Нахуствазири нави Қирғизистон: ман ҳалол ва шаффофу озод кор мекунам

280
(Таҷдидшуда 14:20 11.10.2020)
Парламенти Қирғизистон Садир Ҷапаровро ба нахуствазирии ин кишвар интихоб кард

БИШКЕК, 11 окт — Sputnik. Нахуствазири ҷадиди Қирғизистон  ҳафтаи гузашта пас аз тасхири кохи давлатии ин кишвар ба дасти тазоҳуркунандагон, аз зиндон озод шуд.

Садир Ҷапаров дар соли 2017 ба ҷурми созмондиҳии раҳпаймоӣ ва гаравгонгирии остондори минтақаи Иссиқкӯл ба 11 - у ним соли зиндон маҳкум шуда буд.

Ҷапаров дар нишасти изтирории парламенти Қирғизистон барои мушаххас кардани нахуствазир гуфт, Сооронбой Жээнбеков Раисҷумҳурии ин кишвар низ ба маҳзи ин, ки намояндагони барнома ва сохтори давлатро тасвиб кунанд, омодаи истеъфо аст.

Хабари дигар аз Қирғизистон ин, ки комитети амнияти миллии ин кишвар эълом кард, Раисҷумҳури собиқ Алмосбек Отамбоев, ки шаби 6 октябр ба дасти гурӯҳҳои мӯътариз аз зиндони комитети амнияти миллӣ озод шуда буд, бори дигар боздошт шуд. 

Отамбоев дар чорчӯби парвандаи кайфарии созмондиҳии нобасомониҳои ҷамъӣ дар Бишкек боздошт шуд.

280
Барчаспҳо:
интихобот, парламент, нахуствазир, Қирғизистон
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото

Сабаб номаълум: парвозҳо миёни Душанбе ва Тошканд дубора ба таъхир афтоданд

373
(Таҷдидшуда 11:44 28.10.2020)
Парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз рўзи 20 марти соли ҷорӣ ба далели густариши вируси корона қатъ шуд ва марзҳои заминии ин ду кишвар низ баста боқӣ мемонад

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik.  Азсаргирии парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки қарор буд аз рӯзи 28 октябр оғоз гардад, дубора ба таъхир афтодааст.

Ба гузориши "Парс тудэй" дар истинод ба сомонаи Ахбори осиёи Марказӣ, мақомоти ин ду кишвар тавофуқ карда буданд, ки парвозҳои муназзам миёни Душанбе ва Тошканд рӯзҳои панҷшанбеи ҳар ҳафта анҷом шавад, ки акнун ин барнома ба таъхир афтодааст.

"Дар сомонаи ширкати ҳавопаймоии Ӯзбекистон фурӯши билет ба мақсади Душанбе ба баъд аз рӯзи 2 декабри соли ҷорӣ эълом шудааст", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Беш аз сад парвоз то охири моҳ: ҷадвали нави парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон

Бо ин ҳол, дар бораи иллати таъхири дубораи азсаргирии парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тавзеҳе ироа нашудааст.

Парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз рўз 20 марти соли ҷорӣ ба далели густариши вируси корона қатъ шуд ва марзҳои заминии ин ду кишвар низ баста боқӣ мемонад.

373
Новоизбранный премьер-министр Садыр Жапаров

Танҳо бо роҳи осоишта ҳал мекунем: роҳбари нави Қирғизистон ба қазияи марзӣ вокуниш кард

756
(Таҷдидшуда 16:47 26.10.2020)
Дирӯз КДАМ Тоҷикистон изҳор дошт, ки марзбонони қирғиз сокинони ноҳияи Исфараро зери ҳадафи тирашон қарор доданд

ДУШАНБЕ, 26 октября — Sputnik. Иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон Содир Ҷапаров дастур додааст, ки ҳалли масоили марзӣ бо Тоҷикистон тезонида шавад, хабар медиҳад дафтари матбуоти роҳбари кишвар.

Ҷапаров рӯзи душанбе бо роҳбари Хадамоти марзбонии кишвар Улуғбек Шаршеев мулоқот карда, масоили ба эътидол овардани вазъро дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ кардааст.

"Содир Ҷапаров таъкид кард, ки бояд масоили мавҷудаи марзиро бо кишварҳои ҳамсоя ҳарчи бештар ҳал кард. Вай таъкид кард, ки ба наздикӣ бо сафари чандрӯза ба вилоятҳои Бодканд, Ӯш ва Ҷалилобод меравад, то дар ҷойи қазия бо мушкилии мавҷуда ошно шавад", - гуфтааст намояндаи котиботи роҳбари кишвар.

Раиси хадамоти марзбонӣ ба иҷрокунандаи вазифаи раёсати ҷумҳурӣ гуфтааст, ки дирӯз дар вилояти Ботканд қазияи дигаре бо истифодаи яроқи оташфишон рух дод.

Раҳбари ВУХ Қирғизистон бо сафири тоҷик масъалаи марзро баррасӣ кард

Ба гуфтаи вай, шаҳрвандони Тоҷикистон дар мавзеи баҳснок бо таъмири қубури обгузар машғул буданд ва ба талаби марзбонони қирғиз вокуниш накарданд ва бо ҳамин далел ду тир ба ҳаво кушода шудааст.

Пештар дафтари матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон моҷарои 25 октябр дар марз ва тирпаронии сарҳадбонҳои қирғизро шарҳ доданд. 

КДАМ таъкид кардааст, ки ин қитъа қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, марзбонон ба ҷониби сокинон тир кушодаанд, ки иғвогарии навбатии марзбонони қирғиз ба мураккаб намудани вазъият дар хатти сарҳади ду давлат равона гардидааст.

Ҷапаров аҳамияти ҳалли масъалаи муайянсозӣ ва аломатгузории марзро танҳо бо роҳи гуфтушуниди осоишта қайд кардааст.

"Мушкилие нест, ки ҳал нашавад. Ҳамагуна масъаларо метавон бо роҳи гуфтушуниди осоишта ҳал кард", - таъкид кардаст Ҷапаров.

Ба гуфтаи вай, "ҳалли ин гуна масъалаҳоро бояд тӯл накашид, то дар оянда аз ин гуна қазияҳо пешгирӣ шавад, сокинони минтақаҳои марзӣ бояд дар фазои осоишта ба сар баранд".

Ҳодисаи 25-уми октябор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон нахустин нест. Пештар низ танишҳои марзӣ буданд ва дар натиҷа чанд нафар қурбон низ гаштанд.

Сабаби асосии ин ҳодисаҳо - ин минтақаи муайянношудаи марзист. Тӯли марзи Тоҷикистону Қирғизистон 980 километрро ташкил медиҳад, ки аз он 450 километраш муайян ношуда аст.

 

756
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров

Лавров пас аз алоқа бо маризи COVID - 19 хонашин шуд

0
(Таҷдидшуда 13:03 28.10.2020)
Ҳамаи вохӯриҳо ва сафарҳои вазири умури хориҷаи Русия, Сергей Лавров ба таъхир гузошта шуд. Феълан аҳволаш хуб аст

ДУШАНБЕ, 28 окт – Sputnik. Вазири умури хориҷаи Русия, Сергей Лавров пас аз суҳбат бо нафари сироятшуда аз коронавирус, хонашин шуд, хабар медиҳад ВКХ ФР.

Вазорати умури хориҷаи Русия, қайд карда, ки айни замон аҳволи вазир хуб аст.

Қайд мешавад, ки ба далели хонашинӣ, ҳамаи вохӯриҳо ва сафарҳои вазири умури хориҷаи Русия, Сергей Равров ба таъхир гузошта шуданд.

Дар баробари ин гуфта нашудааст, ки вазир кай ва бо кӣ суҳбат кардааст.

Сергей Лавров рӯзи 21 март 70-сола шуд. Ӯ аз рӯи синну сол  ба гурӯҳи хавфи баланд, дохил мешавад.

Тибқи фармони амалкунанда, ашхоси синнашон аз 65 боло бояд ба кори фосилавӣ гузаронида шаванд.

Бо вуҷуди ин, вазири корҳои хориҷии Русия фаъолона кор мекарду мулоқот бо ҳамкорон ва боздид аз дигар кишварҳоро идома медод.

Аз ҷумла, 26 октябр Лавров бо сафари расмӣ ба Юнон рафт ва аллакай рӯзҳои 28-29 октябр ӯ бояд ба Сербия сафар мекард.

0
Барчаспҳо:
алоқа, вируси корона, Сергей Лавров
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон