Қонуни асосии Туркманистон ҳам тағйир меёбад: Бердмуҳаммадов таъйид кард

1200
(Таҷдидшуда 05:21 23.08.2020)
Ахиран раисҷумҳури Туркманистон ислоҳоти қонуни асосии ин кишварро таъйид кард

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik.  Ба нақл аз хабаргузории Форс, пас аз таъйиди ислоҳот дар қонуни асосӣ, нусхаи ниҳоии ин ислоҳот барои баррасӣ дар рӯзи 24 август, ба Маҷлиси Туркманистон ироа мешавад.

Раисҷумҳури Туркманистон писарашро вазир таъин кард

Соли гузашта Қурбонқулӣ Бердмуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон дар нишасти Шурои мардумӣ аз зарурати ислоҳи қонуни асосии кишвараш барои афзоиши ихтиёроти Шурои мардумӣ хабар дода буд.

Пеш аз ин Шурои мардумӣ танҳо як ниҳоди ифтихорӣ буд, ки дар он решсафедони кишвар ҳузур доштанд, аммо тасмимоти ин шуро лозимулиҷро набуд.

Туркманистон таътили марказҳои тиҷорӣ ва ресторанҳоро тамдид кард

Бо ислоҳи қонуни асосии Туркманистон ихтиёроти заминаи қонунгузорӣ байни маҷлис ва Шурои мардумӣ тақсим ва дар ҳақиқат ду парлумон дар ин кишвар ташкил мешавад.

1200
Барчаспҳо:
ислоҳот, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, тағйирот, Қонуни асосӣ, Туркманистон

Музокироти сулҳи Афғонистон мутаваққиф шуд

260
(Таҷдидшуда 13:36 28.09.2020)
Музокироти сулҳи Афғонистон, ки аз ду ҳафта пеш дар Давҳаи Қатар оғоз шуда буд, ба хотири ихтилофи назар дар барномаи кории музокирот миёни ду ҳайати музокиракунанда мутаваққиф шудааст

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Пойгоҳи хабарии Садои Афғонистон рӯзи якшанбе эълом кард, бо гузашти ду ҳафта аз оғози гуфтугӯҳои сулҳи ҳайатҳои гуфтугӯкунандаи давлати Афғонистон ва гурӯҳи Толибон (мамнуъ дар қаламрави Русия)  дар Давҳа, пойтахти Қатар манобе дар Қатар мегӯянд, ки барномаи кории музокирот таҳиянашуда ва рӯзи гузашта ҳеч дидоре миёни ду тараф баргузор нашудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Бино бар иттилои манбаъ, як узви ҳайати гуфтугӯкунандаи Толибон (мамнуъ дар қаламрави Русия) гуфтааст, ки аъзои ҳайати давлати Афғонистон ҳамоҳанг нестанд ва ба ҳамин далел гуфтугӯҳо мутаваққиф шудааст.

Ин узви Толибон(мамнуъ дар қаламрави Русия)  гуфтааст, ки аъзои ҳайати давлати Афғонистон аз ҷараёнҳо ва аҳзоби мухталиф намояндагӣ мекунанд ва замоне, ки ба нишаст меоянд, хости ҷадидеро матраҳ мекунанд ва бо наздик шудан ба натиҷаи ниҳоӣ аз нишаст мераванд ва пас аз бозгашташон ба маҷлис, таъбирашон тағйир мекунад.

Ин дар ҳоле аст, ки Нодир Нодирӣ, узви ҳайати музокиракунандаи давлати Афғонистон гуфтааст, Толибон (мамнуъ дар қаламрави Русия)  ба дунболи музокироти муҷаддад дар мавриди бархе ҷанбаҳои тавофуқе аст, ки онон дар 29 феврал дар Давҳа бо Амрико ба тавофуқ расиданд.

Нодирӣ гуфт, ки Толибон (мамнуъ дар қаламрави Русия)  бо ҳадаф қарор додан нерӯҳои амниятӣ ва ғайринизомиён дар талош аст то давлатро дар Кобул таҳти фишор қарор диҳад.

Ҳайати музокиракунандаи давлати Афғонистони ибрози умедворӣ кардааст, дар ин давр битавонанд бо Толибон дар бораи оташбас ба як тавофуқи матлуб даст ёбанд.

260
Барчаспҳо:
барнома, ихтилоф, мутаваққиф, сулҳ, музокирот, Афғонистон
Пассажирский самолет

Ҳушдори гурӯҳи Толибон ба ширкатҳои ҳавопаймоии Афғонистон

739
(Таҷдидшуда 13:34 28.09.2020)
Гурӯҳи Толибон (мамнӯъ дар қаламрави Русия) ба ширкатҳои ҳавопаймоии Афғонистон ҳушдор додааст, ки дар сурати бетаваҷҷӯҳии меҳмондорони ҳавопаймоҳо ба мавозини исломӣ дар пӯшиш ва ороиш, ба онҳо ҳамла хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Гурӯҳи Толибон (мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон) бо интишори эъломияе ба ширкати ҳавоии “Kam Air” ҳушдор додааст, ки агар то як ҳафта меҳмондорони зан ҳиҷоби исломиро риоят накунанд ва даст аз ороиш бар надоранд, ҳавопаймоҳои ин ширкатро ҳадафи ҳамалот қарор хоҳанд дод ва масъуляти баъдӣ ба дӯши мудирияти “Kam Air” хоҳад буд на Толибон, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.

Бино бар иттилои манбаъ, Толибон (мамнӯъ дар қаламрави Русия) ҳамчунин гуфтаанд, ки меҳмондорони зан ҳақ надоранд бидун маҳрами шаръӣ вориди ҳавопаймо шаванд.

Дар эъломияи Толибон (мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон) омадааст, ки тамоми ширкатҳои ҳавоӣ мукаллаф ба пайравии ин аҳком ҳастанд.

Гурӯҳи Толибон дар ҳоле ин эъломияро содир кардаанд, ки музокироти сулҳ дар Давҳаи Қатар мутаваққиф шудааст ва тарафайн то кунун ба тавофуқе даст наёфтаанд.

739
Барчаспҳо:
ширкат, исломӣ, ҳушдор, ҳавопаймо, Толибон, Афғонистон

Рубл боз паст шуду доллару евро боло рафт: Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро эълон кард

0
(Таҷдидшуда 00:37 29.09.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз эълон кард. Бар пояи овезаҳои бонкҳои кишвар имрӯз арзиши рубл дар бозори асъори кишвар дар ҳоли коҳишёбӣ буда, доллар ва евро гаронтар шудааст

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Тибқи нишондодҳои ҳафтаи равон қурби рубл нисбат ба сомонӣ қариб то чаҳор сомонӣ коҳиш ёфт.

Бонки миллии Тоҷикистон арзиши имрӯ 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1307сомонӣ  ва дар бозори нақд бошад 0.1350 сомонӣ нишон дода шудааст.
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3290 то 10.3300 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 
Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12.0529  то 12.3000сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла “Бонки Эсхата” нишондоди асъор  нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1355 то 0,1375 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 133 то 137 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1320 то 0,1400 сомонӣ нишон дода шудааст.

Дурнамои норушан: долларро дар охири соли 2020 чӣ интизор аст

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

0
Барчаспҳо:
евро, доллар, рубл, сомонӣ, қурби асъор, Тоҷикистон