Городская клиническая инфекционная больница в Казахстане

Қазоқистон ҳам ваксинаи алайҳи коронавирусро сохт: СҶБ онро қабул кард

954
(Таҷдидшуда 12:46 30.08.2020)
Ба феҳрасти ваксинаҳои алайҳи коронавирус, ки барои озмоиши клиникӣ иҷозат гирифтанд, 33 ваксина аз 19 кишвари дунё роҳ ёфтанд

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба ваксинаи сохти Қазоқистон алайҳи маризии коронавирус иҷозат дод, то аз озмоиши клиникӣ гузарад, хабар едиҳад Sputnik Казахстан.

Ин ваксина аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи илмии тадқиқотии масъалаҳои бехатарии биологии Кумитаи илми Вазорати маориф таҳия шудааст.

Алъон, ваксинаро тоза аз озмоиши клиникӣ мегузаронанд.

Ба феҳрасти ваксинаҳо, ки СҶБ барои озмоиши клиникӣ иҷозат дод, 33 ваксина аз 19 кишвари дунё шомил гардидаанд.

Русия аз омода шудани нахустин ваксина алайҳи коронавирус хабар дод

Ба ин рӯйхат ваксинаҳои сохти Русия,Чин, Амрико, Британия, Олмон, Ҷопон, Ҳиндустон, Кореяи Ҷанубӣ ва дигар давлаҳо дохил шуданд.

Ёдовар мешавем, қалан Вазорати тандурустии Русия якумин ваксина дар ҷаҳон алайҳи ин маризиро сабти ном кард.

Ваксинаи алайҳи коронавирус, ки Русия дар ҷаҳон аввалин шуда, истеҳсол кард, номи "Спутник V"- ро гирифт.

Ин ваксина аз ҷониби мутахассисони Маркази миллии илмии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Гамалеи таҳия шудааст.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон аз нахустин кишварҳое мебошад, ки ба ваксинаи сохти русӣ тавваҷӯҳ намуд ва хостори дастрас кардани ин ваксина намуд.

954
Барчаспҳо:
дору, СҶБ, Қазоқистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (743)
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев

Раисҷумҳур: ҳоқимони шаҳру вилоятҳоро бояд халқ интихоб кунад

643
(Таҷдидшуда 21:03 26.09.2020)
Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон пешниҳод кард, ки ҳоқимони шаҳру вилоятҳоро халқ интихоб кунад

ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон бори дигар хостори он шуд, ки ҳоқимони шаҳру вилоятҳоро халқ интихоб кунад, хабар медиҳанд расонаҳои ин кишвар.

“Ҳокимонро бояд халқ интихоб кунад. Мо ҳатман ин корро мекунем”, — таъкид дошт раисҷумҳури Ӯзбекистон.

Манбаъ қайд кард, ки Шавкат Мирзиёев ҳануз моҳи декабри соли 2016 пешниҳод карда буд, ки ҳокимон дар кишвар бояд интихобӣ шаванд.

“Агар ҳар минтақа роҳбари худро интихоб кунад, афзоиши якбораи масъулияти роҳбарон дар назди мардум ва ҷомеаро чашмдор шудан мумкин аст”, — гуфт президенти Ӯзбекистон.

Бояд қайд кард, ки айни замон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошкандро президент таъйин ва озод мекунад.

Номзадҳои ҳоким барои тасдиқ аз ҷониби маҷлисҳои вакилони халқи вилоят ва шаҳри Тошканд пас аз машварат бо ҳар кадоме аз гурӯҳҳои ҳизбии маҷлиси дахлдор пешниҳод карда мешаванд.

 Дар айни замон, ҳокими ноҳия ва шаҳрҳоро ҳокимони вилоятҳо, ҳокими шаҳри Тошканд таъйин ва озод мекунанд ва аз ҷониби кенгаши (маҷлис) дахлдор тасдиқ карда мешаванд.

643
Барчаспҳо:
Раисҷумҳур, шаҳр, интихоб, вилоят, Шавкат Мирзиёев, Ӯзбекистон
Шота Арвеладзе

Сармураббии "Пахтакор" мубталои коронавирус шуд: ӯ дар Қатар аз ташхис гузашт

121
(Таҷдидшуда 18:27 23.09.2020)
Ташхиси Шот Арвеладзе барои ошкор кардани вируси COVID-19, ки рӯзи сешанбе гирифта шуд, натиҷаи мусбат дод

ТАШКЕНТ, 23 сен — Sputnik.  Сармураббии тими "Пахтакор" Шот Арвеладзе мубталои коронавирус шуд, хабар медиҳад котиботи бошгоҳи футболи Тошканд.

Ба иттилои манбаъ, тими "Пахтакор" ҳоло барои иштирок дар лигаи қаҳрамонии Осиё дар Қатар қарор дорад.

"Бегоҳи дирӯз натоиҷи ташхиси сармураббии дастаи "Пахтакор" дмақиқ шуд. Маълум гардид, ки Арвеладзе гирифтори коронавирус аст, - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ меафзояд, феълан сармурабии тими мазкур дар инзиво қарор дорад.

Зикр мегардад, ки ҳайати дигари дастаи "Пахтакор" сиҳат буда, ба ин навъ маризӣ мубтало нестанд.

Ёдовар мешавем, моҳи июл панҷ бозингари ин даста якбора мубталои коронавирус шуданд.

121
Барчаспҳо:
маризӣ, Сармураббӣ, футбол, Ӯзбекистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (743)

Сябитова шарҳ дод, ки чаро занони рус бо муҳоҷирон издивоҷ мекунанд

0
(Таҷдидшуда 09:57 27.09.2020)
Чаро миёни издивоҷҳо дар Русия аксари домодҳо хориҷиён ҳастанд, шарҳ дод хостгор ва ровӣ Роза Сябитова

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Бино ба маълумоти идораҳои сабти асноди минтақавии Русия аксари домодҳо шаҳрвандони хориҷа, аз қабили зодагони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Арманистон мебошанд.

Ровии барномаи "Давай поженимся" хостгор Роза Сябитова ин тамоюлро дар сӯҳбат бо радиои "Давай поженимся" шарҳ дод.

Ровӣ як намоиши телевизиониро мисол овард ва гуфт, ки хориҷиён бештар ба наздашон меоянд.

Ҳамзамон, меҳмонони барнома саъй намекунанд, ки ба ватани худ баргарданд, балки мехоҳанд дар Русия бимонанд.

Сябитова шарҳ дод, ки барои муҳоҷирон издивоҷ яке аз роҳҳои осонтарини қонунигардонӣ дар Русия ба ҳисоб меравад.

Номбурда омилҳои иҷтимоӣ ва биологиро низ сабаби дигари издивоҷи занони рус бо хориҷиён номид.

Вай қайд кард, ки мардон аксар вақт духтарони хурдсоли синни таваллудро ҳамчун ҷуфт интихоб мекунанд ва заноне, ки мехоҳанд барои рушди хеш талош кунанд, бо гузашти солҳо таваҷҷӯҳ мемонанд.

“Бинобар шароит, заноне тасмим гирифтанд, ки барои худ карера созанд  ва барои рушди фардиву баробарии гендерӣ талош кунанд,  дар канор монданд. Аммо онҳо низ бояд издивоҷ кунанд ва бинобар ин хушбахтии занонаро аз домодҳои хориҷӣ меҷӯянд", гуфт Сябитова.
0
Барчаспҳо:
издивоҷ, муҳоҷирон, Русия