свидетельства о рождении

Эрон гуфт кадом номҳои хонаводагӣ дар ин кишвар маҳбубияти бештар доранд

635
Имрӯзҳо 83 миллион шаҳрванди эронӣ бо ҳудуди 10 ҳазор номи хонаводагӣ шинохта мешаванд, ки бархе аз ин номҳо дорои фаровонии бисёр зиёде ҳастанд

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Санаи 21 август 1934 мелодӣ интихоби номи хонаводагӣ ё шӯҳрат барои эрониён иҷборӣ шуд ва лақабҳои қадимӣ канор рафт, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.

Бино бар иттилои манбаъ, пеш аз он низ дар соли 1297 хуршедӣ (1918 мелодӣ) яъне замони таъсиси идораи   сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва мувофиқи моддаи 3 қонун пешбинӣ шуда буд, ки ҳар як падари оила барои худ номи махсус гирад ва насаберо барои фарзандонаш интихоб кунад. Аммо иҷрои ин қонун ба таври ҷиддӣ ва ҳамагир, 16 сол баъд дар сол 1313 хуршеди рух дод. 

Гуфта шудааст, ким аз миёни номҳои хонаводагии эрониён, Муҳаммадӣ бештарин фаровониро дорад ва пас аз он Ҳусейнӣ, Аҳмадӣ, Ризоӣ, Муродӣ, Ҳайдарӣ, Каримӣ, Мусавӣ, Ҷаъфарӣ, Қосимӣ, Аббосӣ, Раҳимӣ, Иброҳимӣ, Зореъӣ, Маҳмудӣ, Ғуломӣ, Акбарӣ, Мирзоӣ ва Қурбонӣ ба тартиб бештарин фаровониро ба худ ихтисос додаанд.

Дар низоми номи хонаводагӣ дар Эрон, занон пас аз издивоҷ низ бо номи хонаводагии падари худ хонда мешаванд.

635
Барчаспҳо:
мардум, хонаводагӣ, ном, номгузорӣ, Эрон
Пробирка с коронавирусом 2019-nCoV

Қазоқистон марзкушоиро ба рӯи дигар кишварҳо қатъ мекунад

2
Мақомоти Қазоқистон пешниҳод дорад, ки дар робита бо авҷгирии дубораи коронавирус бозкушоии парвозҳо бо кишварҳо таваққуф гузошта шавад

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Вазорати тандурустии Қазоқистон пешниҳод дорад, ки аз 5 октябр бозкушоии парвозҳо бо дигар кишварҳо мутаваффиқ гузошта шавад, гуфт вазири тандурустии кишвар Алексей Тсой дар ҷаласаи ҳукуматӣ.

Ба гуфти ӯ ба далели бад шудани вазъи ҳамагирӣ дар кишварҳои хориҷа, барои пешгирии паҳншавии густурдаи коронавирус аз 5 октябр бозкушоии марзҳо ба рӯи дигар кишварҳо бояд ба таъхир гузошта шавад ва бо мамолике, ки аллакай парвозҳои мустақим кушода шудааст, шумораи парвозҳо набояд бештар шавад.

Ҳамчунин ӯ афзуд, ки эҳтимолан парвозҳо ба ҷониби Туркия кам карда шавад.

Вазир таъкид кард, барои шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои "категорияи дуввум" аз ҷумла - Швейтсария, Бритониё, Полша, Италия, Венгрия, дигар кишварҳои Урупо, ҳамчунин, Амороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саъудӣ, Ҳиндустон, Армнаистон, Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ - Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон назорати санитарӣ ҷорӣ карда шавад.

Мушкилӣ дар марзи Қазоқистон нархи газро дар Тоҷикистон боз боло бурд

Ҳарорати бадани мусофирон бояд санҷида шуда, пурсишнома гузаронида шавад. Ҳамчунин мусофирон бояд санади манфӣ будани ташхиси коронавирусро пешниҳод кунанд.

Барои кишварҳои узви Созмони иқтисодии УрОсиё ва Ӯзбекистон дар постҳои мошингузар низ, вазир чунин талаботро ҳатмӣ гуфт.

2
Барчаспҳо:
кишварҳо, боз, марзбандӣ, Қазоқистон

Дар Қазоқистон 6 толибилми мактаб гирифтори коронавирус шуданд

198
Сар аз оғози соли хониш дар Ҷумҳурии Қазоқистон шаш хонандаи мактаб мубталои маризии коронавирус шуданд

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Дар Қазоқистон 6 хонанда мубталои маризии коронавирус шуданд, хабар медиҳад сардухтури санитарии Нурсултон Жанна Пралиева.

Ба изҳори ӯ, аз шаш хонандаи сироятёфта, 2 нафараш бидуни аломат мубтало шуда, дар чаҳор кӯдаки дигар нишонаҳои ин маризӣ пайдо шуданд.

61 фавт ва беш аз 8 ҳазор гирифтори ҷадид: омори коронавирус дар Русия

Пралиева мегӯяд, танҳо як кӯдак ба муассисаи таълимӣ меомад ва "шояд дар мактаб мубталои коронавирус шуда бошад".

"Панҷ толибилми дигар бошад, таълими фосилавӣ мегирифтанд ва сарчашмаи ба беморӣ гирифтор шудани онҳо номаълум аст", - изҳор дошт сардухтури санитарии Нурсултон.

Гузашта аз ин, ба маълумоти ин намояндаи тандурустӣ дар Нурсултон се кӯдаки боғчарав низ гирифтори коронавирус шуданд.

Жанна Пралиева мегӯяд, агар аз замони авҷ гирифтани вируси COVID - 19, аксар нафарони аз 45 то 60 сола боло мубтало мешуданд, ҳоло бештар ин вирус кӯдакону мактаббачаҳоро "сайд" мекунад.

Бояд гуфт, ки дар Нурсултон сар аз 13 - уми март то имрӯз, 14 084 ҳолати гирифторшавии шаҳрвандон ба коронавирус сабт гардидааст.

198
Барчаспҳо:
маризӣ, толибилм, Қазоқистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон