Бозкушоӣ баъд аз ҳафт моҳи таътил: кӯдакони Вуҳони Чин боз ба мактаб рафтанд

115
(Таҷдидшуда 00:26 03.09.2020)
Мактабҳову маҳди кудак ё боғчаҳо дар шаҳри Вуҳони Чин, ки аввалин маркази интишори вируси корона буд, баъд аз ҳафт моҳи таътилӣ бозкушоӣ шуд

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ҳафт моҳ баъд аз оғози густариши вируси корона дар шаҳри Вуҳони Чин, ҳудуди як миллиону 400 ҳазор нафар аз донишомӯзони ин шаҳр ба синфҳои худ ҳозир шуданд.

Вуҳан ҳангоми карантин, акс аз бойгонӣ
© REUTERS / Instagram / Emilia

Ҳудуди ду ҳазору 800 маҳди кӯдак, макотиби ибтидоӣ ва дабиристон дар и шаҳри Вуҳон, ки ба иллати нигаронӣ аз ҳамагирии вируси корона ҳафти моҳ баста буд, бозкушоӣ шуд.

Ба донишомӯзон дар Вуҳон тавсия шудааст, дар масири рафту баргашт ба макотиб аз моск истифода кунанд ва то ҳадди имкон аз васоили ҳамлунақли умумӣ бипарҳезанд.

80 дарсад аз фавтиҳои вируси корона дар Чин дар Вуҳон иттифоқ афтодаву маҷмӯи қурбониёни ин беморӣ дар Чин чаҳор ҳазору 600 нафар будааст.

Бо ин ҳол аз 18 моҳи май то кунун ҳеч мавриди ҷадид ва дохилии ибтило ба вируси корона дар ин шаҳр сабт нашудааст.

Мақомҳои чинӣ мадорис дар Шанхайро дар моҳи май бозкушоӣ карданд ва макотиб дар Пекин ҳам қарор аст ҳамин моҳ (сентябр) бозкушоӣ шавад.

Бояд қайд кард, ки дар Пекин истифодаи муаллимону донишомӯзон аз моск дар макотиб иҷборӣ аст.

115
Барчаспҳо:
бозкушоӣ, кӯдакон, таътил, мактаб, вирус, Чин
Шота Арвеладзе

Сармураббии "Пахтакор" мубталои коронавирус шуд: ӯ дар Қатар аз ташхис гузашт

120
(Таҷдидшуда 18:27 23.09.2020)
Ташхиси Шот Арвеладзе барои ошкор кардани вируси COVID-19, ки рӯзи сешанбе гирифта шуд, натиҷаи мусбат дод

ТАШКЕНТ, 23 сен — Sputnik.  Сармураббии тими "Пахтакор" Шот Арвеладзе мубталои коронавирус шуд, хабар медиҳад котиботи бошгоҳи футболи Тошканд.

Ба иттилои манбаъ, тими "Пахтакор" ҳоло барои иштирок дар лигаи қаҳрамонии Осиё дар Қатар қарор дорад.

"Бегоҳи дирӯз натоиҷи ташхиси сармураббии дастаи "Пахтакор" дмақиқ шуд. Маълум гардид, ки Арвеладзе гирифтори коронавирус аст, - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ меафзояд, феълан сармурабии тими мазкур дар инзиво қарор дорад.

Зикр мегардад, ки ҳайати дигари дастаи "Пахтакор" сиҳат буда, ба ин навъ маризӣ мубтало нестанд.

Ёдовар мешавем, моҳи июл панҷ бозингари ин даста якбора мубталои коронавирус шуданд.

120
Барчаспҳо:
маризӣ, Сармураббӣ, футбол, Ӯзбекистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Нигаронии СММ аз авҷи хушунатҳои бесобиқа дар Афғонистон

99
(Таҷдидшуда 19:28 22.09.2020)
Созмони Милали Муттаҳид аз ташдиди ҳамалот ва афзоиши кушторҳо дар Афғонистон ибрози нигаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Миссияи кӯмаки Созмони Милал дар Афғонистон (UNAMA) ахиран дар як изҳорот гуфт, афзоиши куштор ва хушунат дар Афғонистон дар панҷ ҳафтаи охир дар панҷ соли охир бесобиқа буд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Афзоиши хушунатҳо дар Афғонистон дар ҳоле аст, ки гуфтугӯҳои сулҳи байни афғонҳо дар Қатар идома дорад.

Намояндагии Созмони Милал дар Афғонистон таъкид кардааст, ки бояд иқдомоти фаврӣ барои муҳофизат аз ғайринизомиён ва эҷоди фазои мусоид барои гуфтугӯҳои сулҳ дар Дуҳа фароҳам шавад.

Ин баёния аз тарафҳои дахил дар раванди сулҳи Афғонистон хостааст ба хушунатҳо ва ҷанг поён диҳанд ва барои барқарории оташбас талош кунанд.

Бо афзоиши хушунатҳо дар саросари Афғонистон ҳар рӯз даҳҳо нафар кушта ва захмӣ мешванд.

99
Барчаспҳо:
ҳамалоти террористӣ, афзоиш, нигаронӣ, куштор, СММ, хушунат, Афғонистон
Мусофирбар, акс аз бойгонӣ

“Ман подполковники милиса, мекушамат”: талаби ҷазо барои бетартибӣ дар мусофирбар-видео

0
Марде, ки худро подполковники милиса гуфта, дар дохили мусофирбари пуродам дар маҳаллаи Текстили шаҳри Душанбе марди дигарро мавриди таҳқиру таҳдид қарор дод, норозигии корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба вуҷуд овард

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Ин мард, бо иддаои он, ки гӯиё ӯро аз пушти сараш задаанд, гиребони марди дигареро гирифта, бо дашномҳои дағал таҳдид мекунад, ки мадаронад, мекушад.

“Ака даста бигир, илтимос, ман ягон гапи зиёдати гуфтам? Илтимос”, - зора мекунад мард аз подполковнике, ки бо қаҳр аз гиребонаш гирифта, таҳдиди дарондану куштан мекунад. Марди зӯргӯй иддао дорад, ки ӯро аз пушт задаанд, аммо ин қисмат дар навор сабт нашудааст.

Мусофирони дигар дар хитоб ба “подполковник” изҳор медоранд, ки “айбай ака, ин ҷо ҷои ҷамъиятиай”. Аммо марде, ки худро милиса мегӯяд, аз гиребони марди дигар гирифта, дашномдиҳии дағалонаро идома медиҳад. Навори мазкурро саҳифаи Парвиз.Тв нашр кардаст, ки боиси баҳсҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд.

Ин рафтори марде, ки худро милиса гуфт, норозигии корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба вуҷуд оварда, бархе хостори муҷозоти ӯ барои чунин батартибӣ шудаанд.

0
Барчаспҳо:
мусофирбар, бетартибӣ, ҷазо, Тоҷикистон