Военнослужащие афганской национальной армии в провинции Кундуз, архивное фото

Талафоти сангини низомиёни афғон дар ҳамалоти Толибон

528
(Таҷдидшуда 00:17 14.09.2020)
Дар шароите, ки музокироти сулҳ миёни давлати Афғонистон ва Толибон дар Қатар дар ҳоли баргузорӣ аст, 14 низомии афғон дар ҳамалоти Толибон ба вилоятҳои Қундуз, Каписо ва Лугар кушта шуданд

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Исматуллоҳ Муродӣ, сухангӯи устондории Қундӯз имрӯз эълом кард, афроди Толибон (гурӯҳи мамнуъ дар қаламрави Русия) ба посгоҳҳои низомиёни афғон дар шаҳри Қундӯз, маркази ин вилоят ҳамла карданд, ки панҷ низомӣ, кушта ва панҷ низомии дигар захмӣ шуданд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Сухангӯи пулиси Каписо ҳам гуфт, панҷ нафар аз нерӯҳои пулис аз ҷумла масъули мубориза бо ҷароими ҷиноӣ, фармондеҳи пулиси Тагоб дар ҳамлаи Толибон кушта ва ҳафт пулис захмӣ шуданд.

Мулоқоти Ятимов бо вазири дифои Афғонистон: аз сулҳ то мубориза бо терроризм

Ҳамчунин сухангӯи пулиси Лугар эълом кард, чаҳор низомии афғон дар ҳамлаи Толибон кушта шуданд.

Даргириҳои шадид миёни низомиёни афғон ва афроди гурӯҳи Толибон дар ҳоле идома дорад, ки давлати Афғонистон ва Толибон дар Қатар дар ҳоли музокираи сулҳ ҳастанд.

528
Барчаспҳо:
Қундуз, афғонӣ, Толибон, ҳамалоти террористӣ, низомиён, талафот, Афғонистон
Шота Арвеладзе

Сармураббии "Пахтакор" мубталои коронавирус шуд: ӯ дар Қатар аз ташхис гузашт

120
(Таҷдидшуда 18:27 23.09.2020)
Ташхиси Шот Арвеладзе барои ошкор кардани вируси COVID-19, ки рӯзи сешанбе гирифта шуд, натиҷаи мусбат дод

ТАШКЕНТ, 23 сен — Sputnik.  Сармураббии тими "Пахтакор" Шот Арвеладзе мубталои коронавирус шуд, хабар медиҳад котиботи бошгоҳи футболи Тошканд.

Ба иттилои манбаъ, тими "Пахтакор" ҳоло барои иштирок дар лигаи қаҳрамонии Осиё дар Қатар қарор дорад.

"Бегоҳи дирӯз натоиҷи ташхиси сармураббии дастаи "Пахтакор" дмақиқ шуд. Маълум гардид, ки Арвеладзе гирифтори коронавирус аст, - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ меафзояд, феълан сармурабии тими мазкур дар инзиво қарор дорад.

Зикр мегардад, ки ҳайати дигари дастаи "Пахтакор" сиҳат буда, ба ин навъ маризӣ мубтало нестанд.

Ёдовар мешавем, моҳи июл панҷ бозингари ин даста якбора мубталои коронавирус шуданд.

120
Барчаспҳо:
маризӣ, Сармураббӣ, футбол, Ӯзбекистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Нигаронии СММ аз авҷи хушунатҳои бесобиқа дар Афғонистон

99
(Таҷдидшуда 19:28 22.09.2020)
Созмони Милали Муттаҳид аз ташдиди ҳамалот ва афзоиши кушторҳо дар Афғонистон ибрози нигаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Миссияи кӯмаки Созмони Милал дар Афғонистон (UNAMA) ахиран дар як изҳорот гуфт, афзоиши куштор ва хушунат дар Афғонистон дар панҷ ҳафтаи охир дар панҷ соли охир бесобиқа буд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Афзоиши хушунатҳо дар Афғонистон дар ҳоле аст, ки гуфтугӯҳои сулҳи байни афғонҳо дар Қатар идома дорад.

Намояндагии Созмони Милал дар Афғонистон таъкид кардааст, ки бояд иқдомоти фаврӣ барои муҳофизат аз ғайринизомиён ва эҷоди фазои мусоид барои гуфтугӯҳои сулҳ дар Дуҳа фароҳам шавад.

Ин баёния аз тарафҳои дахил дар раванди сулҳи Афғонистон хостааст ба хушунатҳо ва ҷанг поён диҳанд ва барои барқарории оташбас талош кунанд.

Бо афзоиши хушунатҳо дар саросари Афғонистон ҳар рӯз даҳҳо нафар кушта ва захмӣ мешванд.

99
Барчаспҳо:
ҳамалоти террористӣ, афзоиш, нигаронӣ, куштор, СММ, хушунат, Афғонистон
Милиционеры в Душанбе, архивное фото

Фирори подполковник баъди латукӯби майор: тафсилоти парванда алайҳи 2 мақомдор

0
Нисбати Даврон Юнусзода, ваколатдори калони фаврии шуъбаи мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири назди РВКД ва подполковник Раҳмонзода Муҳаммадалӣ, сардори шуъбаи мазкур, барои шиканҷа ва озори як шахси низомӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст

ДУШАНБЕ, 25 сен – Sputnik. Бино ба иттилои дарёфтӣ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон тафтишоти муқаддамотии ин қазия собит намудааст, ки ба ин ҷинояти нангин подполковники милитсия Раҳмонзода Муҳаммадалӣ Раҳмон, сардори шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД дар вилояти Суғд низ даст доштааст.

Агентии коррупсия фасодзадатарин ниҳодҳоро дар Тоҷикистон эълон кард

Манбаъ тавзеҳ дод, ки ин ҳодиса оғози ҳафтаи равон рух дода ва ҳоло подполковник Раҳмонзода аз тафтишот пинҳон шуда, фирор намудааст.

"Ҳоло кофтукови фаврӣ-ҷустуҷӯӣ нисбати Раҳмонзода Муҳаммадалӣ ва дигар ҳаммаслакони ӯ, ки дар содир намудани ҷинояти шиканҷадиҳӣ ҳамроҳ мебошанд, идома дорад", -  гуфтанд манобеи Sputnik Тоҷикистон.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Юнусзода ва Раҳмонзода бо маслиҳати пешакӣ, як командири қисми низомии мустақар дар ноҳияи Масчоҳ, дорои рутбаи майор бударо, ба утоқи кории худ воқеъ дар шаҳри Хуҷанд даъват намуда, ӯро шадидан латукӯб кардаанд.

Дар бораи бадрафторӣ ва мавриди шиканҷа қарор гирифтани шаҳрвандон аз ҷониби кормандони мақомоти низомӣ то ин дам хабарҳо зиёд нашр мешуданд.

Зимнан, оиди ин ҳодиса прокуратураи шаҳри Хуҷанд нисбати Юнусзода Даврон ва Раҳмонзода Муҳаммадалӣ, масъулони шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД дар вилояти Суғд бо аломатҳои моддаи 316 қисми 3 ва ва 358 и Кодекси ҷиноӣ парванда боз намуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

0
Барчаспҳо:
парванда, латукӯб, Суғд