Қоидаи нави вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Қазоқистон: бидуни санад манъ аст

255
(Таҷдидшуда 14:10 04.10.2020)
Сар аз 6 октябр Қазоқистон нафаронеро, ки бидуни санади ташхиси манфӣ аз коронавирус, ки 72 соат пештар аз вақти убури сарҳад гирифта шуда бошад, иҷозаи вуруд намедиҳад

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Барои шаҳрвандни хориҷие, ки марзи Қазоқистонро бидуни санади ташхиси манфӣ аз COVID - 19, ки 72 соат пеш аз лаҳзаи убур гирифта шуда бошад, аз 6 октябр вуруд ба Қазоқистон манъ мешавад, гуфта мешавад дар қарори сарпишизки кишвар.

"Барои нафароне, ки шаҳрванди Қазоқистон нестанд, бе санади ташхиси манфӣ аз коронавирус, ки на пештар аз 72 соат то вақти убури марз гирифта шуда бошад, иҷозаи вуруд дода намешавад" , - омадааст дар қарор, ки 6 октябр амалӣ мешавад.

Дар Қазоқистон 6 толибилми мактаб гирифтори коронавирус шуданд

Ин қонун ба намояндагони ҳайъатҳои  расмии давлатҳо ва ширкатҳои байналмилалӣ, ки бо даъвати Вазорати умури хориҷаи кишвар меоянд; намояндагони дипломатии ҳукумат ва идораҳои консулӣ, ки дар кишвар сабти ном шудаанд ва аҳли хонаводаи онҳо, ҳамчунин шахсоне, ки ба ҳамлу нақли тарнзитӣ тавассути худрав машғул ҳастанд, дахл надорад.

Қазоқистон марзкушоиро ба рӯи дигар кишварҳо қатъ мекунад

Шаҳрвандони Қазоқистон ҳини ворид шудан ба кишвар дар муддати ду шабонарӯз барои муайян кардани ташхиси COVID - 19 ба карантин фаро гирифта мешаванд.

255
Барчаспҳо:
ташхис, санад, ворид шудан, Қазоқистон
Мужчины с портфелем в руке. Архивное фото

Мақомдорони Ӯзбекистон аз соли 2021 аз забони ӯзбекӣ имтиҳон месупоранд

72
(Таҷдидшуда 15:44 22.10.2020)
Ҳукумати Ӯзбекистон барои рушд ва таҳкими забони ӯзбекӣ дар ҳамаи соҳаҳо аз ҷумла дар сатҳи байналмилалӣ барномаҳои ҷадид роҳандозӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 22 окт – Sputnik. Аз моҳи апрели соли оянда мақомдорони Ӯзбекистон, ки вазифаи раҳбариро бар дӯш доранд вазифадор мешаванд, дар бораи сатҳи забондонии худ шаҳодатнома гиранд.

Дар ин бора Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба Вазорати адлияи кишвар хабар медиҳад.

"Оғоз аз 1 апрели соли 2021 сатҳи ҳайати роҳбарикунанда барои коргузории расмӣ бо забони давлатӣ муайян карда мешавад ва барои муйян кардани сатҳи забондонии раҳбарон шаҳодатномаҳо ҷорӣ мешаванд ", - омадааст дар хабарнома.

Ин тадбир дар доираи консепсияи рушди забони ӯзбекӣ ва такмили сиёсати забон дар солҳои 2020-2030 пешбинӣ шудааст.

Раҳмон дар паёмаш гуфт, забонҳои хориҷиро омӯзед, аммо ба забони модарӣ арҷ гузоред

Ҳуҷҷати мазкур бо фармони президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев тасдиқ шудааст.

Дар Ӯзбекситон Рӯзи забони ӯзбекӣ таҷлил шуд. Шавкат Мирзиёев мардуми ҷумҳуриро бо санаи таърихӣ табрик гуфт ва ёдовар шуд, ки имрӯз бо забони ӯзбекӣ тақрибан 50 миллион нафар сухан мегӯянд ва ин ифодагари ба яке аз забонҳои паҳншудаи ҷаҳон табдил ёфтани он мебошад.

Форсӣ забони миллии Афғонистон шуд

Президент таъкид кард, ки имрӯз дар назди аҳолӣ вазифаи масъулиятнок яъне, рушди забони ӯзбекӣ, таҳкими минбаъдаи нақш ва нуфузи он ҳамчун забони давлатӣ истодааст.

72
Барчаспҳо:
сертификат, забон, Ӯзбекистон
Президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков и премьер-министр Садыр Жапаров на внеочередном заседании Жогорку Кенеша в госрезиденции Ала-Арча. Архивное фото

Жээнбеков аз тарс истеъфо дод? ҷавоби Ҷопаров

1426
(Таҷдидшуда 00:24 21.10.2020)
Содир Ҷопаров ба хабарнигори Al Jazerra дар бораи иттиҳомоте, ки гӯё ӯ ва тарафдоронаш бо роҳи тарсонидан сари қудрат расидаанд, тавзеҳ дод

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Ҷапаров дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Ал Ҷазерра гуфт, ки ҳеҷ кас собиқ кишвардор - Сооронбай Жээнбековро барои истеъфо натарсонда буд.

 

Сооронбой Жээнбеков истеъфо дод: вакилон қарсак заданд

Хабарнигор аз Ҷапаров дархост намуд, ки иттиҳомот алайҳи ӯ ва тарафдорона, ки гӯё бо роҳи тарсондан сари қудрат омаданд, тавзеҳ диҳад.

"Сару садоҳо дар мавриди он ки, гӯё ман бо роҳи таҳдиду зӯроварӣ сари қудрат омадам, нодуруст аст. Агар мо метарсондем ва таҳдид мекардем, президенти фирорӣ Жээнбеков барнамегашт. Мо ба ӯ пешниҳод кардем то биёяд ва мушкилиро аз роҳи қонунӣ ҳал кунем, нагузорем, ки корхонаҳо аз кор монанд ва иқтисодиёт сукут кунад.... Ҳамаи кор бо музокирот анҷоми. Касе дасту пойи ӯро тоб надода буд", - шарҳ дод Ҷопаров.

Сарвазир ҳамчунин таъкид намуд, ки баъзе одамон дидаву дониста маълумоти бардурӯғ паҳн мекарданд, ки гӯё ҷонибдорони ӯ аснои эътирозҳо сангу шиша ҳаво медоданд.

Ёдовар мешавем, дар Қирғизистон пас аз интихоботи парлумонӣ, ноамниҳо сар заданд ва дар фарҷом кишвардор Сооронбой Жээнбеков истеъфо дод.

1426
Барчаспҳо:
истеъфо, Сооронбой Жээнбеков
Российской военно-транспортной авиации 89 лет

Субҳ аҳволашро беҳтар буд: даргузашти нобаҳангоми Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад аз "илтиҳоби шуш"

160
(Таҷдидшуда 16:08 24.10.2020)
Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад, рӯзноманигори собиқадор ва муовини сармуҳаррири рӯзномаи ҳукуматии “Садои Конибодом” дар синни 66-солагӣ дунёи фониро падруд гуфт

ДУШАНБЕ, 24 окт – Sputnik. Абдусаттор Содиқов, сармуҳаррири рӯзномаи “Садои Конибодом” дар тайиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ҳамкораш Ашӯрмуҳаммад дар Бемористони шаҳр аз бемории монанд ба “илтиҳоби шуш” табобат мегирифт, вале зуҳри имрӯз ҷон ба Ҳақ таслим намуд.

“Ду рӯз пеш аз интиқол ёфтанашон ба Бемористон хабар ёфта будем. Суҳбат мекардем. Саҳарӣ аз ҳамсарашон пурсида будам гуфтанд, ки хеле хуб шудаанд ва иштиҳояшон ҳам беҳтар шудааст. Ҳоло наздик ба вақти зуҳр мефаҳмем, ки бандагӣ кардаанд. Хабари даргузашти Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад бе ихтиёр барои мо риққатбор аст. Ба аҳли хонавода ва дӯстонашон ҳамдардии худро мерасонам”, - зикр намуд Содиқов.

Ҷаноза шоми имрӯз соати 17:00 дар манзили рӯзноманигор баргузор шуда, ӯро дар қабристони ҷамоати Ортиқов ба хок месупоранд.

Маҳмуд (Қулдошев) Ашӯрмуҳаммад, 20- уми сентябри соли 1954 дар деҳаи Диловари ҷамоати деҳоти ба номи Ғафурҷон Ортиқов дар шаҳри Конибодом таваллуд шудааст. Факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии педагоги (ҳозира Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) -ро хатм карда, аз соли 1972 фаъолияти меҳнатиашро дар коргоҳи ресандагӣ бофандагии шаҳри Конибодом шурӯъ намудааст.

Даргузашти Диловари Зуҳуриён, оҳангсози шинохта баъди тӯйаш-аксу видео

Солҳои 1982-1992 ӯ дар вазифаҳои ходими илмӣ, мудири шуъба ва муовини сармуҳарри рӯзномаи ҳизбии “Машъали комунизм” кор кардааст. Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад як муддат раиси бахши конибодомии Бунёди забони байналмиллалии забони форсии тоҷикиро бар уҳда доштааст.

Дар солҳои 1993 - 2000 мушовири созмони вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар Суғд фаъолият намуда, солҳои 2000-2011 хабарнигори ҳафтавори мустақили “Суғд” дар шаҳри Конибодом буд. Соли 2011 ба рӯзномаи ҳукуматии “Садои Конибодом” пайваст.

Дар оғоз котиби масъул буд, ва нафаси охири муовини сармуҳарри ин рӯзномаро бар уҳда дошт. Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад аз рӯзноманигорони сермаҳсуле шинохта мешавад, ки дар инъикоси масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа нақши басо назаррасе доштааст.

Ӯ ҳамчунин дар нашри чанд китоб аз ҷумла силсилаочеркҳои “Ҳаёти одамони наҷиб” ва “Дар кӯи некномӣ” саҳм гузоштааст. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, дорандаи унвони Аълочии матбуоти Тоҷикистон ва барандаи ҷоизаи журналистии ба номи Ҳоҷи Содиқ мебошад.

Қарор аст, имрӯз соати 17 и бегоҳ ҷанозаи Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад дар зодгоҳаш дар деҳаи Диловарони шаҳри Конибодом баргузор гардад. Ин дуюмин мавриди даргузашти рӯзноманигорон аз бемории “илтиҳоби шуш” гуфта мешавад, ки талафоти он ҷуброннопазир аст.

Рӯзи 13 октябр Мавлуда Рофиева, хабарнигори Ожонси иттилоотии Asia - Plus ва роҳбари дафтари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар синни 57 - солагӣ аз олам даргузашт.

160