Узбекские школьники, архивное фото

Рӯзи эҳтимолии оғози соли хониш дар Ӯзбекистон муайян шуд

638
(Таҷдидшуда 13:12 25.08.2020)
Имсол дар макотиби Ӯзбекистон дарсҳо ба шакли "синфхонаӣ" баргузор мешаванд, яъне хонандагон аз як синфхона ба синфхонаи дигар намераванд

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Санаи эҳтимолии оғози соли хониш дар Ӯзбекистон муайян шуд, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба Вазорати маориф.

Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов тариқи нишасти видеоӣ масъалаи маорифро баррасӣ кардааст.

"Дар ин ҷасала қарор шуда, ки ба таври озмоишӣ рӯзи 7 сентябр дар "минтақаҳои сабз" ва аз 14 сентябр дар дигар манотиқи кишвар таҳсил оғоз шавад". - омадааст дар хабарнома.

Маълум шуда, ки имсол дар макотиби Ӯзбекистон дарсҳо ба шакли "синфхонаӣ" баргузор мешаванд, яъне хонандагон аз як синфхона ба синфхонаи дигар намераванд.

Беш аз 232 ҳазор ба синфи 1 мераванд: оғози соли хониш бо дарси Раҳмон

Ҳамчунин ҳокимияти ҳамаи маҳаллаҳо вазифадор шудаанд, то мактабҳоро бо маҳлулҳои антисептикӣ таъмин намуда ва ҳамаи омӯзгоронро аз тести COVID - 19 гузаронанд.

Қавонини ҷадид дар макотиби Тоҷикистон: аз тартибот дар синфхонаҳо то ошхонаву ҳоҷатхона

Зиёда аз ин, дар ҳамаи мактабҳои Ӯзбекистон ҳуҷраҳои алоҳидаи ҷудонишиниӣ омода мешаванд ва ғизои толибилмон зери назорати қатъии Хадамоти санитарию эпидемиологӣ қарор мегирад.

638
Барчаспҳо:
оғоз, соли хониш, Ӯзбекистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (749)

Дар Қазоқистон 6 толибилми мактаб гирифтори коронавирус шуданд

106
Сар аз оғози соли хониш дар Ҷумҳурии Қазоқистон шаш хонандаи мактаб мубталои маризии коронавирус шуданд

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Дар Қазоқистон 6 хонанда мубталои маризии коронавирус шуданд, хабар медиҳад сардухтури санитарии Нурсултон Жанна Пралиева.

Ба изҳори ӯ, аз шаш хонандаи сироятёфта, 2 нафараш бидуни аломат мубтало шуда, дар чаҳор кӯдаки дигар нишонаҳои ин маризӣ пайдо шуданд.

61 фавт ва беш аз 8 ҳазор гирифтори ҷадид: омори коронавирус дар Русия

Пралиева мегӯяд, танҳо як кӯдак ба муассисаи таълимӣ меомад ва "шояд дар мактаб мубталои коронавирус шуда бошад".

"Панҷ толибилми дигар бошад, таълими фосилавӣ мегирифтанд ва сарчашмаи ба беморӣ гирифтор шудани онҳо номаълум аст", - изҳор дошт сардухтури санитарии Нурсултон.

Гузашта аз ин, ба маълумоти ин намояндаи тандурустӣ дар Нурсултон се кӯдаки боғчарав низ гирифтори коронавирус шуданд.

Жанна Пралиева мегӯяд, агар аз замони авҷ гирифтани вируси COVID - 19, аксар нафарони аз 45 то 60 сола боло мубтало мешуданд, ҳоло бештар ин вирус кӯдакону мактаббачаҳоро "сайд" мекунад.

Бояд гуфт, ки дар Нурсултон сар аз 13 - уми март то имрӯз, 14 084 ҳолати гирифторшавии шаҳрвандон ба коронавирус сабт гардидааст.

106
Барчаспҳо:
маризӣ, толибилм, Қазоқистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (749)

Музокироти сулҳи Афғонистон мутаваққиф шуд

272
(Таҷдидшуда 13:36 28.09.2020)
Музокироти сулҳи Афғонистон, ки аз ду ҳафта пеш дар Давҳаи Қатар оғоз шуда буд, ба хотири ихтилофи назар дар барномаи кории музокирот миёни ду ҳайати музокиракунанда мутаваққиф шудааст

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Пойгоҳи хабарии Садои Афғонистон рӯзи якшанбе эълом кард, бо гузашти ду ҳафта аз оғози гуфтугӯҳои сулҳи ҳайатҳои гуфтугӯкунандаи давлати Афғонистон ва гурӯҳи Толибон (мамнуъ дар қаламрави Русия)  дар Давҳа, пойтахти Қатар манобе дар Қатар мегӯянд, ки барномаи кории музокирот таҳиянашуда ва рӯзи гузашта ҳеч дидоре миёни ду тараф баргузор нашудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Бино бар иттилои манбаъ, як узви ҳайати гуфтугӯкунандаи Толибон (мамнуъ дар қаламрави Русия) гуфтааст, ки аъзои ҳайати давлати Афғонистон ҳамоҳанг нестанд ва ба ҳамин далел гуфтугӯҳо мутаваққиф шудааст.

