Афзоиши маризони COVID - 19 дар Ӯзбекистон: аз 30 ҳазор гузашт

270
(Таҷдидшуда 15:45 09.08.2020)
Вазорати тандурустии Ӯзбекистон омори дақиқи гирифторӣ, шифо ва фавт аз коронавируси COVID - 19 - ро нашр кард

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Дар Ӯзбекистон беш аз 30 ҳазор кас гирифтори маризии COVID - 19 шудаанд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати беҳдошти Ӯзбекистон.

Бино ба гузориши ин ниҳод дар давоми 24 соати гузашта дар кишвар 738 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID - 19 сабт шудааст.

"То 9 август дар ҳудуди Ӯзбекистон 30 197 кас мубталои коронавируси COVID - 19 шудаанд", - омадааст дар хабарнома.

Вазорати беҳдошти Ӯзбекистон афзуда, ки давоми шабонарӯзи гузашта дар кишвар 5 кас қурбони ин вабои аср шудааст. Шумораи умумии фавтидагон аз коронавирус ба 190 нафар расид.

Афзоиши рекордии гирифторони COVID - 19 дар Ӯзбекистон: аз 25 ҳазор гузашт

Дар баробари ин дар Ӯзбекистон беш аз 21,3 ҳазор кас аз маризии коронавирус шифо ёфтанд.

 

Ёдрас мешавем, ки нахустин ҳолати гирифторӣ ба коронавируси COVID - 19 дар бадани як мусофир, ки аз Фаронса омада буд, дарёфт гардид.

Пас аз гирифторӣ ба коронавирус кадом витаминҳоро бояд истеъмол кард?: посухи табиб

Дар Ӯзбекистон то 15 август карантин ҷорӣ гардидааст.

270
Барчаспҳо:
маризон, беморон, вируси нав, Ӯзбекистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (745)
Мигранты в аэропорту

161 ҳолат дар як рӯз: бад шудани вазъи коронавирус дар Қирғизистон

91
(Таҷдидшуда 14:31 27.09.2020)
Дар Қирғизистон пас аз як моҳи ба эътидол омадани вазъи коронавирус, боз мавориди олуда шудани сокинон ба ин маризӣ афзоиш ёфта истодааст

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Танҳо дар як шабонарӯзи ахир дар ин кишвар дасти кам 161 нафар тоза дардманди коронавирус шуданд.

Ситоди ҷумҳуриявӣ оиди мубориза бо коронавирус хабар дод, ки аз ҳама беш шумораи гирифторон дар вилояти Ботканд ба қайд гирифта шудааст.

Шабонарӯзи ахир дар ин вилоят 45 ҳолати ҷадиди гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардид. Ҳамчунин дар шаҳри Бишкек 29 ҳолат, Ҷалолобод 23 ва Ош 33 мавриди тоза мубтало шудани сокинон ба қайд гирифта шуд.

1 фавт ва 43 ҳолати ҷадиди гирифторшави ба коронавирус дар Тоҷикистон: вазорат тасдиқ кард

Дар минтақаҳои дигари ин ҷумҳурӣ, сатҳи сироятёбии сокинон нисбатан камтар сурат гирифтааст.

Ба ҳамин минвол, дар Қирғизистон шумораи умумии гирифторони коронавирус 46 251 нафар буда, ҳамчунин 1063 нафар аз замони авҷ гирифани ин маризӣ то ҳол ҷон аз даст доданд.

91
Барчаспҳо:
омор, маризӣ, Қирғизистон
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев

Раисҷумҳур: ҳоқимони шаҳру вилоятҳоро бояд халқ интихоб кунад

910
(Таҷдидшуда 21:03 26.09.2020)
Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон пешниҳод кард, ки ҳоқимони шаҳру вилоятҳоро халқ интихоб кунад

ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон бори дигар хостори он шуд, ки ҳоқимони шаҳру вилоятҳоро халқ интихоб кунад, хабар медиҳанд расонаҳои ин кишвар.

“Ҳокимонро бояд халқ интихоб кунад. Мо ҳатман ин корро мекунем”, — таъкид дошт раисҷумҳури Ӯзбекистон.

Манбаъ қайд кард, ки Шавкат Мирзиёев ҳануз моҳи декабри соли 2016 пешниҳод карда буд, ки ҳокимон дар кишвар бояд интихобӣ шаванд.

“Агар ҳар минтақа роҳбари худро интихоб кунад, афзоиши якбораи масъулияти роҳбарон дар назди мардум ва ҷомеаро чашмдор шудан мумкин аст”, — гуфт президенти Ӯзбекистон.

Бояд қайд кард, ки айни замон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошкандро президент таъйин ва озод мекунад.

Номзадҳои ҳоким барои тасдиқ аз ҷониби маҷлисҳои вакилони халқи вилоят ва шаҳри Тошканд пас аз машварат бо ҳар кадоме аз гурӯҳҳои ҳизбии маҷлиси дахлдор пешниҳод карда мешаванд.

 Дар айни замон, ҳокими ноҳия ва шаҳрҳоро ҳокимони вилоятҳо, ҳокими шаҳри Тошканд таъйин ва озод мекунанд ва аз ҷониби кенгаши (маҷлис) дахлдор тасдиқ карда мешаванд.

910
Барчаспҳо:
Раисҷумҳур, шаҳр, интихоб, вилоят, Шавкат Мирзиёев, Ӯзбекистон

Лавров дар бораи “Маҷрои Шимол 2”: барои Олмон ин масъалаи номус аст-видео

0
(Таҷдидшуда 20:48 27.09.2020)
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, мегӯяд, ИМА тариқи оммавӣ ба паст задани Иттиҳоди Аврупо ва махсусан Олмон машғул мебошад

Лавров дар пайи гуфтушунид бо ҳамтои эронияш, Муҳаммад Ҷавод Зариф, зимни нишасти матбуотӣ, аз ҷумла дар бораи лоиҳаи сохтмони лӯлаи газ “Маҷрои Шимол – 2” гуфт.

“Мо мебинем, ки чигуна ИМА ҳамарӯза тариқи оммавӣ талош мекунанд, Иттиҳоди Аврупоро паст зананд ва пеш аз ҳама Олмонро. ИМА аз забони намояндагони расмияш аз Олмон талаб мекунад, ки бахташро дарк кунаду амнияти энергетикияшро таъмин созад”, - изҳор дошт вазири умури хориҷии Русия.

Ба гуфтаи Лавров таҳримҳои амрикоӣ алайҳи лӯлаи газ ба он равона шудаанд, ки аврупоиҳоро водор созанд, гази ба маротиб қимати моеъро аз ИМА харанд.

Вазири умури хориҷии Русия илова намуд, ки раёсати ИМА талош дорад, ин иқдомашро ҳамчун “таҳкими амнияти энергетикии Аврупо” шарҳ диҳад.

Ба гуфтаи Лавров, акнун барои Олмон анҷоми сохтмони лӯлаи “Маҷрои шимол – 2” барои Олмон масъалаи нангу номус аст.

0
Барчаспҳо:
Иттиҳоди Аврупо, Олмон, Русия