Коронавирус дар Эрон ҷони беш аз 21 ҳазор нафарро гирифт

© AP / Vahid SalemiПроверка температуры у прибывших пассажиров в Тегеран
Проверка температуры у прибывших пассажиров в Тегеран - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шумори ҷонбохтагони бемории вируси корона дар Эрон дар 24 соати гузашта бо 110 тан афзоиш ба 21 ҳазору 359 нафар расидааст

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik.  Тибқи иттилои ахири вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, теъдоди қурбониёни ин беморӣ дар ин кишвар ҳар рӯз камтар мешавад ва шохиси талафоти корона дар Эрон раванди  коҳиширо дар пеш гирифтааст, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садоии Хуросон.

Самолеты на взлетно-посадочной полосе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эрон 70 шаҳрвандашро аз Тоҷикистон баргардонд

Ин дар ҳолест, ки шумори беҳбудёфтагони бемории корона дар Эрон ба ҳудуди 320 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.

Эрон аз мубтало шудани 2 ҳазор нафар ва фавти 132 кас аз коронавирус дар як рӯз хабар дод

Дар 24 соати гузашта, ҳазору 905 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид - 19 дар Эрон шиносоӣ шуданд.

Маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон низ токунун 371 ҳазору 816 нафар эълом шуда аст.

Лентаи хабарҳо
0