Ин узви Толибон(мамнуъ дар қаламрави Русия)  гуфтааст, ки аъзои ҳайати давлати Афғонистон аз ҷараёнҳо ва аҳзоби мухталиф намояндагӣ мекунанд ва замоне, ки ба нишаст меоянд, хости ҷадидеро матраҳ мекунанд ва бо наздик шудан ба натиҷаи ниҳоӣ аз нишаст мераванд ва пас аз бозгашташон ба маҷлис, таъбирашон тағйир мекунад.

Ин дар ҳоле аст, ки Нодир Нодирӣ, узви ҳайати музокиракунандаи давлати Афғонистон гуфтааст, Толибон (мамнуъ дар қаламрави Русия)  ба дунболи музокироти муҷаддад дар мавриди бархе ҷанбаҳои тавофуқе аст, ки онон дар 29 феврал дар Давҳа бо Амрико ба тавофуқ расиданд.

Нодирӣ гуфт, ки Толибон (мамнуъ дар қаламрави Русия)  бо ҳадаф қарор додан нерӯҳои амниятӣ ва ғайринизомиён дар талош аст то давлатро дар Кобул таҳти фишор қарор диҳад.

Ҳайати музокиракунандаи давлати Афғонистони ибрози умедворӣ кардааст, дар ин давр битавонанд бо Толибон дар бораи оташбас ба як тавофуқи матлуб даст ёбанд.

272
Барчаспҳо:
барнома, ихтилоф, мутаваққиф, сулҳ, музокирот, Афғонистон

Тирамоҳи заррин дар Русия фаро расид: аксҳои фасонавӣ аз боғу гулгаштҳои ин диёр

0
(Таҷдидшуда 19:21 29.09.2020)
  • Манзараи Қасри Приора дар соҳили Баҳри сиёҳ дар вилояти Ленинград
  • Соҳили Кӯли Сафед  назди Осорхонаи давлатии мамнӯъгоҳи  Гатчина  дар вилояти Ленинград
  • Истироҳаткунандаҳо дар назди Осорхона - мамнӯъгоҳи Гатчин
  • Тирамоҳи заррин дар вилояти Красноярский
  • Тирамоҳи Новосибирск
  • Тирамоҳи Новосибирск, баргҳои зарду сурх, ки заминро оро медиҳанд
  • Манзараи тирамоҳӣ дар як деҳаи вилояти Красноярск
  • Наврас дар соҳили Баҳри сафед дар вилояти Ленинград
  • Барги хазонрез ва сайругашти духтаре бо ҳайвони хонагӣ дар Новосибирск
  • Сайру гашти сокинони вилояти Ленинград дар осорхона - мамнӯъгоҳи Гатчина
  • Минтақаи аҳолинишини вилояти Мурманск дар фасли тирамоҳ
  • Табиати зебои як деҳкада дар вилояти Красноярск
  • Киштиҳо дар Невки Санкт - Петербург
  • Ҳаловати кӯдак аз сайругашт дар боғи шаҳри Гатчина дар Санкт - Петербург
  • Омад  - омади тирамоҳ дар Боғи ба номи Александр
Дар Русия ба фарқ аз Тоҷикистон фасли тирамоҳ аз авоили моҳи сентябр шурӯъ мешавад

Тирамоҳи Русия новобаста аз ҳавои сард, бисёр дилкашу тамошобоб аст. Дар Русия аслан фасли тирамоҳ аз аввали моҳи сентябр шурӯъ мешавад.

Ҳарорати ҳаво аз нахустин моҳи фаслитирамоҳ тадриҷан паст мешавад. Аммо бо вуҷуди ин ҳам, тирамоҳ дар кишвари Русия фасонавӣ аст.

Табиат аз авоили моҳ ранги сабз ва зарду сурхро касб мекунад. Боғу гулгаштҳо симои тамоман навро пайдо мекунанд.

Боронҳои гарм меборанд, роҳравҳои боғу гулгаштҳо пур пури баргҳои зарду сурх мешавад.

