Пробирки с кровью для анализа на covid-19

Афзоиши шумораи гирифторони коронавирус дар Қирғизистон

230
(Таҷдидшуда 14:54 04.10.2020)
Аз ҳафтаи гузашта то кунун теъдоди гирифторони коронавирус дар Ҷумҳурии Қирғизистон ба маротиб афзудааст.

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Давоми шабонарӯзи гузашта дар Қирғизистон 244 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID - 19 ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо коронавирус.

Шумораи бештарини сироятшудагон дар вилояти Ҷалолобод ба қайд гирифта шудааст. Ин ҷо дар муддати 24 соати гузашта — 79 кас мубталои коронавирус шудааст. Омори дигар манотиқ чунин аст: вилояти Ӯш — 62, Ботканд — 33, Бишкек — 26, Ӯш — 25, вилояти Чуй - 8, вилояти Иссиқкӯл — 6, вилояти Норин — 3 ва вилояти Таласс — 2.

Давоми як моҳи гузашта теъдоди гирифторон дар Қирғизистон кам шуда буд, вале ин моҳ боз дубора авҷ гирифт.

Аз замони ҳамагирии коронавирус то имрӯз дар Қирғизистон 47 428 нафар гирифтори коронаврус шудааст. 

Дар 24 соати гузашта аз ин вабои аср 140 кас шифо ёфта аз саршавии беморӣ то кунун 43 418 нафар ин бемориро ба хубӣ паси сар карданд.

Хушбахтона дар давоми шабонарӯзи гузашта дар кишвар ягон ҳолати фавт аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Аз аввали ҳамагирӣ бошад дар Қирғизистон 1066 кас қурбони ин вабои аср шудааст.

230
Барчаспҳо:
афзоиш, омор, гирифторони беморӣ, вируси нав, Қирғизистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (803)
Мужчины с портфелем в руке. Архивное фото

Мақомдорони Ӯзбекистон аз соли 2021 аз забони ӯзбекӣ имтиҳон месупоранд

72
(Таҷдидшуда 15:44 22.10.2020)
Ҳукумати Ӯзбекистон барои рушд ва таҳкими забони ӯзбекӣ дар ҳамаи соҳаҳо аз ҷумла дар сатҳи байналмилалӣ барномаҳои ҷадид роҳандозӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 22 окт – Sputnik. Аз моҳи апрели соли оянда мақомдорони Ӯзбекистон, ки вазифаи раҳбариро бар дӯш доранд вазифадор мешаванд, дар бораи сатҳи забондонии худ шаҳодатнома гиранд.

Дар ин бора Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба Вазорати адлияи кишвар хабар медиҳад.

"Оғоз аз 1 апрели соли 2021 сатҳи ҳайати роҳбарикунанда барои коргузории расмӣ бо забони давлатӣ муайян карда мешавад ва барои муйян кардани сатҳи забондонии раҳбарон шаҳодатномаҳо ҷорӣ мешаванд ", - омадааст дар хабарнома.

Ин тадбир дар доираи консепсияи рушди забони ӯзбекӣ ва такмили сиёсати забон дар солҳои 2020-2030 пешбинӣ шудааст.

Раҳмон дар паёмаш гуфт, забонҳои хориҷиро омӯзед, аммо ба забони модарӣ арҷ гузоред

Ҳуҷҷати мазкур бо фармони президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев тасдиқ шудааст.

Дар Ӯзбекситон Рӯзи забони ӯзбекӣ таҷлил шуд. Шавкат Мирзиёев мардуми ҷумҳуриро бо санаи таърихӣ табрик гуфт ва ёдовар шуд, ки имрӯз бо забони ӯзбекӣ тақрибан 50 миллион нафар сухан мегӯянд ва ин ифодагари ба яке аз забонҳои паҳншудаи ҷаҳон табдил ёфтани он мебошад.

Форсӣ забони миллии Афғонистон шуд

Президент таъкид кард, ки имрӯз дар назди аҳолӣ вазифаи масъулиятнок яъне, рушди забони ӯзбекӣ, таҳкими минбаъдаи нақш ва нуфузи он ҳамчун забони давлатӣ истодааст.

