Жители Тегерана идут по одной из центральных улиц в медицинских масках.

Бонуи ҷавони эронӣ ба феҳристи муҳаққиқони таъсиргузори ҷаҳон ворид шуд

263
(Таҷдидшуда 01:17 15.09.2020)
Марям Кучакӣ, хатмкардаи Донишгоҳи Шарифи Теҳрон ва устоди Донишгоҳи Нурс вестерни Амрико, ба қатори 40 нафар бонуфузтарин устодон ва муҳаққиқони ҷавони ҷаҳон дар соҳаи мудирият интихоб шуд

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Ба далели ин, ки Марями Кучакӣ ҳиҷоб дораду ба Эрон рафту омад мекунад , хабаргузориҳои хориҷӣ он тавр, ки бояду шояд ба хабари муваффақияти илмии ӯ напардохтанд, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои  Хуросон.

Сомонаи Poets & Quants дар чанд соли ахири иқдом ба муаррифии устодони ҷавони бартар дар риштаи мудирият кардааст.

Пешравии донишмандони Эрон: муҳаққиқони эронӣ геноми коронавирусро мушаххас карданд

Ҳар сол  кумитае аз афроди мутахассис  масъулияти интихоби листи чиҳил нафари ниҳоиро бар ӯҳда дорад.

Мутобиқи омори вебгоҳ барои рақобати соли 2020, беш аз ду ҳазор нафар барои 160 риштаи мудирият аз саросари дунё  номзад ва аз ин миён  40 устод ба унвони бартаринҳои ниҳоӣ интихоб шуданд.

263
Барчаспҳо:
Теҳрон, интихоб, мудирият, ҷавон, устод, донишгоҳ, хатмкунандагон, Эрон
Новорожденный

Даҳшат: сокини Хоразм аз бехонагӣ ва бепулӣ кӯдаки 2 - моҳаашро дар бозор партофту рафт

568
(Таҷдидшуда 14:06 01.10.2020)
Модари ин кӯдак қаблан барои ҷангу нофаҳмиҳо бо ҳамсараш, онҳоро тарк карда, ба самти номаълум рафтаст. Падар бошад, худро маст карда фарзанди 2 - моҳаашро дар бозор партофта, фирор кард

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Дар Тошканд ҷавони 32 - сола, ки сокини Хоразм мебошад, дар ҳолати мастӣ духтарчаи 2 - моҳаашро дар бозор партофта, фирор кардаст, хабар медиҳад Sputnik  Ӯзбекистон.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи даҳшатбор дар бозори "Чиланзар" рух додааст. 

Манбаъ аз қавли намояндагони пулис хабар медиҳад, ки оилаи ҷавон аз зодгоҳи худ барои дарёфти кор ва зиндаги хуб ба Тошканд кӯчиданд. Аммо бехонагӣ ва дарёфт накардани ҷойи кор, оилаи ҷавонро аз ҳам ҷудо кард.

Дар Қазоқистон 6 толибилми мактаб гирифтори коронавирус шуданд

Модари кӯдак барои муноқиша ва ҷангҳои пайваста бо ҳамсараш,фарзандашро партофта, ба самти номаълум фирор кардаст.

Зимнан, падари хонавода, дар бозори "Чиланзор" машруботи спиртиро истеъмол намуда, кӯдакашро назди фурӯшандаҳои бозор гузошта, ба самти номаълум ғайб зад.

Манбаъ меафзояд, кормандони пулис ҳар ду волидони кӯдакро пайдо карда, бо дархости модари навзод ӯву фарзандашро ба вилояти Сурхандарё, назди волидонаш гусел карданд.

