Турист смотрит на самый большой небоскреб Бурдж-Халифа в Дубае.

“Бурҷи Халиф”- и Дубай ба парчами Ӯзбекистон мубаддал гашт - навор

627
(Таҷдидшуда 19:31 02.09.2020)
Бузургтарин иморати осмонхароши ҷаҳон “Бурҷ – Халиф”, ба хотири рӯзи истиқлолияти Ӯзбекистон ранги парчами ин кишварро гирифт

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Ба хотири ҷашни истиқлолияти Ӯзебкистон парчами ин кишвар дар бузургтарин иморати осмонхароши ҷаҳон “Бурҷ – Халиф”, ки дар Аморати муттаҳидаи Араб ҷойгир аст, инъикос ёфт.

Навори ин саҳнаи зебо дар саҳифаи расмии бурҷ  дар Instagram- шабакаи Emar гузошта шудааст.

Ҳамин тавр мақомоти шаҳри Дубай мардуми Ӯзбекистнро бо ҷашни миллиашон, ки алакай даври 29 таҷлил мегардад, табрик намуданд.

Бояд гуфт, ки парчами Ӯзбекистон бори аввал нест, ки дар ин иморати 828 метра инъикос АМА меёбад. Як сол қабл, бахшида ба сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба ин кишвар ин иморати баланд низ ранги парчами Ӯзбекистонро гирифта буд.

“Бурҷ – Халиф” зуд зуд аз парчамҳоли кишварҳои гуногун чароғон мешавад. Барои мисол 12 июни соли равон ин иморат ба ранги парчами Русия чароғон шуда буд.

627
Барчаспҳо:
истиқлолият, АМА, Дубай, парчам, Ӯзбекистон
Шота Арвеладзе

Сармураббии "Пахтакор" мубталои коронавирус шуд: ӯ дар Қатар аз ташхис гузашт

120
(Таҷдидшуда 18:27 23.09.2020)
Ташхиси Шот Арвеладзе барои ошкор кардани вируси COVID-19, ки рӯзи сешанбе гирифта шуд, натиҷаи мусбат дод

ТАШКЕНТ, 23 сен — Sputnik.  Сармураббии тими "Пахтакор" Шот Арвеладзе мубталои коронавирус шуд, хабар медиҳад котиботи бошгоҳи футболи Тошканд.

Ба иттилои манбаъ, тими "Пахтакор" ҳоло барои иштирок дар лигаи қаҳрамонии Осиё дар Қатар қарор дорад.

"Бегоҳи дирӯз натоиҷи ташхиси сармураббии дастаи "Пахтакор" дмақиқ шуд. Маълум гардид, ки Арвеладзе гирифтори коронавирус аст, - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ меафзояд, феълан сармурабии тими мазкур дар инзиво қарор дорад.

Зикр мегардад, ки ҳайати дигари дастаи "Пахтакор" сиҳат буда, ба ин навъ маризӣ мубтало нестанд.

Ёдовар мешавем, моҳи июл панҷ бозингари ин даста якбора мубталои коронавирус шуданд.

120
Барчаспҳо:
маризӣ, Сармураббӣ, футбол, Ӯзбекистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Нигаронии СММ аз авҷи хушунатҳои бесобиқа дар Афғонистон

99
(Таҷдидшуда 19:28 22.09.2020)
Созмони Милали Муттаҳид аз ташдиди ҳамалот ва афзоиши кушторҳо дар Афғонистон ибрози нигаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Миссияи кӯмаки Созмони Милал дар Афғонистон (UNAMA) ахиран дар як изҳорот гуфт, афзоиши куштор ва хушунат дар Афғонистон дар панҷ ҳафтаи охир дар панҷ соли охир бесобиқа буд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Афзоиши хушунатҳо дар Афғонистон дар ҳоле аст, ки гуфтугӯҳои сулҳи байни афғонҳо дар Қатар идома дорад.

Намояндагии Созмони Милал дар Афғонистон таъкид кардааст, ки бояд иқдомоти фаврӣ барои муҳофизат аз ғайринизомиён ва эҷоди фазои мусоид барои гуфтугӯҳои сулҳ дар Дуҳа фароҳам шавад.

Ин баёния аз тарафҳои дахил дар раванди сулҳи Афғонистон хостааст ба хушунатҳо ва ҷанг поён диҳанд ва барои барқарории оташбас талош кунанд.

Бо афзоиши хушунатҳо дар саросари Афғонистон ҳар рӯз даҳҳо нафар кушта ва захмӣ мешванд.

99
Барчаспҳо:
ҳамалоти террористӣ, афзоиш, нигаронӣ, куштор, СММ, хушунат, Афғонистон
Мусофирбар, акс аз бойгонӣ

“Ман подполковники милиса, мекушамат”: талаби ҷазо барои бетартибӣ дар мусофирбар-видео

0
(Таҷдидшуда 17:48 25.09.2020)
Марде, ки худро подполковники милиса гуфта, дар дохили мусофирбари пуродам дар маҳаллаи Текстили шаҳри Душанбе марди дигарро мавриди таҳқиру таҳдид қарор дод, норозигии корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба вуҷуд овард

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Ин мард, бо иддаои он, ки гӯиё ӯро аз пушти сараш задаанд, гиребони марди дигареро гирифта, бо дашномҳои дағал таҳдид мекунад, ки медаронад, мекушад.

“Ака даста бигир, илтимос, ман ягон гапи зиёдатӣ гуфтам, чит гуфтам? Илтимос”, - зора мекунад мард аз "подполковнике", ки бо қаҳр аз гиребонаш гирифта, таҳдиди дарондану куштан мекунад. Марди зӯргӯй иддао дорад, ки ӯро аз пушт задаанд, аммо ин қисмат дар навор сабт нашудааст.

Мусофирони дигар дар хитоб ба “подполковник” изҳор медоранд, ки “айбай ака, ин ҷо ҷои ҷамъиятиай”. Аммо марде, ки худро подполковник мегӯяд, аз гиребони марди дигар гирифта, дашномдиҳии дағалонаро идома медиҳад. Навори мазкурро саҳифаи Парвиз.Тв нашр кардаст, ки боиси баҳсҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд.

Ин рафтори марде, ки худро милиса гуфт, норозигии корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба вуҷуд оварда, бархе хостори муҷозоти ӯ барои чунин батартибӣ шудаанд.

0
Барчаспҳо:
мусофирбар, бетартибӣ, ҷазо, Тоҷикистон