Самолет на закате, архивное фото

Қазоқистон парвозҳои мунтазамро бо Русия ва 6 кишвари дигар барқарор мекунад

832
(Таҷдидшуда 20:02 12.08.2020)
Қазоқистон дар бораи барқарор кардани парвозҳои мунтазам бо шаш кишвари ҷаҳон аз 17 август эълон кард

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Парвозҳои байналмилалии Қазоқистон аз 17 август ботадриҷ барқарор карда мешавад, хабар медиҳад Кумитаи авиатсияи шаҳрвандӣ.

Рӯйхати мамлакатҳое, ки шаҳрвандони Қазоқистон метавонанд ба онҳо парвоз кунанд, зиёд нест - танҳо ҳафт кишвар: Русия, АМА, Белорус, Олмон, Недерланд, Миср ва Украина.

Сафорат дар бораи парвозҳои мунтазам миёни Русияву Тоҷикистон

"Вазорати тандурустӣ ҳамроҳ бо ҳукуматҳои авиатсионии кишварҳои дар боло зикршуда масъала барқарор кардани парвозҳои мунтазам пешакӣ баррасӣ кард", - омадааст дар хабарнома.

Парвозҳо мувофиқи созишномаи байналмиаллӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ роҳандозӣ мешаванд.

Дар бораи барқарор кардани парвозҳои мунтазам бо Тоҷикистон чизе гуфта нушадааст.

832
Барчаспҳо:
парвозҳои мустақим, барқароршавӣ, барқарорӣ, Қазоқистон, Русия
Тепловоз, архивное фото

Туркманистон сохтмони роҳи оҳани Афғонистон то сарҳади Тоҷикистонро анҷом хоҳад дод

98
(Таҷдидшуда 18:43 22.09.2020)
Намояндагони Туркманистон ва Афғонистон ҳамкориҳои минбаъда оид ба сохтмони роҳи оҳане, ки кишварҳои Осиёи Марказиро метавонад бо ҳам пайвандад, баррасӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 22 сен – Sputnik. Намояндагони ожонсии “Роҳи оҳани Туркманистон” ва Идораи роҳи оҳани Вазорати нақлиёти Афғонистон доир ба сохтмони роҳи оҳан дар доираи лоиҳаи ТАТ-ро гуфтугӯ анҷом доданд, иттилоъ додааст рӯзномаи интернетии “Turkmenistan.ru”.

Аз ҷумла тарафҳо сохтмони қитъаи роҳи оҳани Акина –Андхой ва Тургунди-Ҳиротро баррасӣ карданд.

Дар ҳоли ҳозир, 1,5 километр роҳи оҳан сохта шудааст. Ҳамчунин аз 33 иншооти обгузар, сохтмони 16 иншоот ба анҷом расидааст.

Баъд аз анҷоми хобондани роҳи оҳан дар қитъаи Акина – Андхой, қарор аст сохтмони ин роҳи оҳан то марзи Тоҷикистон идома ёфбад.

Ҳангоими гуфтушунид, таъкид шудааст, ки роҳи оҳани мазкур имкон медиҳад ба Афғонистон ба муносибатҳои иқтисодӣ боз ҳам бештар ҷалб шавад.

Гуфта шудааст, ки ин раванд метавонад ба пойдори сулҳ дар ин кишвар мусоидат кунад.

98
Барчаспҳо:
баррасӣ, сохтмон, роҳи оҳан, Афғонистон, Туркманистон, Тоҷикистон

Вокуниши давлати Афғонистон ба суханони Доналд Трамп дар бораи Толибон

485
(Таҷдидшуда 10:10 22.09.2020)
Вазорати хориҷаи Афғонистон шомгоҳи якшанбе ба суханони раисҷумҳури Амрико, ки Толибонро гурӯҳи зираку сарсахт хонда буд, вокуниш нишон дод

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Ба нақл аз шабакаи телевизионии Тулӯъ, Гирон Ҳивод, сухангӯии вазорати хориҷи Афғонистон гуфт, ки суханони Доналд Трамп масрафи дохилӣ доштааст.

 Трамп рӯзи ҷумъа дар конфаронси хабарӣ гуфт, ки Амрико бо Толибон бисёр хуб муомила мекунад.

“Онҳо бисёр сарсахт, боҳуш ва тезбин ҳастанд, аммо шумо медонед, ки онҳо низ аз ҷанг хаста шудаанд”, - таъкид дошт Трамп

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи вазорати хориҷаи Афғонистон дар мавриди ин суханон гуфт, ки изҳороти раисҷумҳури Амрико барои расонаҳо ва мардуми худаш баён шудааст.

“Давлати Афғонистон кори худашро ба пеш ме‌барад”, - Гирон Ҳивод.

 Ба дунболи ҷонибдории Трамп аз Толибон, илова бар давлати Кобул бархе аз сиёсатмадорони Афғонистон низ изҳороти Трамп дар мавриди Толибонро дар воқеъ наздик шудани беш аз ҳадди Кохи Сафед ба ин гурӯҳ ва ба заъф кашондани ҳукумати Афғонистон медонанд .

 Ба гузориши шабакаи Тулӯъ, 9 рӯз аз вуруди гуруҳҳои Кобул ва Толибон ба Давҳаи Қатар мегузарад, аммо ду тараф то кунун муваффақ нашудаанд, ки дар бораи дастури музокирот ба тавофуқ бирасанд.

 Охирин изҳороти намояндагони давлати Афғонистон дар Давҳа нишон медиҳад, ки онҳо ба расидан ба оташбас дар ин давр аз музокирот бисёр умедворанд, дар ҳоле ки гуруҳи Толибон дастёбӣ ба оташбаси фавриро ғайримумкин медонад.

485
Барчаспҳо:
Доналд Трамп, вокуниш, Толибон, Раисҷумҳур, Амрико, Афғонистон