Эрон: хуруҷи неруҳои хориҷӣ метавонад ба Афғонистон сулҳ биёрад

102
(Таҷдидшуда 16:19 15.09.2020)
Вазорти умури хориҷаи Эрон бо истиқбол аз шурӯъи гуфтугӯҳо байни давлати Афғонистон, гурӯҳҳои сиёсӣ ва Толибон, идомаи ҳузури неруҳои хориҷиро аз иллатҳои аслии тадовуми ҷанг дар ин кишвар унвон кард

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Вазорати умури хориҷаи Эрон ахиран бо судури баёнияе эълом кард, ки  Тамомии масоил ва муъзалот дар Афғонистон аз тариқи гуфтугӯ ва музокира қобили ҳал ҳастанд ва хурӯҷи масъулонаи неруҳои хориҷӣ, пешниёзи ғайри қобили иҷтиноб барои расидан ба сулҳ ва амният дар ин кишвар аст, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.

Гуфта шудааст, ки Эрон умедвор аст давлат, гурӯҳҳои сиёсӣ ва Толибон битавонанд бо ҳифзи дастовардҳои арзишманди мардАфғонистонуми Афғонистон аз ҷумла қонуни асосӣ, сохторҳои мардумсолорона, мушорикати сиёсии фарогир, ҳуқуқ ва каромати занон ва ҳуқуқи ақаллиятҳои қавмӣ ва мазҳабӣ ба тавофуқе пойдор даст ёбанд, ки мутазаммини сулҳ, оромиш, рифоҳ ва саодатмандии мардуми Афғонистон бошад ва ба навбаи худ боис шавад муҳоҷирони афғон ба кишвари худ бозгарданд ва саҳми худро дар бозсозӣ, рушд ва тараққии Афғонистон ифо кунанд.

Мақомоти Эрон ибрози умедворӣ кардааст, ки гуфтугуҳо бидуни мудохилаи хориҷӣ ва дар як тафоҳуми ҷомеъ миёни афғонҳо ба натоиҷи матлуби худ барои истиқрори сулҳ ва суботи доимӣ дар Афғонистон ва амният дар минтақа мунҷар шавад.

Вазорати умури хориҷаи Эрон бо эъломи омодагии муҷаддад барои кумак ба пешбурди раванди сулҳ дар Афғонистон, ҳар гуна фурсатталабии сиёсӣ ва судҷӯии косибкорона аз ҷумла истифодаи давлати Амрико барои баҳрабардориҳои интихоботӣ аз гуфтугуҳои байнулафғонро маҳкум карда ва онро сабаби ихлол дар ин гуфтугуҳо донистааст.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш дар Доҳа пойтахти Қатар музокироти сулҳи байни давлати Афғонистон ва ва ҷунбиши Толибон оғоз шуд.

102
Барчаспҳо:
сиёсӣ, ҷанг, истиқбол, Толибон, Афғонистон, Эрон
В.Путин принимает участие в четвертом Каспийском саммите

Рӯҳонӣ: дахолати хориҷӣ дар муноқишаи Боку ва Ереван авзоъро печидатар мекунад

70
(Таҷдидшуда 21:53 30.09.2020)
Раисҷумҳурии Эрон бо ибрози нигаронӣ аз даргирии ахир байни Арманистон ва Озарбойҷон, ҳаргуна дахолати хориҷӣ дар ин моҷароро мӯҷиби печидатар шудани авзоъ донист

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон ахиран дар тамоси телефонӣ бо Никол Пашиниян, нахуствазири Арманистон бо таъкид бар аҳамияти сулҳ, суботу амният дар минтақа афзуд, ки минтақаи Ғарби Осиё тавони бесуботӣ ва ҷанги ҷадидро надорад, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей".

Тавре манбаъ қайд намудааст, Рӯҳонӣ бо баёни ин ки бояд барои ҳаллу фасли масъалаи Қарабоғ дар чорчӯби муқаррароти байналмиллалӣ ва тамомияти арзӣ роҳи ҳалле ёфт шавад таъкид кард, ки таваққуфи ин даргириҳо барои Эрон муҳим аст ва Теҳрон интизор дорад Арманистон ва Озарбойҷон бо дироят ва хештандорӣ дар ин масир гом бардоранд.

Раисҷумҳури Эрон бо таъкид бар ин ки ҷанг роҳи ҳалли бартараф кардани мушкилоту танишҳо ва ихтилофот нест гуфт, ки ҳаргуна дахолати хориҷӣ дар ин моҷаро на танҳо ба ҳаллу фасли мушкил кумак намекунад балки даргириҳо ва танишҳоро тӯлонитар ва авзоъро печидатар хоҳад кард.

Рӯҳонӣ  ҳамчунин бо ишора ба аҳамият ва собиқаи тӯлонии равобити Эрон бо Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон, омодагии Теҳронро барои ифои ҳаргуна нақши созанда, ки мавриди назари ду кишвари дӯсту ҳамсоя бошад, эълом кард.

Никол Пашиниян низ бо ишора ба таҳаввулоти ахири ношӣ аз даргириҳои низомии Арманистон бо Озарбойҷон, танишу даргириро ба зиёни ҳамаи кишварҳои минтақа донисту аз ҳаргуна ибтикори амале барои таваққуфи хушунатҳо истиқбол кард.

Нахуствазири Арманистон ҳамчунин аз мудохилаи хориҷӣ дар масъалаи ихтилофоти Арманистон бо Озарбойҷон ибрози нигаронӣ кард.

70
Барчаспҳо:
Ереван, Боку, муноқиша, даргирӣ, моҷаро, хориҷӣ, Озарбойҷон, Арманистон, Эрон
Абдулла Абдулла

Абдуллоҳ Абдуллоҳ: музокироти сулҳи Афғонистон ба кундӣ пеш меравад

122
(Таҷдидшуда 13:41 30.09.2020)
Раиси Шӯроии олии мусолиҳаи миллии Афғонистон дар дидор бо Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷаи Покистон, таъкид кард, ки музокироти сулҳи байни афғонҳо ба кундӣ пеш меравад

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки ахиран ба Исломобод сафар кардааст, аз ҳимояти Покистон дар заминаи оташбас дар Афғонистон истиқбол карда, афзуд, ки  агар аз фурсати торихии пеши рӯ истифода нашавад, буҳрон дар ин кишвар шадид хоҳад шуд.

Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон бо қадрдонӣ аз Покистон ба хотири ташвиқи Толибон ба ширкат дар гуфтугуҳои сулҳ афзуд, ки таъмини сулҳи пойдору одилона дар Афғонистон ба суди ҳамаи кишварҳои минтақа ва ҳамсоя мебошад.

Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷаи Покистон дар навбати худ гуфтааст, ки сафари Абдуллоҳ равобити миёни ду кишвари Афғонистону Покистонро вориди марҳалаи тозае мекунад ва ниёз аст, фасли наве дар равобити ду тараф гушуда шавад.

Вазири хориҷаи Покистон таъкид кард, ки кишвараш уҳдадор ба дахолат накардан дар умури Афғонистон аст ва аз талошҳои сулҳ пуштибонӣ мекунад, зеро Исломобод муътақид аст, ки мушкили Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва танҳо роҳ, гуфтугӯ аст.

“Набояд аз хоки Покистону Афғонистон алайҳи якдигар истифода шавад ва иродаи сиёсӣ ҳам дар ин замина вуҷуд дорад”, - гуфт Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ.

122
Барчаспҳо:
Покистон, музокирот, сулҳ, Афғонистон, Абдулло Абдулло