Коршинос: барои сироятёфтагони COVID-19 тирамоҳ метавонад душвортар бошад  

Тамошои боғҳои фароғатӣ дар ин фасл кайфияти хоса дорад, зеро ҳаво салқину тар ва ниҳоят тоза мебошад.

Махсусан манзараҳои деҳҷойҳо дар вилоятҳои гуногуни Русия боз ҳам зеботар мешавад.

Шумораи зиёди одамон барои ҳаловат бурдан аз табиати нотакрор ба боғу хиёбонҳо мерезанд, то чунин манзараи зебо  то тирамоҳи соли оянда дар хаёли онҳо нақш бандад.

Аммо имсол шояд гашту гузори одамон дар боғу хиёбонҳо ба далели авҷи коронавирус кам ба назар расад. Зеро шаҳрдори Русия Сергей Собянин аз рӯзи 28 - уми сентябр як қатор маҳдудиятҳо барои пешгирӣ аз коронавирус ҷорӣ намуд.

Аз ҷумла, гашу гузори нафақахӯрон ва одамони дорои касалиҳои музминро маҳдуд кард.

0
  • Манзараи Қасри Приора дар соҳили Баҳри сиёҳ дар вилояти Ленинград
    © Sputnik / Alexei Danichev

    Манзараи Қасри Приора дар соҳили Баҳри сиёҳ дар вилояти Ленинград

  • Соҳили Кӯли Сафед  назди Осорхонаи давлатии мамнӯъгоҳи  Гатчина  дар вилояти Ленинград
    © Sputnik / Alexei Danichev

    Соҳили Кӯли Сафед назди Осорхонаи давлатии мамнӯъгоҳи "Гатчина" дар вилояти Ленинград

  • Истироҳаткунандаҳо дар назди Осорхона - мамнӯъгоҳи Гатчин
    © Sputnik / Alexei Danichev

    Истироҳаткунандаҳо дар назди Осорхона - мамнӯъгоҳи "Гатчин"

  • Тирамоҳи заррин дар вилояти Красноярский
    © Sputnik / Ilya Naimushin

    Тирамоҳи заррин дар вилояти Красноярский

  • Тирамоҳи Новосибирск
    © Sputnik / Alexandr Kryazhev

    Тирамоҳи Новосибирск

  • Тирамоҳи Новосибирск, баргҳои зарду сурх, ки заминро оро медиҳанд
    © Sputnik / Alexandr Kryazhev

    Тирамоҳи Новосибирск, баргҳои зарду сурх, ки заминро оро медиҳанд

  • Манзараи тирамоҳӣ дар як деҳаи вилояти Красноярск
    © Sputnik / Ilya Naymushin

    Манзараи тирамоҳӣ дар як деҳаи вилояти Красноярск

  • Наврас дар соҳили Баҳри сафед дар вилояти Ленинград
    © Sputnik / Alexei Danichev

    Наврас дар соҳили Баҳри сафед дар вилояти Ленинград

  • Барги хазонрез ва сайругашти духтаре бо ҳайвони хонагӣ дар Новосибирск
    © Sputnik / Alexandr Kryazhev

    Барги хазонрез ва сайругашти духтаре бо ҳайвони хонагӣ дар Новосибирск

  • Сайру гашти сокинони вилояти Ленинград дар осорхона - мамнӯъгоҳи Гатчина
    © Sputnik / Alexei Danichev

    Сайру гашти сокинони вилояти Ленинград дар осорхона - мамнӯъгоҳи "Гатчина"

  • Минтақаи аҳолинишини вилояти Мурманск дар фасли тирамоҳ
    © Sputnik / Pavel Lvov

    Минтақаи аҳолинишини вилояти Мурманск дар фасли тирамоҳ

  • Табиати зебои як деҳкада дар вилояти Красноярск
    © Sputnik / Ilya Naymushin

    Табиати зебои як деҳкада дар вилояти Красноярск

  • Киштиҳо дар Невки Санкт - Петербург
    © Sputnik / Alexei Danichev

    Киштиҳо дар Невки Санкт - Петербург

  • Ҳаловати кӯдак аз сайругашт дар боғи шаҳри Гатчина дар Санкт - Петербург
    © Sputnik / Alexei Danichev

    Ҳаловати кӯдак аз сайругашт дар боғи шаҳри Гатчина дар Санкт - Петербург

  • Омад  - омади тирамоҳ дар Боғи ба номи Александр
    © Sputnik / Alexei Danichev

    Омад - омади тирамоҳ дар Боғи ба номи Александр

Барчаспҳо:
акс, тирамоҳ, Русия