72
Барчаспҳо:
сертификат, забон, Ӯзбекистон
Президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков и премьер-министр Садыр Жапаров на внеочередном заседании Жогорку Кенеша в госрезиденции Ала-Арча. Архивное фото

Жээнбеков аз тарс истеъфо дод? ҷавоби Ҷопаров

1410
(Таҷдидшуда 00:24 21.10.2020)
Содир Ҷопаров ба хабарнигори Al Jazerra дар бораи иттиҳомоте, ки гӯё ӯ ва тарафдоронаш бо роҳи тарсонидан сари қудрат расидаанд, тавзеҳ дод

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Ҷапаров дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Ал Ҷазерра гуфт, ки ҳеҷ кас собиқ кишвардор - Сооронбай Жээнбековро барои истеъфо натарсонда буд.

 

Сооронбой Жээнбеков истеъфо дод: вакилон қарсак заданд

Хабарнигор аз Ҷапаров дархост намуд, ки иттиҳомот алайҳи ӯ ва тарафдорона, ки гӯё бо роҳи тарсондан сари қудрат омаданд, тавзеҳ диҳад.

"Сару садоҳо дар мавриди он ки, гӯё ман бо роҳи таҳдиду зӯроварӣ сари қудрат омадам, нодуруст аст. Агар мо метарсондем ва таҳдид мекардем, президенти фирорӣ Жээнбеков барнамегашт. Мо ба ӯ пешниҳод кардем то биёяд ва мушкилиро аз роҳи қонунӣ ҳал кунем, нагузорем, ки корхонаҳо аз кор монанд ва иқтисодиёт сукут кунад.... Ҳамаи кор бо музокирот анҷоми. Касе дасту пойи ӯро тоб надода буд", - шарҳ дод Ҷопаров.

Сарвазир ҳамчунин таъкид намуд, ки баъзе одамон дидаву дониста маълумоти бардурӯғ паҳн мекарданд, ки гӯё ҷонибдорони ӯ аснои эътирозҳо сангу шиша ҳаво медоданд.

Ёдовар мешавем, дар Қирғизистон пас аз интихоботи парлумонӣ, ноамниҳо сар заданд ва дар фарҷом кишвардор Сооронбой Жээнбеков истеъфо дод.

1410
Барчаспҳо:
истеъфо, Сооронбой Жээнбеков
Монумент Независимости Туркменистана в Ашхабаде, архивное фото

Мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо сабаби COVID-19 ба соли 2021 мавқуф гузошта шуд

0
(Таҷдидшуда 12:16 23.10.2020)
Қаблан дар назар буд, ки сеюмин дидори машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки қаблан моҳи август дар Бишкек ба нақша гирифта шуда буд, бинобар пандемияи коронавируси COVID-19 ба тирамоҳ мавқуф гузошта шуд

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Ҷаласаи сеюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки қаблан дар Қирғизистон ба нақша гирифта шуда буд, бинобар пандемияи коронавирус ба соли 2021 мавқуф гузошта шуд, гуфт вазири корҳои хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комилов.

Ба гуфтаи ӯ, ин мулоқот эҳтимолан дар Туркманистон баргузор хоҳад шуд.

"Мутаассифона, бинобар ҳолатҳои марбут ба коронавирус ва номуайянии давомдор дар бораи замони рафъи ин пандемия, дар гумон аст, ки то охири соли равон ҷаласаи сеюми машваратӣ баргузор карда шавад",- гуфт Комилов.

Комилов гуфт, ки Туркманистон пешниҳод кардааст, ки мулоқоти сеюм дар соли 2021 дар ин кишвар  баргузор шавад.

"Мо, ки ҳамраиси шӯрои машваратӣ ҳастем, ин пешниҳоди Туркманистонро комилан дастгирӣ мекунем ва умедворем, ки нишасти навбатии машваратии Осиёи Марказиро бо як барномаи васеъ ва пурмазмун баргузор мекунем" гуфт ӯ.

Ӯ гуфтааст, ки пас аз нишаст дар Туркманистон, бозгаштан ба пешниҳоди Қирғизистон дар бораи ташкили нишасти машваратӣ дар Бишкек имконпазир хоҳад буд.

"Ин маънои онро надорад, ки кишварҳои минтақа дар роҳи банақшагирифташудаи ҳамкориҳои минтақавӣ " суст шудаанд", - илова кард Комилов.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамкориҳои бисёрҷониба барои ҳамаи панҷ давлати Осиёи Марказӣ афзалиятнок аст.

0
Барчаспҳо:
Осиёи Марказӣ, вохӯрии сарони кишварҳо, мулоқот, дидор