Нигаронии СММ аз авҷи хушунатҳои бесобиқа дар Афғонистон

102
(Таҷдидшуда 19:28 22.09.2020)
Созмони Милали Муттаҳид аз ташдиди ҳамалот ва афзоиши кушторҳо дар Афғонистон ибрози нигаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Миссияи кӯмаки Созмони Милал дар Афғонистон (UNAMA) ахиран дар як изҳорот гуфт, афзоиши куштор ва хушунат дар Афғонистон дар панҷ ҳафтаи охир дар панҷ соли охир бесобиқа буд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Афзоиши хушунатҳо дар Афғонистон дар ҳоле аст, ки гуфтугӯҳои сулҳи байни афғонҳо дар Қатар идома дорад.

Намояндагии Созмони Милал дар Афғонистон таъкид кардааст, ки бояд иқдомоти фаврӣ барои муҳофизат аз ғайринизомиён ва эҷоди фазои мусоид барои гуфтугӯҳои сулҳ дар Дуҳа фароҳам шавад.

Ин баёния аз тарафҳои дахил дар раванди сулҳи Афғонистон хостааст ба хушунатҳо ва ҷанг поён диҳанд ва барои барқарории оташбас талош кунанд.

Бо афзоиши хушунатҳо дар саросари Афғонистон ҳар рӯз даҳҳо нафар кушта ва захмӣ мешванд.

102
Барчаспҳо:
ҳамалоти террористӣ, афзоиш, нигаронӣ, куштор, СММ, хушунат, Афғонистон
Учения спецслужб аэропорта по подготовке возможному прибытию инфицированных коронавирусом, в аэропорту Алматы, архивное фото

Афзоиши мубталоёни коронавирус дар Қирғизистон: аз 52 ҳазор гузашт

74
(Таҷдидшуда 15:37 18.10.2020)
Дар ин ҳафта дар Қирғизистон шумораи беморони коронавируси навъи COVID - 19 афзоиш кард. Аз замони ҳамагирии коронавирус то имрӯз дар кишвар 52 044 нафар гирифтори коронаврус шудааст

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Қирғизистон 554 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавируси навъи  COVID - 19 ба қайд гирифта шудааст.

Вирусро паҳн мекунад: пизишк номи "ашёи хатарноктарин" - и ҳифозатӣ аз COVID -19 - ро гуфт

Шумораи бештарини сироятшудагон дар вилояти Ҷалолобод ба қайд гирифта шудааст. Ин ҷо дар муддати 24 соати гузашта — 143 кас мубталои коронавирус шудааст. Омори дигар манотиқ чунин аст: вилояти Ӯш — 105, Ботканд - 90, Бишкек — 88, Ӯш — 38, вилояти Чуй - 46, вилояти Иссиқкӯл — 26, вилояти Норин — 6 ва вилояти Таласс — 12.

Давоми як моҳи гузашта теъдоди гирифторон дар Қирғизистон кам шуда буд, вале ин моҳ боз дубора авҷ гирифт. Сабаби дигари афзоиш ёфтани маризон ин гирдиҳамоиҳо ва тазоҳурот буд, ки дар паи норозигии мардум аз натоиҷи интихоботи парлумонӣ, сар зада буд.

Вазорат марги як тоҷикистонии дигар аз коронавирусро тасдиқ кард: 40 маризи нав

Аз замони ҳамагирии коронавирус то имрӯз дар Қирғизистон 52 044 нафар гирифтори коронаврус шудааст. 

Аз саршавии беморӣ то кунун 45 736 нафар ин бемориро ба хубӣ паси сар карданд.

Аз аввали ҳамагирӣ бошад дар Қирғизистон 1 111 кас қурбони ин вабои аср шудааст.

74
Барчаспҳо:
вируси нав, омор, Қирғизистон
Профилактические меры против распространения коронавируса, архивное фото

Афзоиши теъдоди маризони коронавирус дар Ӯзбекистон: аз 63 ҳазор гузашт

154
(Таҷдидшуда 14:18 18.10.2020)
Вазорати тандурустии Ӯзбекистон омори нави гирифторӣ, шифо ва фавт аз коронавируси навъи COVID - 19 - ро нашр кард

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Дар Ӯзбекистон теъдоди гирифторони бемории коронавирус ҳамоно дар ҳоли афзоиш аст, хабар медиҳад Вазорати тандурустии ин кишвар.

Тибқи иттилои ин ниҳод, давоми 24 соати гузашта 315 шаҳрванди кишвар мубталои COVID - 19 шудааст. Дар умум аз аввали ҳамагирии коронавирус то кунун беш аз 63 ҳазор кас гирифтори ин беморӣ шудааст.

"То 18 октябр дар Ӯзбекистон шумораи гирифторони коронавирус  63 124 нафарро ташкил медиҳад", - омадааст дар гузориш.

Вазорат қайд карда, ки давоми шабонарӯзи гузашта дар кишвар се тан аз ин беморӣ ҷон бохтааст. Шумораи умумии фавтидагон аз COVID - 19 - 525 нафарро ташкил медиҳад.

Гап сари "корона": коҳиши 62 дар садии сафари хориҷиҳо ба Тоҷикистон

Тибқи додаҳои Вазорати тандурустии Ӯзбекистон, шумораи нафарони аз коронавирус шифоёфта дар кишвар ба 60 080 баробар шудааст.

Олимон гуфтанд, кадом омил хавфи марг аз коронавирусро дучанд мекунад

Дар ҳоли ҳозир 2519 бемори COVID-19, таҳти назорати пизишкон қарор дошта, аҳволи 95 бемор вазнин арзёбӣ мешавад.

154
Барчаспҳо:
гирифторони беморӣ, вируси нав, Ӯзбекистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
футзал, акс аз бойгонӣ

Барои "Сипар" як ғалабаи дигар даркор то чемпиони Тоҷикистон шавад

0
(Таҷдидшуда 22:27 19.10.2020)
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, барои дастаи “Сипар”-и шаҳри Хуҷанд як пирӯзии дигар даркор аст, то қаҳрамони кишвар дар риштаи футзал шавад

ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, дастаи “Сипар”-и шаҳри Хуҷанд бар тими “Соро компания”-и пойтахт дар ду силсилабозиҳои финали лигаи касбии футзали Тоҷикистон -2020 ғалаба карда, ба дарёфти унвони чемпионӣ наздик шуд.

"Бозии аввали дастаҳои мусовӣ (1:1) анҷом ёфт, вале дар задани силсилаи пеналтӣ бахти хуҷандиҳо омад кард – 4:3. Дар бозии дуюм бошад, “Сипар” бо ҳисоби 6:2 бар “Соро компания” ғолиб омад. Ҳар ду бозии аввал дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуданд", - омадааст дар иттилоия.

Кумитаи миллии олимпӣ афзуд, ки ҳамин тариқ, клуби Хуҷанд дар силсилаи бозиҳо бо ҳисоби 2:0 пешсаф аст ва пас аз як ғалабаи дигар аввалин бор чемпион хоҳад шуд.

Зикр гардид, ки бозии навбатии дастаҳо 24 октябр сурат мегирад. “Соро компания” дар Душанбе “Сипар”-ро қабул мекунад.

Инчунин дар ду бозӣ барои ҷои сеюм бошад, дастаи “Муҳоҷир”-и шаҳри Душанбе бар тими “Истаравшан” ғалаба кард. Дар бозии аввал бо ҳисоби 8:5, дар бозии дуюм бо ҳисоби 6:5, тавзеҳ дод Кумитаи миллии олимпӣ. 

Футболбозони “Муҳоҷир” дар силсилаи бозиҳо барои ҷои сеюм бо ҳисоби 2:0 пешсафанд ва мумкин аст дар бозии навбатӣ медалҳои биринҷии лигаи касбии футзали Тоҷикистонро ба даст биёранд.

0
Барчаспҳо:
футзал, Кумитаи миллии олимпӣ, Тоҷикистон