568
Барчаспҳо:
кӯдак, Ӯзбекистон
В.Путин принимает участие в четвертом Каспийском саммите

Рӯҳонӣ: дахолати хориҷӣ дар муноқишаи Боку ва Ереван авзоъро печидатар мекунад

204
(Таҷдидшуда 21:53 30.09.2020)
Раисҷумҳурии Эрон бо ибрози нигаронӣ аз даргирии ахир байни Арманистон ва Озарбойҷон, ҳаргуна дахолати хориҷӣ дар ин моҷароро мӯҷиби печидатар шудани авзоъ донист

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон ахиран дар тамоси телефонӣ бо Никол Пашиниян, нахуствазири Арманистон бо таъкид бар аҳамияти сулҳ, суботу амният дар минтақа афзуд, ки минтақаи Ғарби Осиё тавони бесуботӣ ва ҷанги ҷадидро надорад, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей".

Тавре манбаъ қайд намудааст, Рӯҳонӣ бо баёни ин ки бояд барои ҳаллу фасли масъалаи Қарабоғ дар чорчӯби муқаррароти байналмиллалӣ ва тамомияти арзӣ роҳи ҳалле ёфт шавад таъкид кард, ки таваққуфи ин даргириҳо барои Эрон муҳим аст ва Теҳрон интизор дорад Арманистон ва Озарбойҷон бо дироят ва хештандорӣ дар ин масир гом бардоранд.

Раисҷумҳури Эрон бо таъкид бар ин ки ҷанг роҳи ҳалли бартараф кардани мушкилоту танишҳо ва ихтилофот нест гуфт, ки ҳаргуна дахолати хориҷӣ дар ин моҷаро на танҳо ба ҳаллу фасли мушкил кумак намекунад балки даргириҳо ва танишҳоро тӯлонитар ва авзоъро печидатар хоҳад кард.

Рӯҳонӣ  ҳамчунин бо ишора ба аҳамият ва собиқаи тӯлонии равобити Эрон бо Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон, омодагии Теҳронро барои ифои ҳаргуна нақши созанда, ки мавриди назари ду кишвари дӯсту ҳамсоя бошад, эълом кард.

Никол Пашиниян низ бо ишора ба таҳаввулоти ахири ношӣ аз даргириҳои низомии Арманистон бо Озарбойҷон, танишу даргириро ба зиёни ҳамаи кишварҳои минтақа донисту аз ҳаргуна ибтикори амале барои таваққуфи хушунатҳо истиқбол кард.

Нахуствазири Арманистон ҳамчунин аз мудохилаи хориҷӣ дар масъалаи ихтилофоти Арманистон бо Озарбойҷон ибрози нигаронӣ кард.

204
Барчаспҳо:
Ереван, Боку, муноқиша, даргирӣ, моҷаро, хориҷӣ, Озарбойҷон, Арманистон, Эрон
Девушка за рулем автомобиля, архивное фото

Ҷазои Снежанна барои мошинронӣ бо суръати хеле баланд дар Душанбе-видео

0
(Таҷдидшуда 21:06 01.10.2020)
Раёсати умури дохилии Душанбе аз ҷаримабандии ҷавондухтаре хабар дод, ки мошинро дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт бо суръати 175 километр дар як соат рондаст

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Тибқи иттилои манбаъ, духтар мошинронияш бо суръати 175 км/соатро ба навор гирифта, дар саҳифаи шахсияш дар Инстаграм нашр намудааст. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз маъмурини милиса хостаанд, ки барои нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ронанда ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Раёсати умури дохилӣ хабар дод, ки дар пайи санҷиш муайян шуд, ронандаи мазкур Юдинна Снежанна Руслановна, сокини 29-солаи шаҳри Душанбе мебошад, ки ҳангоми идораи мошини шахсияш “Ауди А4” ба қонуншиканӣ роҳ додааст.

Манбаъ таъкид кард, ки бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати ронанда, барои бо суръати баланд идора намудани воситаи нақлиёт ва гузаштан дар чароғаки сурх санади маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ гардид.

0
Барчаспҳо:
ҷазо, ронанда, роҳ, Тоҷикистон