Абдулла Абдулла и Мухаммед Ашраф Гани

Идомаи буҳрони сиёсӣ: вокунишҳои густарда ба эъломи феҳристи Шӯрои мусолиҳаи Афғонистон

263
(Таҷдидшуда 15:09 02.09.2020)
Эълони номи аъзои Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ба раёсати Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз сӯйи раисҷумҳурии Афғонистон бо вокунишҳои зиёде дар ин кишвар рӯбарӯ шудааст

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Дар фармони раисҷумҳурии Афғонистон, ки дар торнамои раёсати ҷумҳурии ин кишвар мунташир шудааст, номҳои Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури пешин, Абдураб Расули Сайёф, Гулбиддин Ҳикматёр ва Муҳаммади Муҳаққиқ, аз раҳбарони ҷиҳодӣ, Юнус Қонунӣ, муовини аввали пешини раисиҷумҳур, Карим Халилӣ, раҳбари ҷиҳодӣ ва раиси пешини Шӯрои олии сулҳ, маршал Абдурашид Дӯстум, раҳбари ҷунбиши миллии исломӣ ва шуморе дигар аз чеҳраҳои ҷиҳодӣ ва сиёсӣ дида мешавад, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей” дар истинод ба ИРНА.

Бино бар иттилои манбаъ, бо эъломи номҳои аъзои ин Шӯро, Ҳомид Карзай, раисҷумҳурии собиқ нахустин касе буд, ки ба он вокуниш нишон дод ва узвият дар онро рад кард.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон низ дар вокуниш ба дастури Ашраф Ғанӣ барои ташкили ин шӯро таъкид кард, ки эҷоди Шӯрои олии мусолиҳаи миллӣ аз салоҳиятҳои раиси ин шӯро аст ва эҷоби фармони раёсатиҷумҳуриро намекунад.

Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон ба раҳбарии Салоҳиддин Раббонӣ, Ҳизби исломӣ ба раҳбарии Гулбиддин ‌Ҳикматёр, Ҳизби ваҳдати исломии Афғонистон ба раҳбарии Муҳаммадкарим Халилӣ, Ҳизби миллати Афғонистон ба раҳбарии Ҷаъфари Маҳдавӣ, Комиссиюни ҳуқуқи башар, Раҳматуллоҳ Набел, раиси собиқи идораи амнияти миллӣ, Муҳамад Исмоилхон, аз раҳбарони ҷиҳодӣ ва шуморе дигар аз ҳизбҳову сиёсатмадорони афғон низ ташкили шӯрои олии мусолиҳаро ғайриқобилииқабул хонда ва раиси ҷумҳурӣ - Ғаниро муттаҳам кардаанд, ки ҳама чизро дар чорчӯби тими давлатсоз ба раҳбарии худ эҷод мекунад.  

Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон пас аз танишҳои интихоботи раёсатиҷумҳурии соли 2019 бар асоси тавофуқи сиёсӣ байни ду тараф эҷод ва раёсати он бар ӯҳдаи Абдуллоҳ Абдуллоҳ гузошта шуд.

263
Барчаспҳо:
аъзо, Шӯро, раисҷумҳур, сиёсӣ, буҳрон, вокуниш, Афғонистон

Нигаронии СММ аз авҷи хушунатҳои бесобиқа дар Афғонистон

78
(Таҷдидшуда 19:28 22.09.2020)
Созмони Милали Муттаҳид аз ташдиди ҳамалот ва афзоиши кушторҳо дар Афғонистон ибрози нигаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Миссияи кӯмаки Созмони Милал дар Афғонистон (UNAMA) ахиран дар як изҳорот гуфт, афзоиши куштор ва хушунат дар Афғонистон дар панҷ ҳафтаи охир дар панҷ соли охир бесобиқа буд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Афзоиши хушунатҳо дар Афғонистон дар ҳоле аст, ки гуфтугӯҳои сулҳи байни афғонҳо дар Қатар идома дорад.

Намояндагии Созмони Милал дар Афғонистон таъкид кардааст, ки бояд иқдомоти фаврӣ барои муҳофизат аз ғайринизомиён ва эҷоди фазои мусоид барои гуфтугӯҳои сулҳ дар Дуҳа фароҳам шавад.

Ин баёния аз тарафҳои дахил дар раванди сулҳи Афғонистон хостааст ба хушунатҳо ва ҷанг поён диҳанд ва барои барқарории оташбас талош кунанд.

Бо афзоиши хушунатҳо дар саросари Афғонистон ҳар рӯз даҳҳо нафар кушта ва захмӣ мешванд.

78
Барчаспҳо:
ҳамалоти террористӣ, афзоиш, нигаронӣ, куштор, СММ, хушунат, Афғонистон
Тепловоз, архивное фото

Туркманистон сохтмони роҳи оҳани Афғонистон то сарҳади Тоҷикистонро анҷом хоҳад дод

672
(Таҷдидшуда 18:43 22.09.2020)
Намояндагони Туркманистон ва Афғонистон ҳамкориҳои минбаъда оид ба сохтмони роҳи оҳане, ки кишварҳои Осиёи Марказиро метавонад бо ҳам пайвандад, баррасӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 22 сен – Sputnik. Намояндагони ожонсии “Роҳи оҳани Туркманистон” ва Идораи роҳи оҳани Вазорати нақлиёти Афғонистон доир ба сохтмони роҳи оҳан дар доираи лоиҳаи ТАТ-ро гуфтугӯ анҷом доданд, иттилоъ додааст рӯзномаи интернетии “Turkmenistan.ru”.

