он ҳангоми бисёр чизҳо навгонӣ буданд: "Фанта", пепси-кола, истаконҳои пластикӣ, бутербродҳо дар дохили қуттӣ ва шарбатҳо дар дохили қуттию бо ҷумак.

Шаҳрвандони шӯравӣ ҳам бисёр рамзҳои олимпиадаро харидорӣ мекарданд. Ҳамаи чиз бо нишонии олимпиадаро мардум бо ифтихор нигоҳ медоштанд. Масалан истаконе бо рамзи Олимпиада - 80 то ҳол дар хонаи Мадина ҳаст.

"Шаҳрвандони хориҷӣ бисёр буданд ва онҳо фарқкунанда буданд. Дар ҳамаи ҷо онҳо бо тарҷумонашон мегаштанд. Онҳо аслан крассовки мепӯшиданд ва онҳоро бо пойафзолашон шинохтан осон буд", - нақл кард Усмонова.

Вале аз воқеъоти варзишӣ хотираҳо камтар мондаанд. Маросими пӯшидашавиро ӯ чун аксари меҳмонон, аз хона тариқи телевизион тамошо кард.

237
Барчаспҳо:
саргузашт, меҳмонон, Маскав, Олимпиада

Вокуниши давлати Афғонистон ба суханони Доналд Трамп дар бораи Толибон

461
(Таҷдидшуда 10:10 22.09.2020)
Вазорати хориҷаи Афғонистон шомгоҳи якшанбе ба суханони раисҷумҳури Амрико, ки Толибонро гурӯҳи зираку сарсахт хонда буд, вокуниш нишон дод

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Ба нақл аз шабакаи телевизионии Тулӯъ, Гирон Ҳивод, сухангӯии вазорати хориҷи Афғонистон гуфт, ки суханони Доналд Трамп масрафи дохилӣ доштааст.

 Трамп рӯзи ҷумъа дар конфаронси хабарӣ гуфт, ки Амрико бо Толибон бисёр хуб муомила мекунад.

“Онҳо бисёр сарсахт, боҳуш ва тезбин ҳастанд, аммо шумо медонед, ки онҳо низ аз ҷанг хаста шудаанд”, - таъкид дошт Трамп

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи вазорати хориҷаи Афғонистон дар мавриди ин суханон гуфт, ки изҳороти раисҷумҳури Амрико барои расонаҳо ва мардуми худаш баён шудааст.

“Давлати Афғонистон кори худашро ба пеш ме‌барад”, - Гирон Ҳивод.

 Ба дунболи ҷонибдории Трамп аз Толибон, илова бар давлати Кобул бархе аз сиёсатмадорони Афғонистон низ изҳороти Трамп дар мавриди Толибонро дар воқеъ наздик шудани беш аз ҳадди Кохи Сафед ба ин гурӯҳ ва ба заъф кашондани ҳукумати Афғонистон медонанд .

 Ба гузориши шабакаи Тулӯъ, 9 рӯз аз вуруди гуруҳҳои Кобул ва Толибон ба Давҳаи Қатар мегузарад, аммо ду тараф то кунун муваффақ нашудаанд, ки дар бораи дастури музокирот ба тавофуқ бирасанд.

 Охирин изҳороти намояндагони давлати Афғонистон дар Давҳа нишон медиҳад, ки онҳо ба расидан ба оташбас дар ин давр аз музокирот бисёр умедворанд, дар ҳоле ки гуруҳи Толибон дастёбӣ ба оташбаси фавриро ғайримумкин медонад.

461
Барчаспҳо:
Доналд Трамп, вокуниш, Толибон, Раисҷумҳур, Амрико, Афғонистон
Вице-премьер Узбекистана Уктам Барноев

Вируси сархӯр: бар асари COVID-19 муовини сарвазири Ӯзбекистон даргузашт

1802
(Таҷдидшуда 17:24 20.09.2020)
Имрӯз дар шаҳри Тошканд бар асари вируси корона муовини сарвазири Ӯзбекистон Уктам Барноев даргузашт

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Имрӯз муовини сарвазири Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои рушди аграрӣ ва ҳифзи амнияти ғизоӣ Уктам Барноев даргузашт, иттилоъ додааст хабаргузории UzNews.uz дар истинод ба наздикони ӯ.

Гуфта шудааст, ки муовини сарвазири Ӯзбекистон дар синни 56-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Тибқи иттилои расмӣ, Уктам Барноев бар асари вируси корона даргузаштааст.

Таъкид шудааст, ки муовини сарвазири Ӯзбекистон дер боз аз вируси корона дар Олмон табобат мегирифт. Як ҳафта пеш ӯро ба як бемористонҳои шахсӣ дар Осиёи Марказӣ Аkfa Medline, ки дар шаҳри Тошканд воқеъ аст, интиқол доданд.

Уктам Барноев соли 1964 ба дунё омадааст. Ӯ хатмкунандаи Донишкадаи муҳандиси обёрӣ ва механизатсияи хоҷагии қишлоқи Тошкандро хатм кардааст.

Оқои Барноев дар солҳои 2000 то соли 2002 дар вазорати кишоварзӣ ва захираҳои оби Ӯзбекистон дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда кору фаъолият кардааст.   

Солҳои 2007 то 2008 Барноев ба ҳайи муовини аввали вазири кишоварзӣ ва захираҳои обӣ Ӯзбекистон кор кард. Сипас дар давоми ду сол Ҳокими вилояти Самарқанд кор кардааст.  Ҳамзамон ӯ соли 2016 ба ҳайси Ҳокими вилояти Бухоро низ кор кардааст.

Аз 6 июли соли 2020 ба вазифаи раиси Федератсияи асппарварӣ ва варзиши аспии Ӯзбекистон таъйин шуда буд.

1802
Барчаспҳо:
Тошканд, муовини сарвазир, даргузашт, вируси корона, Ӯзбекистон
Человек пишет в блокноте, архивное фото

Бори нахуст дар Колумбия шеъри тоҷикӣ садо дод

0
(Таҷдидшуда 18:03 22.09.2020)
Дар озмуне дар ин кишвар бори аввал аз Тоҷикистон шоири тоҷик, журналист ва мутарҷим Абдуқаҳҳори Қосим иштирок намуда, бо забони тоҷикӣ шеърҳои худро қироат намуд

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Бори нахуст дар Фестивали адабии байналмилалии Меделин шеъри тоҷикӣ садо дод, гузориш медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, дар 30-юмин солгарди Фестивали адабии байналмилалии Меделин, ки ба таври онлайн дар шаҳри Меделини Колумбия баргузор гардид ва дар он 40-умин солгарди таъсиси мукофоти алтернативии Нобел низ ҷашн гирифта мешавад, бори аввал аз Тоҷикистон шоири тоҷик, журналист ва мутарҷим Абдуқаҳҳори Қосим иштирок намуда, бо забони тоҷикӣ шеърҳои худро қироат намуд. 

Имсол дар Фестивал 180 нафар шоирону олимони маъруф ва 20 дорандаи мукофоти алтернативии Нобел аз 103 давлати дунё ширкат намуданд.

Фестивали мазкур соли 1991 аз ҷониби шоир, файласуф ва арбоби ҷамъиятӣ Фернандо Рендон таъсис дода шуда, соли 2006 ба Ҷоизаи алтернативии Нобел – “Барои ҳақиқат,  сулҳ ва адолати иҷтимоӣ” сазовор гаштааст.

Инчунин Фестивали адабии байналмилалии Меделин аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун мероси фарҳангии Колумбия эътироф гардидааст.

Абдуқаҳҳори Қосим дар суҳбат бо "Ховар" иброз намуд, ки “фестивал аз  моҳи октябри соли 2019 оғоз гардида, шоирону нависандагон маҳсули эҷоди худро тавассути сабти видеоӣ пешниҳод намуданд. Ман 15 шеъри худро, ки тараннумгари сарзамини Тоҷикистон, модар, ишқу муҳаббат ва Ватан буданд, қироат намудам”.

Сабти қироати муаллиф бо забони тоҷикӣ ва бо тарҷума ба забони испанӣ тӯли як соат дар ин фестивал тариқи сомонаҳои Ютуб, Зум, Фейсбук ва ғайра намоиш дода шуд. Инчунин аз ҷониби тарҷумонҳо маълумот дар бораи сарзамини Тоҷикистон  ва аксҳои табиати дилрабои мамлакатамон бо забони испанӣ пешниҳод гардиданд.

Эрдуғон дар маросими кушоиши масҷиди Аёсофия ба забони форсӣ шеър хонд- видео

Хусусияти дигари ҳамоиш он аст, ки намояндаи ҳар миллат бо забони худ суханронӣ ва шеър қироат мекунад.

Фестивали адабии байналмилалии Меделин то 10 октябр идома меёбад. То имрӯз дар ин фестивал зиёда аз 1800 шоир аз 170 давлати панҷ қитъаи рӯи дунё ва 165 миллат ширкат варзидаанд. Имсол ҳамоишро дар сомонаҳои иҷтимоӣ зиёда аз 350 ҳазор нафар тамошо кардаанд.

0