Расонаҳо: "Ӯзбекистон бузургтарин фурӯшандаи тиллои ҷаҳон шуд"

293
(Таҷдидшуда 19:33 12.09.2020)
Ӯзбекистон дар назар дорад дар солҳои 2020 то 2024 ҳудуди 230 миллион доллар дар ҷустуҷӯ , арзёбӣ ва иктишофи захоири ҷадид сармоягузорӣ кунад

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Ӯзбекистон бо содироти беш аз 11 тонна тилло ба бузургтарин фурӯшандаи тиллои ҷаҳон табдил шуд, хабар медиҳад "Парс тудэй" дар истинод ба радиои тоҷикии Садоии Хуросон.

Анҷумани ҷаҳонии тилло эълом кардааст, ки дар моҳи июн Ӯзбекистон, 11, 6 тонна тилло ба фурӯш расондааст.

Пас аз Ӯзбекистон , Муғулистон дар рутбаи дувуму Русия ва Олмон дар ҷойгоҳи сеюми фурӯши тилло қарор доранд .  

Ин дарҳоле аст, ки Туркия бо хариди 19, 4 тонна  тилло дар ин муддат , рутбаи аввали хариди тилло дар ҷаҳонро ба худ ихтисос додааст.

 Қатар, Ҳинд , Қазоқистон ва Украина баъд аз Туркия  рутбаҳои баъдии харидори бештарини тилло дар ҷаҳон будаанд.

Марди ҳиндӣ барои ҳифозат аз коронавирус ниқоби тиллоӣ бо арзиши 4 000 доллар мепӯшад

 Ӯзбекистон дар назар дорад дар солҳои 2020 то 2024 ҳудуди 230 миллион доллар дар ҷустуҷӯ , арзёбӣ ва иктишофи захоири ҷадид  сармоягузорӣ кунад.

293
Шота Арвеладзе

Сармураббии "Пахтакор" мубталои коронавирус шуд: ӯ дар Қатар аз ташхис гузашт

120
(Таҷдидшуда 18:27 23.09.2020)
Ташхиси Шот Арвеладзе барои ошкор кардани вируси COVID-19, ки рӯзи сешанбе гирифта шуд, натиҷаи мусбат дод

ТАШКЕНТ, 23 сен — Sputnik.  Сармураббии тими "Пахтакор" Шот Арвеладзе мубталои коронавирус шуд, хабар медиҳад котиботи бошгоҳи футболи Тошканд.

Ба иттилои манбаъ, тими "Пахтакор" ҳоло барои иштирок дар лигаи қаҳрамонии Осиё дар Қатар қарор дорад.

"Бегоҳи дирӯз натоиҷи ташхиси сармураббии дастаи "Пахтакор" дмақиқ шуд. Маълум гардид, ки Арвеладзе гирифтори коронавирус аст, - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ меафзояд, феълан сармурабии тими мазкур дар инзиво қарор дорад.

Зикр мегардад, ки ҳайати дигари дастаи "Пахтакор" сиҳат буда, ба ин навъ маризӣ мубтало нестанд.

Ёдовар мешавем, моҳи июл панҷ бозингари ин даста якбора мубталои коронавирус шуданд.

120
Барчаспҳо:
маризӣ, Сармураббӣ, футбол, Ӯзбекистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Нигаронии СММ аз авҷи хушунатҳои бесобиқа дар Афғонистон

99
(Таҷдидшуда 19:28 22.09.2020)
Созмони Милали Муттаҳид аз ташдиди ҳамалот ва афзоиши кушторҳо дар Афғонистон ибрози нигаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Миссияи кӯмаки Созмони Милал дар Афғонистон (UNAMA) ахиран дар як изҳорот гуфт, афзоиши куштор ва хушунат дар Афғонистон дар панҷ ҳафтаи охир дар панҷ соли охир бесобиқа буд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Афзоиши хушунатҳо дар Афғонистон дар ҳоле аст, ки гуфтугӯҳои сулҳи байни афғонҳо дар Қатар идома дорад.

Намояндагии Созмони Милал дар Афғонистон таъкид кардааст, ки бояд иқдомоти фаврӣ барои муҳофизат аз ғайринизомиён ва эҷоди фазои мусоид барои гуфтугӯҳои сулҳ дар Дуҳа фароҳам шавад.

Ин баёния аз тарафҳои дахил дар раванди сулҳи Афғонистон хостааст ба хушунатҳо ва ҷанг поён диҳанд ва барои барқарории оташбас талош кунанд.

Бо афзоиши хушунатҳо дар саросари Афғонистон ҳар рӯз даҳҳо нафар кушта ва захмӣ мешванд.

99
Барчаспҳо:
ҳамалоти террористӣ, афзоиш, нигаронӣ, куштор, СММ, хушунат, Афғонистон
Спикер Парламента Таджикистана Мухамадтоир Зокирзода и посол Ирана в Душанбе Маухаммадтаки Собири

Эрон эълон кард омодааст дар ҳамаи заминаҳо бо Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад

0
(Таҷдидшуда 18:19 25.09.2020)
Сафири Эрон дар Душанбе ва раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон бар аҳаммияти равобити байнипорлумонӣ дар густариши муносиботи ду кишвар таъкид карданд

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Душанбе дар дидор бо Муҳаммадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон бо ишора ба аҳаммият ва ҷойгоҳи маҷолиси ду кишвар ва нақши онҳо дар иртиқои сатҳи муносиботи дуҷониба, омодагии Эронро барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар ҳамаи заминаҳо эълом кард.

Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, Муҳаммадтақии Собирӣ зарфиятҳои ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои мухталиф бавижа ҳавзаи иқтисодӣ байни Эрон ва Тоҷикистонро болотар аз сатҳ кунӯнӣ донист ва афзуд, ҳамкории музоаф барои ҷуброни осебҳои иқтисодӣ дар даврони пасокуруна зарурӣ аст.

Муҳаммадтоир Зокирзода низ дар ин дидор бо ишора ба иштирокоти ду кишвар ва собиқаи равобити дӯстонаи Эрон ва Тоҷикистон, изҳор кард, Эрон аз нахустин кишварҳое буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмияти шинохт ва сафорати худро  дар Душанбе ифтитоҳ кард.

Зокирзода бо таъкид бар аҳаммияти нақши равобити байнипорлумонӣ дар густариши муносибот миёни давлатҳо ва миллатҳо, таъсиси гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байни Маҷлиси Шӯроии Исломии Эрон ва Маҷлиси Тоҷикистонро гоми муҳим дар масири тақвияти ин ҳамкориҳо донист.

0
Барчаспҳо:
Маҷлиси намояндагон, муносибат, тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, равобит, ҳамкорӣ, Эрон, Тоҷикистон