Президент Кыргызской Республики Сооронбай Жээнбеков

Жээнбеков аз аҳамияти аламатгузории марз бо Тоҷикистон гуфт

163
(Таҷдидшуда 13:20 19.08.2020)
Дирӯз дар Қирғизистон президент Сооронбой Жээнбеков бо муовини сарвазири кишвар Акрам Мадумаров нишасти онлайнӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков аз аҳамияти муайянкунӣ ва аломатгузории марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар шароити пандемияи коронаврус гуфт.

Бино бар иттилои расонаҳои кишвар, дирӯз дар Қирғизистон президент Сооронбой Жээнбеков бо муовини сарвазири кишвар Акрам Мадумаров нишасти онлайнӣ анҷом дод.

"Меъёрҳои таъмини амнияти марзи кишвар дар шароити пандемияи коронавирус ва рушди ҳамкориҳои марзӣ, ҳамчунин масоили рушди иқтисодиву иҷтимоии вилояти Бодканд баррасӣ гардиданд", - гуфта мешавад дар иттилои дафтари матбуоти роҳбари давлат.

Қайд гардид, ки бо мақсади пешгирии ҳамагуна қазия дар марзи давлатӣ мақомоти маҳаллӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ байни сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

Хабар дода мешавад, ки ба наздикӣ муовинони сарвазири ду ҷониб - Тоҷикистон ва Қирғизистон мулоқот хоҳанд кард.

Жээнбеков: вазъ дар марз бо Тоҷикистон то ҳол мушкил мемонад

Ҳамчунин, роҳбари кишвар аз зарурати кӯмаки ҳаматарафа дар рушди вилояти Бодканд гуфт, ки аҳолиаш дар шароити машкил ба сар мебаранд.

163

Дар Қазоқистон 6 толибилми мактаб гирифтори коронавирус шуданд

100
Сар аз оғози соли хониш дар Ҷумҳурии Қазоқистон шаш хонандаи мактаб мубталои маризии коронавирус шуданд

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Дар Қазоқистон 6 хонанда мубталои маризии коронавирус шуданд, хабар медиҳад сардухтури санитарии Нурсултон Жанна Пралиева.

Ба изҳори ӯ, аз шаш хонандаи сироятёфта, 2 нафараш бидуни аломат мубтало шуда, дар чаҳор кӯдаки дигар нишонаҳои ин маризӣ пайдо шуданд.

61 фавт ва беш аз 8 ҳазор гирифтори ҷадид: омори коронавирус дар Русия

Пралиева мегӯяд, танҳо як кӯдак ба муассисаи таълимӣ меомад ва "шояд дар мактаб мубталои коронавирус шуда бошад".

"Панҷ толибилми дигар бошад, таълими фосилавӣ мегирифтанд ва сарчашмаи ба беморӣ гирифтор шудани онҳо номаълум аст", - изҳор дошт сардухтури санитарии Нурсултон.

Гузашта аз ин, ба маълумоти ин намояндаи тандурустӣ дар Нурсултон се кӯдаки боғчарав низ гирифтори коронавирус шуданд.

Жанна Пралиева мегӯяд, агар аз замони авҷ гирифтани вируси COVID - 19, аксар нафарони аз 45 то 60 сола боло мубтало мешуданд, ҳоло бештар ин вирус кӯдакону мактаббачаҳоро "сайд" мекунад.

Бояд гуфт, ки дар Нурсултон сар аз 13 - уми март то имрӯз, 14 084 ҳолати гирифторшавии шаҳрвандон ба коронавирус сабт гардидааст.

100
Барчаспҳо:
маризӣ, толибилм, Қазоқистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Музокироти сулҳи Афғонистон мутаваққиф шуд

271
(Таҷдидшуда 13:36 28.09.2020)
Музокироти сулҳи Афғонистон, ки аз ду ҳафта пеш дар Давҳаи Қатар оғоз шуда буд, ба хотири ихтилофи назар дар барномаи кории музокирот миёни ду ҳайати музокиракунанда мутаваққиф шудааст

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Пойгоҳи хабарии Садои Афғонистон рӯзи якшанбе эълом кард, бо гузашти ду ҳафта аз оғози гуфтугӯҳои сулҳи ҳайатҳои гуфтугӯкунандаи давлати Афғонистон ва гурӯҳи Толибон (мамнуъ дар қаламрави Русия)  дар Давҳа, пойтахти Қатар манобе дар Қатар мегӯянд, ки барномаи кории музокирот таҳиянашуда ва рӯзи гузашта ҳеч дидоре миёни ду тараф баргузор нашудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Бино бар иттилои манбаъ, як узви ҳайати гуфтугӯкунандаи Толибон (мамнуъ дар қаламрави Русия) гуфтааст, ки аъзои ҳайати давлати Афғонистон ҳамоҳанг нестанд ва ба ҳамин далел гуфтугӯҳо мутаваққиф шудааст.

Ин узви Толибон(мамнуъ дар қаламрави Русия)  гуфтааст, ки аъзои ҳайати давлати Афғонистон аз ҷараёнҳо ва аҳзоби мухталиф намояндагӣ мекунанд ва замоне, ки ба нишаст меоянд, хости ҷадидеро матраҳ мекунанд ва бо наздик шудан ба натиҷаи ниҳоӣ аз нишаст мераванд ва пас аз бозгашташон ба маҷлис, таъбирашон тағйир мекунад.

Ин дар ҳоле аст, ки Нодир Нодирӣ, узви ҳайати музокиракунандаи давлати Афғонистон гуфтааст, Толибон (мамнуъ дар қаламрави Русия)  ба дунболи музокироти муҷаддад дар мавриди бархе ҷанбаҳои тавофуқе аст, ки онон дар 29 феврал дар Давҳа бо Амрико ба тавофуқ расиданд.

Нодирӣ гуфт, ки Толибон (мамнуъ дар қаламрави Русия)  бо ҳадаф қарор додан нерӯҳои амниятӣ ва ғайринизомиён дар талош аст то давлатро дар Кобул таҳти фишор қарор диҳад.

Ҳайати музокиракунандаи давлати Афғонистони ибрози умедворӣ кардааст, дар ин давр битавонанд бо Толибон дар бораи оташбас ба як тавофуқи матлуб даст ёбанд.

271
Барчаспҳо:
барнома, ихтилоф, мутаваққиф, сулҳ, музокирот, Афғонистон
Люди в защитных масках

41 нафар мариз шуданду 48 кас шифо ёфтанд: омори нави коронавирус дар Тоҷикистон

0
(Таҷдидшуда 18:24 29.09.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави сироят, фавту шифоёбии шаҳрвандон аз маризии коронавирусро нашр намуд

ДУШАНБЕ 29 сен – Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 41 мавриди нави сироятшавӣ ба COVID-19 сабт гардид, хабар медиҳад Вазорати тандурустии кишвар.

Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта 72 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 48 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Манбаъ меафзояд, дар муддати аз 30 апрел то 29 сентябр шумораи гирифторони коронавируси нав ба  9 726 нафар расид. 

Дар Қазоқистон 6 толибилми мактаб гирифтори коронавирус шуданд

Гуфта мешавад дар Тоҷикистон то кунун 8531  нафар ё худ 87,7 дарсади гирифторон шифо ёфта, 75 нафар вафот кардаанд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

0
Барчаспҳо:
вазорати тандурустӣ, омор, маризӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон