В.Путин принимает участие в четвертом Каспийском саммите

Рӯҳонӣ гуфт нафарони бе ниқоб дар Эрон чиқадар ҷарима мешаванд

88
(Таҷдидшуда 19:05 10.10.2020)
Раисҷумҳури Эрон эълом кард, аз ин пас хурӯҷи фарди мубтало ба вируси корона аз қарантина 200 ҳазор тумон ва назадани ниқоб ба маҳзи хурӯҷ аз хона 50 ҳазор тумон ҷарима ба дунбол дорад

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik.   Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон дар ҷаласаи Ситоди миллии муқобила бо куруно бо таъкид бар лузӯми бастани масири интиқоли вируси куруно гуфт, тибқи мусавваботи имрӯзи Ситоди миллии муқобила бо куруно ба маҳзи онки шахсе аз ибтилои худ ба вируси корона огоҳ шуд, муваззаф аст билофосила ба маҳали кор ва хонаводаи худ итилоъ диҳад, ду ҳафта дар қарантина бимонад ва ҳақ надорад аз карантин хориҷ шавад, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Раисҷумҳури Эрон таъкид кардааст, ки дар сӯрати тахаллуфи фарди мубтало ва хурӯҷи вай аз карантин, мутахаллиф ба пардохти 200 ҳазор тумон барои ҳар навбати тахаллуф, ҷарима мешавад.

Рӯҳонӣ афзуд, созу кори ин ҷаримаҳо ва сомонаи марбӯта мушаххас шуда ва вазорати беҳдошту дармон низ масъӯл аст ва ҷаримаҳо низ ба ҳисобе, ки ин вазоратхона эълом мекунад, вориз мешавад ва агар мутахаллиф ҷаримаи худро пардохт накунад аз равишҳои дигар ба унвони бадеҳкории фардӣ маҳсӯб хоҳад шуд.

Вай гуфт, афроди мутахаллиф дар марҳалаи аввал тазаккур дарёфт мекунанд, дар марҳалаи дуввум 300 ҳазор тумон ҷарима ва дар сӯрати идомаи тахаллуфот якмиллион тумон ҷарима хоҳанд шуд, аммо дар сӯрати идомаи ин раванд дар марҳалаи чаҳорум касб ва кори фарди мутахаллиф пломб хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Рӯҳонӣ ин ҷаримаҳо ибтидо дар Теҳрон ва сипас дар соири устонҳои кишвар иҷроӣ хоҳад шуд.

 

88
Барчаспҳо:
Раисҷумҳур, бемор, беморӣ, ҷарима, вируси корона, Эрон
Президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков и премьер-министр Садыр Жапаров на внеочередном заседании Жогорку Кенеша в госрезиденции Ала-Арча. Архивное фото

Жээнбеков аз тарс истеъфо дод? ҷавоби Ҷопаров

1349
(Таҷдидшуда 00:24 21.10.2020)
Содир Ҷопаров ба хабарнигори Al Jazerra дар бораи иттиҳомоте, ки гӯё ӯ ва тарафдоронаш бо роҳи тарсонидан сари қудрат расидаанд, тавзеҳ дод

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Ҷапаров дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Ал Ҷазерра гуфт, ки ҳеҷ кас собиқ кишвардор - Сооронбай Жээнбековро барои истеъфо натарсонда буд.

 

Сооронбой Жээнбеков истеъфо дод: вакилон қарсак заданд

Хабарнигор аз Ҷапаров дархост намуд, ки иттиҳомот алайҳи ӯ ва тарафдорона, ки гӯё бо роҳи тарсондан сари қудрат омаданд, тавзеҳ диҳад.

"Сару садоҳо дар мавриди он ки, гӯё ман бо роҳи таҳдиду зӯроварӣ сари қудрат омадам, нодуруст аст. Агар мо метарсондем ва таҳдид мекардем, президенти фирорӣ Жээнбеков барнамегашт. Мо ба ӯ пешниҳод кардем то биёяд ва мушкилиро аз роҳи қонунӣ ҳал кунем, нагузорем, ки корхонаҳо аз кор монанд ва иқтисодиёт сукут кунад.... Ҳамаи кор бо музокирот анҷоми. Касе дасту пойи ӯро тоб надода буд", - шарҳ дод Ҷопаров.

Сарвазир ҳамчунин таъкид намуд, ки баъзе одамон дидаву дониста маълумоти бардурӯғ паҳн мекарданд, ки гӯё ҷонибдорони ӯ аснои эътирозҳо сангу шиша ҳаво медоданд.

