Флаг 217 корпуса афганской национальной армии Памир

Ташдиди ҷанг миёни давлати Афғонистон ва Толибон

253
(Таҷдидшуда 01:54 07.09.2020)
Дар остонаи оғози музокироти сулҳ миёни давлати Афғонистон ва Толибон, ин гурӯҳ ҷангро дар ин кишвар ташдид кардааст

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Сарпарасти Вазорати дифоъи миллии Афғонистон рӯзи якшанбе дар шаҳри "Маҳатерлом"- маркази вилояти Луғмон гуфт, Толибон қасд дорад бо ташдиди ҷанг дар ин кишвар, имтиёзҳои бештаре ба даст оварад, иттилоъ додааст радиои Садои Хуросон дар истинод ба хабаргузории Ово.

Толибон гузориши Пентагонро қабул надоранд

Бино бар иттилои манбаъ, Асадуллоҳ Холид афзуд, ҳар чанд, ки ҷанг аз сӯи Толибон ташдид шуда, аммо давлати Афғонистон итминон дорад, ки ҳеҷ нуқтае аз ин кишвар дар ҳамлаи Толибон суқут намекунад.

Қарор аст, ба зудӣ музокироти сулҳ миёни намояндагони давлати Афғонистон ва Толибон дар Дохаи Қатар оғоз шавад.

Толибон боз ба ҳамалоти худ шурӯъ карданд: созишномаи сулҳ чӣ мешавад?

Толибон шаби гузашта аъзои тими худро барои музокира бо давлати Афғонистон муаррифӣ кард.

253
Барчаспҳо:
ҷанг, сулҳ, Толибон, музокирот, Афғонистон

Пирӯзӣ бар вируси корона?: марзҳои Ӯзбекистон аз аввали моҳи октябр боз мешаванд

179
(Таҷдидшуда 14:16 19.09.2020)
Давлати Ӯзбекистон аз аввали октябр маҳдудиятҳои вуруд ва хурӯҷ ба ин кишварро дар бахшҳои ҳавоӣ, роҳи оҳан ва заминӣ бо риояти муқаррароти қарантина ва беҳдоштӣ лағв мекунад

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Бар асоси тасмими Комиссияи вижаи мубориза бо вируси корона дар Ӯзбекистон, маҳдудият барои тараддуди шаҳрвандон ва васоили нақлия аз тариқи гузаргоҳҳои марзӣ коҳиш меёбад, иттилоъ додааст хабаргузории Форс.

Бино бар иттилои манбаъ, афроде, ки аз тариқи гузаргоҳҳои заминӣ аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Афғонистон ба ин кишвар ворид шаванд пас аз тести вируси корона барои қарантинаи 14 рӯза ба меҳмонхонаҳо эъзом хоҳанд шуд.

Парвозҳо низ ба дараҷаҳои “қирмиз”, “зард” ва “сабз” тақсимбандӣ шудааст ва афроди ворид шуда бо парвоз аз тариқи кишварҳои “сабз” шомили Чин, Таиланд, Малайзия, Кореяи Ҷанубӣ, Гурҷистон, Венгрия, Финляндия, Латвия, Утриш ва Япония метавонанд бидуни маҳдудият вориди Ӯзбекистон шаванд.

Афрод муқими кишварҳои “зард” монанди Озарбойҷон, Беларус, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ғайр аз Англия ва Испания ва низ манотиқи қирмиз, ки соири кишварҳои ҷаҳонро дар бар мегирад фақат дар сурати надоштани бемории вируси корона метавонанд вориди Ӯзбекистон шаванд.

179
Барчаспҳо:
лағв, беҳдоштӣ, роҳи оҳан, ҳавоӣ, марз, маҳдудият, Ӯзбекистон

Абдуллоҳ Абдуллоҳ музокироти сулҳ бо Толибонро душвор донист

279
(Таҷдидшуда 01:38 19.09.2020)
Раиси шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон музокироти сулҳи байниафғонӣ бо Толибонро душвор хонд

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории ОВО, Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи ҷумъа таъкид кард, ки музокироти Давҳаи Қатар содда нахоҳад буд ва давлати Афғонистон бо мавзӯъҳои бисёре рӯбарӯ хоҳад шуд, ки гирифтани тасмим дар бораи онҳо сахт аст.

Раиси шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон дар идома итминон дод, ки ҳуқуқи шаҳрвандон, ҳуқуқи занон ва ҳуқуқи башар дар ин музокирот ҳифз ва озодиҳо ва адолати онҳо таъмин хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол мавлавӣ Абдулҳаким-раиси ҳайати музокиракунандаи сулҳи Толибон дар Давҳа гуфт, ки рӯзи гузашта бори дигар ду ҳайати музокиракунанда бо ҳам бевосита дидор карданд.

Музокироти сулҳи байниафғонӣ бо ҳузури ҳайате аз давлати Афғонистон ва гурӯҳи Толибон ва намояндагоне аз чанд кишвари ҷаҳон, аз рӯзи 12 сентябр дар Давҳаи Қатар оғоз шудааст.

Низоми сиёсӣ, барқарории оташбас, ҳуқуқи ақаллиятҳо, озодии баён ва расонаҳо, ҳуқуқи занон ва дигар дастовардҳои ду даҳаи ахир дар Афғонистон, аз мавзӯъоти аслӣ дар музокироти Давҳа аст.

279
Барчаспҳо:
душворӣ, Толибон, Абдулло Абдулло, сулҳ, музокирот, Афғонистон
Выборы в парламент Таджикистана - Москва 2020 год

Даҳ ҳазор довталаб барои баргузории интихоботи президентӣ Тоҷикистон кӯмак хоҳанд кард

0
(Таҷдидшуда 02:29 20.09.2020)
Кумитаи давлатии ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон эълом кард барои баргузории интихоботи президентӣ 11 октябр 10 ҳазор ҷавони довталаб ба кӯмаки комиссияи марказии интихобот хоҳанд омад

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Дилноза Аҳмадзода муовини раиси кумитаи давлатии ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо эъломи ин хабар дар нишасти комиссияи марказии интихоботи ин кишвар  афзуд, ки ин 10 ҳазор нафар дар ҳама қитъаҳои интихоботӣ ҳузур хоҳанд дошт, то ба маъмурони интихоботӣ кӯмак кунанд, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои  Хуросон. 

Вай гуфт, 250 нафар аз ин довталабон ба забонҳои руси ва англисӣ мусаллат ҳастанд ва ба нозирони байналмилалии интихоботи президентӣ Тоҷикистон  кӯмак хоҳанд кард.

Ин довталабон акнун машғули таҳияи феҳристи райдиҳандагон , сабти номи онон ва омодасозии маконҳо барои дидорҳои интихоботӣ бо риояти муқаррароти беҳдоштӣ мебошанд.

Бар асоси тасмими комиссияи марказии интихоботии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  номзади Ҳизби халқии Демократӣ, Рустам  Латифзода  номзади Ҳизби Кишоварзӣ, Абдуҳалим Ғаффоров номзади ҳизби сотсиалист, Рустами Раҳматзода номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Меъроҷ Абдуллоев номзади Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи 11 октябр  рақобат хоҳанд кард.

0
Барчаспҳо:
Кумитаи ҷавонону варзиш, кӯмак, ҷавонон, президентӣ, интихобот, Тоҷикистон