Нож в руке, архивное фото

Худкушии ду маъшуқ дар Намангон: волидон муқобили издивоҷи онҳо буданд

955
(Таҷдидшуда 11:23 17.09.2020)
Дар Намангони Ӯзбекистон ду ҷавон, ки муддати панҷ сол муносибати ошиқона доштанд, ба далели иҷозат надодани волидонашон ба издивоҷи онҳо, даст ба худкушӣ заданд

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Ду сокини 20 ва 21 - солаи Намангони Ӯзбекистон ба қасди нарасидан ба висоли ҳам, даст ба худкушӣ заданд, хабар медиҳад ВУД - ин кишвар.

Ба иттилои манбаъ, ҷавонон муддати панҷ сол бо ҳам муносибати зич дошта, хостори баргузор намудани маросими издивоҷашонро доштанд. Аммо чун пайвандони духтар дархости ҷавонмардро рад намуда, ӯро ба нафари дигар ба занӣ дода шуданд, онҳо сӯиқасд ба ҷони худ карданд.

Сокини Роштқалъа ба қасди худкушӣ худро ғарқи рӯди Шоҳдара кард: ҷасадашро наёфтанд

Гуфта мешавад, ҳар ду ҷавон бо маслиҳати пешакӣ корди хоҷагиро гирифта, ба саҳро баромаданд. Ҷавондухтар дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ҷавонро бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба беморхона интиқол додаанд.

ВУД Ӯзбекистон мегӯяд, алъон нисбати ҳодисаи мазкур тафтишоти пешакӣ  идома дорад.

955
Барчаспҳо:
издивоҷ, худкушӣ, Ӯзбекистон
В.Путин принимает участие в четвертом Каспийском саммите

Рӯҳонӣ: дахолати хориҷӣ дар муноқишаи Боку ва Ереван авзоъро печидатар мекунад

74
(Таҷдидшуда 21:53 30.09.2020)
Раисҷумҳурии Эрон бо ибрози нигаронӣ аз даргирии ахир байни Арманистон ва Озарбойҷон, ҳаргуна дахолати хориҷӣ дар ин моҷароро мӯҷиби печидатар шудани авзоъ донист

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон ахиран дар тамоси телефонӣ бо Никол Пашиниян, нахуствазири Арманистон бо таъкид бар аҳамияти сулҳ, суботу амният дар минтақа афзуд, ки минтақаи Ғарби Осиё тавони бесуботӣ ва ҷанги ҷадидро надорад, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей".

Тавре манбаъ қайд намудааст, Рӯҳонӣ бо баёни ин ки бояд барои ҳаллу фасли масъалаи Қарабоғ дар чорчӯби муқаррароти байналмиллалӣ ва тамомияти арзӣ роҳи ҳалле ёфт шавад таъкид кард, ки таваққуфи ин даргириҳо барои Эрон муҳим аст ва Теҳрон интизор дорад Арманистон ва Озарбойҷон бо дироят ва хештандорӣ дар ин масир гом бардоранд.

Раисҷумҳури Эрон бо таъкид бар ин ки ҷанг роҳи ҳалли бартараф кардани мушкилоту танишҳо ва ихтилофот нест гуфт, ки ҳаргуна дахолати хориҷӣ дар ин моҷаро на танҳо ба ҳаллу фасли мушкил кумак намекунад балки даргириҳо ва танишҳоро тӯлонитар ва авзоъро печидатар хоҳад кард.

Рӯҳонӣ  ҳамчунин бо ишора ба аҳамият ва собиқаи тӯлонии равобити Эрон бо Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон, омодагии Теҳронро барои ифои ҳаргуна нақши созанда, ки мавриди назари ду кишвари дӯсту ҳамсоя бошад, эълом кард.

Никол Пашиниян низ бо ишора ба таҳаввулоти ахири ношӣ аз даргириҳои низомии Арманистон бо Озарбойҷон, танишу даргириро ба зиёни ҳамаи кишварҳои минтақа донисту аз ҳаргуна ибтикори амале барои таваққуфи хушунатҳо истиқбол кард.

Нахуствазири Арманистон ҳамчунин аз мудохилаи хориҷӣ дар масъалаи ихтилофоти Арманистон бо Озарбойҷон ибрози нигаронӣ кард.

74
Барчаспҳо:
Ереван, Боку, муноқиша, даргирӣ, моҷаро, хориҷӣ, Озарбойҷон, Арманистон, Эрон
Абдулла Абдулла

Абдуллоҳ Абдуллоҳ: музокироти сулҳи Афғонистон ба кундӣ пеш меравад

125
(Таҷдидшуда 13:41 30.09.2020)
Раиси Шӯроии олии мусолиҳаи миллии Афғонистон дар дидор бо Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷаи Покистон, таъкид кард, ки музокироти сулҳи байни афғонҳо ба кундӣ пеш меравад

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки ахиран ба Исломобод сафар кардааст, аз ҳимояти Покистон дар заминаи оташбас дар Афғонистон истиқбол карда, афзуд, ки  агар аз фурсати торихии пеши рӯ истифода нашавад, буҳрон дар ин кишвар шадид хоҳад шуд.

Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон бо қадрдонӣ аз Покистон ба хотири ташвиқи Толибон ба ширкат дар гуфтугуҳои сулҳ афзуд, ки таъмини сулҳи пойдору одилона дар Афғонистон ба суди ҳамаи кишварҳои минтақа ва ҳамсоя мебошад.

Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷаи Покистон дар навбати худ гуфтааст, ки сафари Абдуллоҳ равобити миёни ду кишвари Афғонистону Покистонро вориди марҳалаи тозае мекунад ва ниёз аст, фасли наве дар равобити ду тараф гушуда шавад.

Вазири хориҷаи Покистон таъкид кард, ки кишвараш уҳдадор ба дахолат накардан дар умури Афғонистон аст ва аз талошҳои сулҳ пуштибонӣ мекунад, зеро Исломобод муътақид аст, ки мушкили Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва танҳо роҳ, гуфтугӯ аст.

“Набояд аз хоки Покистону Афғонистон алайҳи якдигар истифода шавад ва иродаи сиёсӣ ҳам дар ин замина вуҷуд дорад”, - гуфт Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ.

125
Барчаспҳо:
Покистон, музокирот, сулҳ, Афғонистон, Абдулло Абдулло