Ёдовар мешавем, дар Қирғизистон пас аз интихоботи парлумонӣ, ноамниҳо сар заданд ва дар фарҷом кишвардор Сооронбой Жээнбеков истеъфо дод.

1349
Барчаспҳо:
истеъфо, Сооронбой Жээнбеков
Учения спецслужб аэропорта по подготовке возможному прибытию инфицированных коронавирусом, в аэропорту Алматы, архивное фото

Афзоиши мубталоёни коронавирус дар Қирғизистон: аз 52 ҳазор гузашт

82
(Таҷдидшуда 15:37 18.10.2020)
Дар ин ҳафта дар Қирғизистон шумораи беморони коронавируси навъи COVID - 19 афзоиш кард. Аз замони ҳамагирии коронавирус то имрӯз дар кишвар 52 044 нафар гирифтори коронаврус шудааст

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Қирғизистон 554 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавируси навъи  COVID - 19 ба қайд гирифта шудааст.

Вирусро паҳн мекунад: пизишк номи "ашёи хатарноктарин" - и ҳифозатӣ аз COVID -19 - ро гуфт

Шумораи бештарини сироятшудагон дар вилояти Ҷалолобод ба қайд гирифта шудааст. Ин ҷо дар муддати 24 соати гузашта — 143 кас мубталои коронавирус шудааст. Омори дигар манотиқ чунин аст: вилояти Ӯш — 105, Ботканд - 90, Бишкек — 88, Ӯш — 38, вилояти Чуй - 46, вилояти Иссиқкӯл — 26, вилояти Норин — 6 ва вилояти Таласс — 12.

Давоми як моҳи гузашта теъдоди гирифторон дар Қирғизистон кам шуда буд, вале ин моҳ боз дубора авҷ гирифт. Сабаби дигари афзоиш ёфтани маризон ин гирдиҳамоиҳо ва тазоҳурот буд, ки дар паи норозигии мардум аз натоиҷи интихоботи парлумонӣ, сар зада буд.

Вазорат марги як тоҷикистонии дигар аз коронавирусро тасдиқ кард: 40 маризи нав

Аз замони ҳамагирии коронавирус то имрӯз дар Қирғизистон 52 044 нафар гирифтори коронаврус шудааст. 

Аз саршавии беморӣ то кунун 45 736 нафар ин бемориро ба хубӣ паси сар карданд.

Аз аввали ҳамагирӣ бошад дар Қирғизистон 1 111 кас қурбони ин вабои аср шудааст.

82
Барчаспҳо:
вируси нав, омор, Қирғизистон
ДТП в Санкт-Петербурге, на проспекте Косыгина

Боз садама дар тӯй: мошин бо домоди тоҷику арӯсаш ба истгоҳ бархӯрда, чаппа шуд

861
(Таҷдидшуда 21:25 21.10.2020)
Мошини Hyundai, ки ҳомили домоди тоҷику арӯсаш будааст, дар рӯзи тӯй дар шаҳри Санкт-Петербург дар истгоҳ чаппа шудааст

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Дар шаҳри Санкт-Петербург мошин аз қатори тӯёна дучори садама шуд, хабар медиҳад Сарраёсати ҳолатҳои фавқулодда.

Сонеҳаи нақлиётӣ тақрибан соати 15 дар хиёбони Косигин рух додааст. Тавре маълум шудаст, дар мошин домод аз Тоҷикистон ва арӯсаш аз Русия қарор доштаанд, ки дар роҳ ба идораи сабти издивоҷ қарор доштаанд.

Дар бораи тафсилоти садама ба “Фонтанка” ронанд ва дӯсти домод, Мӯъминҷон нақл кардааст.

“Мошини “Лексус” ранги сурхи чароғакро сарфи назар карда, ба пушти мошини мо бархӯрд. Дар натиҷа мошини мо “Ҷип”-ро харошида, чаппа гардид", - хабар додааст “Фонтанка” аз қавли дӯсти домод.

Ӯ афзудааст, ки хушбахтона дар ин ҳодиса касе осеби ҷиддӣ надид, аммо ҷуфти ҷавон натавонист ба идораи САҲШ расад.

Манбаъ таъкид кардааст, ки феълан таҳқиқи ҳодисаи мазкур аз ҷониби нозирони роҳ идома дорад.

861
Барчаспҳо:
садама, Русия