Аз ҷумла тарафҳо сохтмони қитъаи роҳи оҳани Акина –Андхой ва Тургунди-Ҳиротро баррасӣ карданд.

Дар ҳоли ҳозир, 1,5 километр роҳи оҳан сохта шудааст. Ҳамчунин аз 33 иншооти обгузар, сохтмони 16 иншоот ба анҷом расидааст.

Баъд аз анҷоми хобондани роҳи оҳан дар қитъаи Акина – Андхой, қарор аст сохтмони ин роҳи оҳан то марзи Тоҷикистон идома ёфбад.

Ҳангоими гуфтушунид, таъкид шудааст, ки роҳи оҳани мазкур имкон медиҳад ба Афғонистон ба муносибатҳои иқтисодӣ боз ҳам бештар ҷалб шавад.

Гуфта шудааст, ки ин раванд метавонад ба пойдори сулҳ дар ин кишвар мусоидат кунад.

672
Барчаспҳо:
баррасӣ, сохтмон, роҳи оҳан, Афғонистон, Туркманистон, Тоҷикистон
Ёкуб Салимов бо фарзандони навзодаш

“Экстремизми иттилоотӣ”: вокуниши ВКД ба хабари ҳамлаи ниқобпӯшон ба хонаи Ёқуб Салимов

0
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабари расонаҳо дар бораи ҳамлаи як гуруҳи ниқобпӯш ба манзили Ёқуб Салимов, собиқ вазири корҳои дохилиро рад кард

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ин робита ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳеҷ ҳамлае ба хонаи Ёқуб Салимов анҷом нашудааст ва ин хабар аз реша сиҳат надорад.

Вай гуфт, дар ин бора ягон шикоят ё аризае ба шуъбаи ВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ворид нашудааст.

“Ҳоло ҳеҷ гуруҳе дар Тоҷикистон вуҷуд надорад, ки суботи ҷомеаро барҳам занад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қудрати кофии ҳимоят аз ҳар шаҳрванд ва моликияти ӯро доранд. Ҳар ҷиноят дар ин замина зуд пайгирӣ ва ошкор мешавад. Онҳое, ки бо пахши чунин ахбор мехоҳанд афкори умумии ҷомеаро безобита кунанд, даст ба экстремизми иттилоотӣ мезананд ва ин ҷиноят аст”, - гуфт Нусратулло Маҳмадзода.

Қаблан расонаҳо хабар доданд, ки 18 августи соли равон 12 - 13 нафар ниқобпӯш бо ду микроавтубуси берақам ба хонаи Ёқуб Салимов, собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, воқеъ дар минтақаи “Водонасос” – и шаҳри Душанбе ҳамла бурда, бо битаҳо шишаҳои мошини Ренҷ-Роверашро шикаста ва писари ӯ - Абубакр Салимовро шадидан латукӯб кардаанд, ки дар натиҷа мавсуф ба бемористон интиқол дода шудааст.

Абӯбакр Салимов, писари Ёқуб Салимов, бо пахши як изҳорот дар сафҳаи фейсбукаш ин хабарро маҳсули хаёлоти муаллиф ва “тӯҳмату гапҳои дурӯғ” нисбати хонаводааашон, бавежа падараш Ёқуб Салимов ва шахси худаш хондааст.

“Ба хонаи мо дар санаи 18 август ягон хел ҳамла нашудааст. Дуруст аст, ки мо дар маҳаллаи Водонасос зиндагӣ мекунем, аммо он рӯз чун рӯзҳои дигар тинҷу ором ва осуда будем”, - гуфтааст Абӯбакр Салимов.

Мавсуф ҳамлаи ашхоси ниқобпӯш ва ба хонаашон даромада шикастани шишаҳои мошини Ренҷ-Роверро низ рад карда, гуфтааст, ки хонаводаи онҳо чунин тамғаи автомашинаро надорад. Вай гуфтааст, касе ӯро латукӯб накардааст ва ӯ ба беморхона низ наафтодааст.

“Аз номи падар ва тамоми аъзои оилаамон ба кулли хамватанон мерасонам, ки шукри тинҷиву амонии Ватани азизамон мекунем. Чунин ходиса бо оилаи мо рух надодааст ва чизе ки хондаед, бофтаҳои нафарони иғвоангез мебошад”, - гуфтааст Абӯбакр Салимов.

Ёқуб Салимов, яке аз чеҳраҳои маъруфи замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аст, ки як муддат вазири корҳои дохилӣ (1993-1995) ва сафири ин кишвар дар Туркия (1995-1996) буд. Ӯ соли 1997 бо иттиҳоми даст доштан дар табаддулоти давлатӣ таҳти пайгарди қонун қарор гирифт. Соли 2003 дар шаҳри Маскави Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Моҳи апрели соли 2005 ӯ барои 15 сол равонаи зиндон гашт ва моҳи июни соли 2016 ба озодӣ баромад. Ҳоло дар манзилаш дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад.

0